Кафили устувории ҷомеа

№73 (3219) 04.07.2014

Ваҳдати миллӣ кишвари моро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшида, бори дигар ба ҷаҳониён халқи сулҳдӯсту сулҳпарвар будани тоҷиконро исбот кард. Аз ин ҷост, ки сулҳи миёни тоҷиконро роҳбарони як қатор давлатҳои абарқудрат ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таҷрибаи беҳтарини хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба  Ваҳдати миллӣ маънидод кардаанд. Натиҷаи ҷоннисориҳои Роҳбари кишвари тоҷикон буд, ки Тоҷикистон рӯз то рӯз ободу зебо гашта истодааст.

-Тоҷикистон дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ муайян шудааст. Аз ин рӯ, аз ҷониби Ҳукумат ба ин соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ҳамасола барои дастгирии ятимону бепарасторон ва дигар ашхоси ниёзманд кумакпулиҳои зиёди иҷтимоӣ равона гардида, онҳо зери парастории доимии Давлату Ҳукумат қарор доранд.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи тамоми ҷашну идҳо нафарони ниёзмандро аёдат намуда, кумак мерасонад ва дигар шахсонро ба ин гуна амалҳои хайру савоб ҳидоят менамояд. Ҳамасола зиёд шудани нафақа ва дигар кумакпулиҳои иҷтимоӣ гувоҳи ин гуфтаҳост,-гуфт дар суҳбат бо мо  сардори Раёсати таъинот ва назорати пардохти нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳаким Исматов.

Номбурда дар идома афзуд, ки  имрӯз теъдоди нафақахӯрони ҷумҳурӣ 616528 нафар буда, 167 851 нафари онҳо маъюб мебошанд. Соли 2004 ҳадди ақали нафақа дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 12 сомонӣ ва нафақаи миёна 28 сомониро ташкил медод. Айни ҳол ин нишондиҳанда мутаносибан 130 сомонӣ ва 228 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба даҳ соли пеш зиёда аз даҳ маротиба зиёд мебошад.

Тавре аз Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, соли равон маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 54,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад, ки ба 7,7 миллиард сомонӣ баробар мебошад.

Сиёсати пешгирифтаи Давлату  Ҳукумати кишвар дар соҳаи иҷтимоӣ ва корҳои назарраси дар ин соҳа анҷомёфтаро метавон натиҷаи Ваҳдати миллӣ арзёбӣ намуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»