Кабӯтарони Душанбе ба ғамхорӣ ниёз доранд

№19-20 (3656-3657) 21.02.2017

1385535435_golubiЧаро кабӯтарон аз мо метарсанд? Чаро дар Душанбе кабӯтарон бо одамон хӯ намегиранд? Чаро ин парандагони зебо села-села даври фаввораву майдону гулгаштҳои шаҳр намешинанд ва аз дасти мо ғизо намехӯранд? Магар онҳо моро бад мебинанд ва ё  дар симои мо душмани худро мешиносанд?

Роҳ. Садои ҷавонмарде  андешаҳои маро бурид.

- Ака, кафтар намехарӣ? – аз ин саволи ногаҳонӣ ҳайратзада ба сӯи он ношинос нигаристам.

- Мехарам!

- Ана! – аз халтае кафтари беҷони бекалаи парнакандаеро бароварда, ба ман дароз кард, — донааш даҳ сомонӣ!

Аз дидани ин ҳол ҳуш аз сарам парид, дилам хун шуд.

- Чаро сари кафтарро кандӣ?! – беихтиёр  пурсидам.

- Шаб ба боми завод баромада, панҷоҳ кафтар ҷамъ кардам, чилтоашро фурӯхтам, даҳтоаш монд, хайр, ту ҳафтсомонӣ деҳ, ман розӣ!

- Аз боми кадом завод ин бечораҳоро шикор кардӣ?

- Э, ака, ангура хӯру боғашро напурс, ба ту чӣ фарқ дорад, ки ман аз кадом завод инҳоро қапидам.

Гап задан бо он ҷавонмард бефоида буд, вай заррае ба кафтар тараҳҳум надошт. Ба назараш он парандаи зебо порае гӯшт ва даромади муфт метофт.

Одамони пешина мегуфтанд, ки кафтар парӣ дорад. Фалонӣ ба ғори Кафтархона шикор рафту ба ғазабӣ париҳо гирифтор шуда, ба балои азим мубтало гашт. Онҳо бо ин гуфтан мехостанд, ки кабӯтаронро маёзоред, ин парандагони хушбол безарару зеби табиат ҳастанд.

Воқеан ҳам, кабӯтарон зеби шаҳрҳои дунё ҳастанд. Онҳо аз ҷониби одамон меҳрубонӣ мебинанду дар майдону даври фаввораву гулгаштҳо нотарсона шинухез менамоянд. Одамон ба тамошои онҳо омада, ҳамроҳи худ барояшон ғизо меоранд. Дӯст доштани парандагон, хоса кабӯтарон, ба як ҷузъи фарҳанги онон мубаддал гаштааст.

Кабӯтарон қосидони сулҳ ҳастанд. Ҳузури онҳо, иртибот доштан бо онон ба инсон шодиву тараб меорад. Тасаввур кунед, ки дар Боғи Рӯдакӣ дар давру бари муҷассамаи ин сипаҳсолори шеъру адаби мо кабӯтарони рангобарангу хушпарубол шинухез мекунанду мо аз тамошои онон лаззат мебарем. Ҳамроҳи фарзандони худ сайр карда, ба онҳо ғизо медиҳем. Ба ин восита дар дили фарзандонамон эҳсоси меҳрубонӣ, ғамхорӣ, муҳаббат ба ин парандагони лоуболро бедор месозем.

Ба ҷуз ин меҳмонону сайёҳоне, ки ба пойтахти мо меоянд, аз тамошои ин манзараи зебо хушҳол мегарданд. Онон баробари тамошои биноҳои хуштарҳи маркази Душанбе, бо фарҳанги волои мо ошно мегарданд ва ин хотироти ширини худро ба ватанашон бурда, дар таблиғи суннатҳои милливу кишвари афсонавии мо саҳм мегиранд.

Дар Душанбе одамони зиёде зиндагӣ мекунанд, ки онҳоро кафтарбоз мегӯянд. Кафтарбозон касоне ҳастанд, ки ҳаёти худро, хонаи худро бе ин мурғакон тасаввур карда наметавонанд. Барои онон лона месозанд, аз парвозашон, чархидану рақсиданашон дар фазо фараҳманду шод мегарданд.

Кабӯтарони дастомӯзи кафтарбозҳо ба соҳибонашон эътимоду муҳаббат доранд. Вақте парандае ба инсон бовар мекунад, ба он маъност, ки мо дили бекинаю пок дорем. Дӯст доштани паранда майл доштан ба зебоист. Инсоне, ки мурғакеро намеозорад, ҳеҷ гоҳ ба касе бадӣ карда наметавонад.

Ба ёд оред, ки дар гузашта кабӯтарон нақши хаткашонҳоро низ иҷро мекарданд. Онҳо номаҳои ошиқонро ба маъшуқ, пайғоми дӯс­тонро ба ҳамдигар мерасонданд. Ҳатто шоҳон аз ин воситаи дар замон хуби хаткашонӣ истифода мебурданд.

Чӣ кор кунем, ки эътимоди ин қосидони сулҳу ишқу зебоиро ба даст орем? Аввал муносибати худро ба муҳит ислоҳ созем. Ҳамин ки тасодуфан кафтаре ба хонаамон даромад, онро доштаву пар канда, ба дег наандозем, балки бо меҳрубонӣ озод созем. Агар дар боғу гулгашту майдонҳо маконе барои ғизодиҳии парандагон омода созем, онҳо кам-кам ба мо одат мекунанд, рӯзе аз дастамон ҳам ғизо мехӯранд. Он гоҳ кабӯтарон ҷое дар зиндагии рӯзмарраи мо пайдо менамоянд ва села — села давру бари мо мечарханд.

Мубаддал гаштани гулгашту хиёбон ва майдонҳои Душанбе ба ҷои гаштугузори кабӯтарҳо шаҳри моро зеботар месозад.

ВОРИС