Корномаи далерони Ватан

№66 (3367) 09.05.2015

Таърихи инсоният амсоли Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 тӯлонӣ, миқёсан калон, бераҳмона ва мудҳишро ёд надорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон ба муносибати 60-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зикр намуданд: «Инсоният дар тамоми давраи таърихиаш ҳаргиз чунин ҷанги даҳшатноку харобиоварро, ки 1418 рӯзу шаб давом намуд, аз сар нагузаронда буд. Бештар аз 110 миллион нафар аскарону афсарон ба ҷабҳаҳои ҷанг сафарбар карда шуда буданд, ки қариб 30 миллион нафарашон дар майдони муҳориба ҳалок шуданд».

Ин ҷанге буд, ки қариб тамоми ҷаҳонро бевосита ё бавосита фаро гирифт. Рӯзи таҷлили 65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон зикр карданд, ки «72 давлати хурду бузург ба гирдоби ҷанг кашида шуд».

Аз ин рӯ, онро Ҷанги дуюми ҷаҳон низ меноманд. Германияи фашистӣ, ки он замон аз лиҳози таъминот бо техникаи ҳарбӣ пурқувваттарин давлат ба шумор мерафт, субҳи якшанбеи 22 июни соли 1941 бо тамоми иқтидори ҳарбиаш аҳдшиканона ба СССР ҳуҷум кард. Гитлер ба ин ҳуҷум 190 дивизия, зиёда аз чор ҳазор танк, 47 ҳазор яроқи вазнин, панҷ ҳазор самолёт ва 200 киштиро сафарбар намуда буд. Ин рақамҳо худ аз иқтидори бузурги ҳарбии Германия дар он замон дарак медоданд.

Дар он шабу рӯз давлате, ки дар муқобили чунин иқтидор истодагарӣ карда тавонад, вуҷуд надошт.

Аз ин ҷост, ки баъди ҳуҷуми Германия ба СССР ҷаласаи роҳбарияти ҳарбии ИМА баргузор гардид, ки дар он сардори штаби армия генерал Д.Маршал баромад карда гуфта буд: «СССР, агар бисёр дер давом кунад, дар се моҳ таслим хоҳад шуд».

Воқеан ҳам вазъияти СССР чандон хуб набуд. То замони ҳуҷум ба СССР Германияи фашистӣ 12 давлати аврупоӣ – Австрия, Чехословакия, Албания, Полша, Дания, Норвегия, Белгия, Голландия, Люксембург, Франсия, Югославия ва Гретсияро таҳти тасарруфи худ дароварда буд. Франсия барин як давлати абарқудрат ҳамагӣ дар давоми чилу чор рӯз ҷангро бохт. Аз ҷониби дигар, Япония, ки қисмати бештари минтақаҳои Хитойро ғасб карда буд, аз Шарқи Дур ба муқобили СССР омодагии ҷангӣ мегирифт. Агар ин ҳамаро ба тарозуи ақл баркашем, мо ҳам ба хулосаи генерал Маршал розӣ мешудем.

Моҳи майи соли 1941 (дар Лондон) Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва моҳи июни ҳамон сол (дар Вашингтон) ИМА бо СССР Шартномаи муборизаи якҷоя ба муқобили Германияро ба имзо расониданд. Агар гӯем, ки шартномаи мазкур дертар ба таъсиси иттиҳоди зиддигитлерӣ роҳ кушод, хато нахоҳад шуд, зеро то охири ҷанг ба ин иттиҳод 56 давлати ҷаҳон ҳамроҳ шуда буд. Вале ин ҷо гап сари давлатҳое меравад, ки аз аввалинҳо шуда, ба ин шартнома имзо монда буданд – ИМА, Британияи Кабир ва Канада. Ин се давлат аз ҷиҳати моддиву маънавӣ ба СССР кумак мекарданд, аммо барои бевосита ширкати ҳарбӣ варзидан дар ин ҷанг ҳанӯз истиҳола менамуданд. Боварӣ надоштанд, ки СССР ғалаба мекунад, яъне метавонистанд, ки вобаста ба вазъият мавқеашонро тағйир диҳанд.

Моҳи июни соли 1942 (дар Москва) миёни СССР, ИМА ва Британияи Кабир боз як шартнома – оид ба кушодани ҷабҳаи (фронти) дуюм аз Аврупо ба имзо расид, вале он дар рӯи коғаз монд. Барои чӣ? Барои он ки тақдири СССР ҳанӯз маълум набуд. Баъди чанд рӯзи имзои ин шартнома муҳосираи Ленинград оғоз шуд, ки аз 10 июли соли 1941 то 9 августи соли 1944 (900 рӯз) идома ёфт. Дар таърих муҳосираи Ленинград ҳамчун шадидтарин ва бераҳмонатарин солҳои ҷангӣ ёд мешавад. Истодагарӣ, пуртоқатии лашкари советӣ дар Ленинград фашистонро ҳам рӯҳан ва ҳам ҷисман шикаст дода, нахустин шуълаҳои умеди ғалабаро дар қалби иштирокчиёни ҷанги зиддигитлерӣ фурӯзон кард. Дар муҳосираи Ленинград ҷамъулҷамъ 632253 нафар қурбон шуданд, вале он тақдири ҷангро ҳал кард.

Баъди Конференсияи Теҳрон ҷабҳаи дуюми ҷанг аз ҷониби Англия ва Амрико дар Аврупо аз (Франсия) соли 1944 кушода шуд ва иттиҳоди зиддигитлерӣ мустаҳкам гардид. Акнун бохти Гитлер дар ҷанг ногузир гардид.

Яке аз омилҳои асосие, ки сарфи назар аз шароити номусоиду нобаробари ҷанг аскарону афсарони советиро рӯҳбаланд мегардонид, меҳнати шабонарӯзии заҳматкашон дар ақибгоҳ буд. Занону духтарон ва ҳатто бачаҳои 10-15-сола ҳам ба хотири Рӯзи Ғалаба нимсеру нимгурусна заҳмат мекашиданд ва тамоми бозёфташонро ба фронт мефиристоданд.

Дар китоби «Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 1941-1945» оид ба кумакҳои заҳматкашони Тоҷикистон ба ҷанг борҳо ёдоварӣ шудааст. Маълумотномаҳои китоби мазкур асосан аз рӯзномаҳои марказии дар давраи ҷанг нашршуда гирдоварӣ шудааст. Аз ҷумла мехонем, ки дар рӯзномаи «Правда» аз 5-уми сентябри соли 1941 чунин хабар чоп шудааст: «Меҳнаткашони РСС Тоҷикистон ба Фонди мудофиа 6 миллиону 178 ҳазор рубл ва ба маблағи 20 миллиону 376 ҳазор рубл коғазҳои қиматнок кумак карданд». Ё худ:

«Колхозчиёни РСС Тоҷикистон барои сохтмони колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» 67 миллион рубл гузарониданд» («Правда», аз 28-уми декабри соли 1942).

-«Меҳнаткашони Тоҷикистон ба тариқи илова ба маблағи пеш аз ин супурдаашон барои сохтмони колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» боз 14 миллион рубл гузаронданд»…

Дар ин китоб боз оид ба кумаки мардуми мо барои сохтмони эскадрилияи авиатсионии «Тоҷикистони Советӣ» (ҷамъ ба маблағи 120 миллион рубл) ва фиристодани як миллион ҷуфт мӯзаҳои пашмин, сеюним миллион ҷуфт ҷӯроб, се тонна собун ва ғайраҳо маълумоти саҳеҳ дода шудааст. Вақте мо ин гуна маълумотҳоро дастрас мекунему мехонем, дар дил аҳсант мегӯему фахр мекунем аз мардуми худ.

Тоҷикистон дар давраи ҷанг на танҳо ба фронт кумаки пулию молӣ мерасонид, балки ятимону маъюбон, мардону занони шаҳрҳои гуногуни гирифтори ҷангро ба оғӯш мегирифт: «Тоҷикистон барои мардуми минтақаи ҷангзада паноҳгоҳ гардида буд. Аз як қатор ҷумҳуриҳо, ки дар гирдоби ҷанг монда буданд, зиёда аз 40 ҳазор нафар одамон, аз ҷумла қариб 10 ҳазор кӯдакро кӯчонда оварда буданд. Халқи тоҷик  онҳоро хуш қабул намуда, бо ғамхорӣ фаро гирифт» (аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни 65-солагии Рӯзи Ғалаба).

Танҳо дар давоми тобистону тирамоҳи соли 1941 аз Россия ба Тоҷикистон 1300 корхонаи хурду калон кӯчонда шуда буд, ки дар онҳо намояндагони қариб ҳамаи миллатҳои СССР барои фронт кору фаъолият мекарданд.

Ҷанги дуюми ҷаҳон мардуми тамоми оламро ҳушдор дод, ки ба муқобили ҳама гуна хатарҳои ҷаҳонӣ муттафиқ бояд бошанд.

Намояндагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои фронт на танҳо мардон, балки занон ҳам буданд. Лётчикдухтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷоноваро, кӣ намешиносад! Ин духтари ҷасуру далери Ватан соли 1943-юм 93 маротиба парвоз карда, ба қисмҳои ҳарбии душман зарба задааст ва бо ордени Ленин мушарраф гардидааст. Аз шумори занон боз нуҳ нафар тоҷикдухтарон дар ҷанг ба сифати нишонзан (снайпер), чандин нафари дигар ба сифати духтур, ҳамшираҳои шафқат дар муҳорибаҳо ширкат варзиданд, ки Назира Умарова, Саодат Алибекова, Раъно Ёқубова, Шаҳрӣ Ҳайдарова аз ҷумлаи онҳоянд.

Лётчик-штурман-разведкачӣ Ҳикматулло Азимов низ (аз ноҳияи Муъминобод) ҳамшаҳрии мост. Имрӯз муайян шудааст, ки аз миёни зиёда аз 11 ҳазор нафар Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ 63 нафарашон фиристодагони Тоҷикистон будаанд.

Бале, дар бораи ҳар кадоме аз ин иштирокдорони ҷанг ва ақибгоҳ месазад, ки китобҳои алоҳида чоп кунанд. Онҳо буданд, ки ҷаҳониёнро пирӯзӣ насиб гардид, аз ғуломии фашистон озод шуданд. Аҳсант ба эшон!

Вале аждаҳои ҷанг аз ҳар ду ҷониб панҷоҳ миллион нафарро ба коми худ фурӯ бурд. Албатта, тарроҳони ин ҷинояти вазнин, ки таърихи инсоният амсолашро надидааст, дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавоб гуфтанд. 8-уми августи соли 1945 дар Лондон намояндагони СССР, ИМА, Британияи Кабир ва Ҳукумати муваққатии Франсия дар бораи таъсиси Суди ҳарбии байналмилалӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷинояткорони ҳарбии фашистӣ Созишнома ба имзо расониданд. Баъдтар ба ин созишнома давлатҳои дигари аъзои СММ, аз қабили Дания, Югославия, Чехословакия, Полша, Голландия, Ҳиндустон, Венетсуэла, Норвегия ва ғайраҳо ҳамроҳ шуданд.

Чун Суди ҳарбии байналмилалӣ, ки бо номи Мурофиаи Нюрнберг машҳур аст, оғоз шуд, аллакай се нафар аз саркардагони асосии ҷанг – Гитлер, Геббелс ва Гимлер дар қайди ҳаёт набуданд. Саркардаи дигари ин ҷанг Мартин Борман ғоибона ба суд дода шуд, зеро бе ному нишон ғайб зада буд. Герман Геринг бошад, иҷрои ҳукми судро мунтазир нашуда, дар ҳабсхона шармандавор худкушӣ кард. Боқимондаҳо мувофиқи ҷиноятҳои содиркардаи хеш ҷазои сазовор гирифтанд.

Вақте ки кас ба маводҳои Мурофиаи Нюрнберг ошно мегардад, даст ба гиребон мебарад: наход инсон ба муқобили инсон ба чунин ваҳшоният роҳ дода бошад?

Ҷое дар маводҳои Мурофиаи Нюрнберг мехонем, ки дар як ҳуҷҷати ба мурофиа пешниҳодшуда, ки дар зераш сардори отрядҳои посбонӣ (СС) Глюкс имзо монда буд, чунин омадааст:

«Барои бофтани ҷӯробҳои пашмин ва пойпечҳои аскарони немис аз мӯйсари занону духтарон, барои ҳосилхез кардани заминҳои корам аз хокистари асирони дар крематорияҳо (оташдонҳои махсус барои зинда ё мурда сӯзондани асирон) сӯзондашуда истифода кунед».

Барои исботи ин ҳуҷҷат ба мурофиаи Нюрнберг сарҳои бурида ва хушкондашудаи асирон, ки рӯи мизи ҳуҷраҳои кории сардорони СС-ро зеб медоданд, пешниҳод карда шуд. Танҳо аз лагери Освенсим ҳафт тонна мӯи сари ба мисли кипҳои пахта басташуда пайдо гардид, ки барои ба Германия фиристодан фурсат наёфта буданд. Ҳамчунин ба мурофиаи мазкур намунаи собунҳое, ки аз гӯшти инсон тайёр мекарданд, нимтанаҳои аз пӯсти асирон омодашуда, ки бо асбобҳои махсус аз танашон ҷудо карда мешуд ва ғайраҳо пешниҳод карда шуданд.

Барои афсарони немис боиси ифтихор буд, ки дар назди асирони овехташуда ё ҳангоми ба сари асири дастбаста тир паррондан, куштори занону кӯдакон бо чеҳраҳои хандон сурат гирифта, ба хешу таборон ва маъшуқаҳояшон фиристанд. Аз ин гуна суратҳо даҳҳо адад ба Мурофиаи Нюрнберг дастрас гардидааст.

Саркардагони фашизм воқеан ҳам бо амалҳои ғайриинсононаашон ба дили аҳли ҷомеаи ҷаҳон ларза андохта буданд. Муваффақиятҳои солҳои аввали ҷанг онҳоро он қадар масту мағрур гардонда буд, ки худро ҳокими мутлақи олам медонистанд.

Шукрона, ки ба мақсади наҳси худ нарасиданд ва Худованд мардуми муттафиқи СССР-ро дар муқобили онҳо қарор дод, то хавфу хатарашонро аз замин бардошта кунад.

Неъматулло СОЛЕҲОВ,  «Садои мардум»