Иззат Амон кист, сиёсатмадор ё тоҷир?

№82 (3228) 24.07.2014

Аз замони истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон ҳанӯз чоряк аср сипарӣ нагардидааст. Аммо дар ин давраи на чандон тӯлонӣ, кишвари мо тавонист баъзе «сиёсатмадор»-ҳоеро кашф намуда, рӯйи кор орад, ки шояд дар дигар кишварҳо вуҷуд надошта бошанд. Солҳои охир бошад, баъзе инсонҳое даъвои сиёсату сиёсатбозӣ карда истодаанд, ки дар асл бӯе аз сиёсат набурдаанду бо хондани чанд китоб дар бораи сиёсату дипломатия аз худ беҳтарин дипломату нобиғаи аср месозанд. Ғайр аз кору фаъолияти на чандон муассири худ, хизматҳои дигаронро ба назар намегиранд. Инсоне, ки аз чеҳраи аслии онҳо воқиф нест, аз тарзи суханронию ҳарфзаданҳояшон гумон мекунад, ки танҳо онҳо дар фикру андешаи пеш рафтани ин миллату давлатанд, агар эшон набошанд, давлат несту нобуд ва миллат пароканда мешавад.

Яке аз чунин нафарони худхоҳу мағрур ва шефтаи молу мулк, давлату сарват Иззат Амон мебошад. Номбурда чанд сол пеш хост, ки бо ташкили ҳизбаш дар кишвар мардумро бифиребаду аз ин ҳисоб зиндагии худро пеш барад. Вале кораш омад накарду натавонист ҳизби худро дар Вазорати адлия номнавис намояд. Пас аз ин ризқашро аз кисаи муҳоҷири бечораи сарсони тоҷик ёфтанӣ шуд ва бо ҳамин ният ҷониби Федератсияи Россия роҳ пеш гирифт. Алҳол он ҷо бо ташкили Иттиҳоди ҷавонони тоҷик чанд ҳамватани худро фиреб дода, зиндагиашро пеш бурда истодааст. Акнун чандест, ки ба Тоҷикистон омадаасту худро ҳамаҷониба таблиғ менамояд.

Чанде пештар мавсуф дар сомонаи «Озодагон» мусоҳибае анҷом додааст. Дар ин мусоҳиба дар қатори дигар сафсатаҳои худ ба масъалаи интихоботи парлумоние, ки дар назар аст соли 2015 дар кишвар сурат гирад, дахл кардааст. Вай ба саволи журналист дар хусуси нақшаҳояш оид ба интихоботи парлумонӣ чунин даъво кардааст: «Барои мо барои иштирок дар ягон маъракаи сиёсии Тоҷикистон имкон набуд, вале мо тамоми талоши худро мекунем, то иштирок намоем. Ҳоло вобастагӣ ба худи Ҳукумати Тоҷикистон дорад, ки моро бо кадом унвон қабул мекунад. Ман мутмаинам, ки агар як интихоботи озоду шаффоф баргузор шавад, мо чӣ ба унвони номзади худпешниҳод ё номзади ягон ҳизб овози зиёди мардумро ба даст меорем. Агар ба шарте шаффоф гузарад».

Аҷиб аст, инсоне, ки то ҳол ғайр аз худ ва чанде аз пайвандонаш каси дигаре дар бораи фаъолият ва хизматаш ҳарфе ба забон намеорад, аз худ чунин шукӯҳу шаҳомат намоиш доданӣ мешавад. Маълум аст, ки бо қанд гуфтан даҳон ширин намешавад. Бо дурӯғ аз хизматҳои худ ном бурдан гумон аст, ки дар ҷомеа шахси шинохта шавӣ. Тавре маълум аст, айни замон дар Федератсияи Россия бештар аз як миллион нафар муҳоҷири меҳнатӣ қарор дорад ва метавон гуфт, ки 99 фоизи онон шахсеро бо номи Иззат Амон намешиносанд ва дар бораи иттиҳодияи ӯ тамоман тасаввурот надоранд. Ба қавли нафароне, ки солҳо дар Россия кору фаъолият карда истодаанд, ҳатто як нафар ҳам аз ҷавонони зодаи вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ аз вай ва ҷамъияташ огоҳӣ надорад ва ба онҳо заррае кумак низ накардааст.

Онҳо мегӯянд, ки Иззат Амон дар Федератсияи Россия низ ба маҳалгароӣ машғул шуда, танҳо бо чанд ҷавони водии Рашт, ки шояд бо ӯ дар ин кишвар дар як кӯчаю як бино зиндагонӣ доранд, ҳамкорӣ менамояду халос. Аз ин ҷиҳат ӯро ба ин вазифаи бемантиқ маълум нест, ки кӣ интихоб намуда бошад?

Дар ҷойи дигар гуфтааст: «Мо барномаҳои ҳармоҳаи худро низ дорем, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро паҳн мекунему мегӯем чӣ корҳоеро ба сомон расонидаем ва албатта, баҳои ин ҳамаро миллат медиҳад. Ин ҳамаро мо ба хотири таърифу таҳсин шунидан намекунем. Мақсади мо баланд бурдани номусу шараф ва эътибори тоҷикон дар Россия аст».

Маълум нест, ки Иззат Амон чӣ гуна барномаҳоеро барои хуб шудани вазъияти муҳоҷирон рӯйи даст дорад, зеро ғайр аз худаш нафари дигаре дар бораи онҳо маълумот надорад. Оё беҳтар нест, ки воқеан ҳам барномаҳояшро пешкаш мекард (агар онҳо вуҷуд дошта бошанд), то мардум аз наздик шинос шаванд. Вале, тавре мегӯянд: «аз дур давлатдорӣ осон, гап задан роҳат аст».

Маълум, ки аз Иззат Амон сиёсатмадор ё дипломат намебарояд ва ӯро на парвои миллат асту на парвои давлат. Ягона ҳадафи ӯ ҷамъоварии пулу мол, сарвату давлат мебошад. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо месазад ҳамон суханонеро, ки чанде пештар вобаста ба дороии худ гуфтааст, пешкаши хонандагон кард: «Ман як хонаи дуошёна дар шаҳр дораму як мошин. Дар Москва як хонаи дуҳуҷрагӣ дораму як мошину як офис. Хонаи дуошёнаам дар Душанбе иборат аз 8 ҳуҷра- 5 -тоаш дар табақаи якум, 3 -тои дигараш дар табақаи дуюм ҷойгир аст».

Асад Аҳлиддинов