Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№19 (3320) 12.02.2015

9 феврали соли равон дар ҷараёни пешбурди фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манзили истиқоматии шаҳрванд Сардоров Латиф, соли таваллудаш 1955, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Чуқураки Болои деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Ҳисор ду адад таппончаи тамғаи Макаров, чор тирдон, 51 дона тир, як адад  запали  таркандаи норинҷаки дастиро дарёфт ва мусодира намуданд.

Мутобиқи нишондоди Сардоров Латиф силоҳ ва лавозимоти ёфтшуда ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович, соли таваллудаш 1960, зодаи деҳаи Чуқураки Болои деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Ҳисор, маълумоташ олӣ, оиладор, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Точикистон, мушовири сиёсии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, узви Комиссияи марказии  интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Яккачинор, бинои 142/2, ҳуҷраи 18 тааллуқ доранд.

Тибқи нишондоди шаҳрванд Сардоров Латиф, аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо собиқаи 22-солаи узвият Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович, соли 1996-ум ду адад таппончаи тамғаи Макаров, чор тирдон, 51 дона тир, як адад запали таркандаи норинҷаки дастиро ба ҳамсоя ва дӯсти содиқаш Сардоров Латиф ғайриқонунӣ дода, хоҳиш кардааст, ки дар ягон махфигоҳ онҳоро пинҳон намояд.

Иловатан соли 2012 Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович Сардоров Латифро таъкид кардааст, ки  лавозимоти ҷангии номбурдаро боэҳтиёт нигоҳ дорад, зеро онҳо лозим хоҳанд гашт.

Дар давоми ин солҳо шаҳрванд Сардоров Латиф маводи мазкурро пинҳон намудааст.

Нисбати ҳодисаи ошкоргашта дар асоси моддаи 195, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Бо гумонбарӣ дар содир намудани ҷинояти мазкур шаҳрванд Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович боздошт шуд. Тафтишоти пешакӣ идома дорад.