Дар партави Паёми Президент

Истифодаи омилҳои судманд дар пешгирии амалҳои ҷиноятӣ

№15 (3316) 02.02.2015

Вобаста ба мураккаб шудани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, авҷ гирифтани терроризм ва ифротгароӣ ва ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтани он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) ба роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ супориш доданд, ки ҷиҳати таъмини амнияти давлату ҷомеа, баланд бардоштани  иқтидори мудофиавии мамлакат тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи пешгирии амалҳои ҷиноятӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор намудан, ба ҷавобгарӣ кашидани шахс ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодаанд. Нисбати солҳои қаблӣ бештар ошкору  кушодашавии ҷиноятҳо аз баланд гаштани сатҳи касбият ва масъулияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ шаҳодат медиҳад. Дар давоми соли 2014 аз ҷониби гурӯҳҳои фаврӣ- ҷустуҷӯйии мақомоти корҳои  дохилӣ 548  ҷинояти солҳои пешин  содиршуда, аз ҷумла 25 ҳолати қатл, ду ҷинояти таҷовуз ба номус, 18 муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, 159 дуздӣ, 11 роҳзанӣ, 88  қаллобӣ ошкор карда шудааст.

Ҳисси баланди масъулиятшиносии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ буд, ки соли гузашта 26 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 130 нафар  барои содири 168 ҷиноят дастгир  гардиданд.

Беҳтар гаштани робитаи мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа низ ба пешгирӣ ва ошкор намудану ба ҷавобгарӣ  кашидани ҷинояткорон мусоидат намуд. Соли гузашта аз 24 муроҷиати шаҳрвандон тариқи телефони боварии вазири корҳои дохилӣ 16 ададаш ва 692 хабар дар самтҳои гуногун тасдиқи худро  ёфтанд.

Бо вуҷуди андешидани тадбиру чораҳои мушаххас оид ба пешгирии амалҳои ҷиноятӣ ҳанӯз камбудиҳо ҷой доранд ва боиси нигаронӣ мебошанд. Бахусус ҳодисаҳои ба ҷиноят даст задани ноболиғон сол то сол зиёд мегардад.

Соли гузашта аз ҷониби ҷавонону ноболиғон 6191 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб 800 ҷиноятро ноболиғон содир кардаанд, ки нисбат ба соли 2013- ум 75 адад зиёд мебошад.

Аз ин шумора 181  нафарашонро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил медиҳанд. Ҳамчунин 580 нафар ноболиғоне даст ба ҷиноят задаанд, ки ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) зарурати баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонро чунин таъкид намуданд: «Баробари таълим масъалаҳои тарбияи наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани онҳо  ниҳоят муҳим мебошад».

Дар ташаккули насли наврас таълим ва тарбия таъсир ва нақши асосӣ дорад. Ин ҳар дуро наврас дар оила, мактабу ҷомеа мегирад.

Рӯй додани ҳодисаҳои нохуш, даст ба ҷиноят задани наврасон натиҷаи бепарвоӣ ва бемасъулиятии волидайн ва муассисаҳои таълимӣ мебошад. Тавре аз маълумоти омории Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум мегардад, аз 550 ҳодисаи  худкушӣ ва сӯиқасд ба худкушӣ 95 нафари онҳоро ноболиғон ташкил медиҳанд. Аз ҷониби кормандони мақомоти  корҳои дохилӣ 282  ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таълимоти  ҳатмӣ муайян ва ошкор шудааст.

Инчунин ҳолатҳое ошкор мешаванд, ки  дар баъзе муассисаҳои таълимӣ ба рафтору кирдори хонандагон назорати қатъӣ намебаранд. Аз ин сабаб муноқишаҳои гурӯҳӣ байни хонандагон ба амал меоянд, ки боиси бардоштани ҷароҳати вазнини  ҷисмонӣ ва содири ҷинояти вазнин мегарданд.

Дар таълиму тарбияи насли наврас мактаб ва омӯзгорон низ масъуланд. Ин масъулияти  омӯзгорро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ таъкид кардаанд: «Яъне, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва  шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва  ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба  камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст».

Барои пешгирии амалҳои ҷиноятӣ, риояи низоми талаботи қонунгузорӣ аз омилҳои зиёде истифода бурдан лозим аст. Бахусус масъалаи таълиму тарбияи насли наврас тақозо дорад, ки мақомоти дахлдор дар ҳамбастагӣ бо аҳли ҷомеа фаъолияти худро ба роҳ монанд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»