Кӯлоб. Таъминот бо оби ошомиданӣ беҳтар мешавад

№148 (3785) 14.12.2017

- Таъминоти кӯчаю маҳаллаҳои шаҳру деҳоти шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокӣ дар қиёс ба солҳои қабл хеле беҳтар шудааст. Сармуҳандиси Корхонаи обу ташноби шаҳр Сафар Мардонов гуфт, ки шумораи обанборҳои дар ихтиёрдоштаи корхона 18 ададро ташкил медиҳанд, ки 26 ҳазору 500 м3 ғунҷоиш доранд. Кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр асосан аз се манбаъ — «Ҷангалак», «Тебалай» ва иншооти обтаъминкунии деҳаи «Панҷсола» тавассути чаҳор пойгоҳ обёрӣ мешаванд, — изҳор дошт номбурда.

Қариб 96 дарсади сокинони шаҳр мувофиқи реҷаи муқарраргардида пурра бо оби нӯшиданӣ таъминанд. Албатта, ҳастанд маҳаллаҳое, ки бо сабаби ба шабакаҳои обтаъминкунии шаҳр пайваст набудан аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд, аммо мутасаддиён азм доранд, ки дар оянда бо беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ мушкилиҳоро бартараф созанд.

Масъулони соҳа мегӯянд, ки дар шаҳри Кӯлоб умуман обҳои ирригатсионӣ вуҷуд надоранд. Дарвоқеъ, қариб 40 дарсади оби нӯшокии корхона дар фасли гармо барои гулу дарахтони ороишии дохилу ҳудуди шаҳр истифода мешаванд, ки ин ҳолат баъзан мӯҷиби норасоии об дар бархе аз маҳаллаҳо мегардад. Раиси шаҳри Кӯлоб гуфт, ки барои обёрии гулу дарахтони ороишии шаҳр чоҳҳои амудӣ бояд кофт. Танҳо ба ин васила метавон исрофи оби нӯшокиро ҷилавгирӣ кард.

- Бо ҳадафи боло бурдани сатҳи хизматрасонӣ ва имкону шароити обтаъминкунӣ мо кӯшиш дорем чоҳҳои амудиеро, ки солҳои пеш сохта шудаанду аз истифода бозмондаанд, дубора барқарор намоем. Феълан панҷ чоҳро таҷдид намуда, мавриди истифода қарор додем. Масалан, дар хиёбони Исмоили Сомонии маркази шаҳр чоҳе мавҷуд аст, ки солҳо боз истифода намешуд. Ҳоло онро мавриди истифода қарор додем ва маҳаллаҳои «Суғдиён», «Куҳнашаҳр» ва атрофи онҳо бо об таъмин гардидаанд. Дар маҳаллаи 1-уми май низ як чоҳ таҷдид ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар 24 соат 600 м3 оби нӯшиданӣ ихроҷ мекунад, — тазаккур дод С. Мардонов.

Имсол ба хотири беҳсозии таъминот бо оби ошомиданӣ дар деҳоти «Зиракӣ» ва «Даҳана»-и шаҳри Кӯлоб татбиқи лоиҳаи «Таъмини устувории тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ», ки сармоягузораш Бонки рушди Осиё мебошад, оғоз гардид. Баробари пурра амалӣ шудани он танқисии сокинони деҳот аз оби нӯшокӣ рафъ мегардад.

Ёқуби Содиқ, «Садои мардум»