Кумакҳои ҳарбии Россия ба Тоҷикистон

№112 (3413) 21.08.2015

Бино ба иттилои муовини вазири мудофиаи Федератсияи Россия Анатолий Антонов ба қарибӣ кумаки навбатии ҳарбии Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаи тайёраи Қӯшунҳои ҳарбӣ-ҳавоии Россия интиқол дода шуд.

Ёрии ҳарбии Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия дар ҳолати аз хоки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон берун шудани неруҳои байналмилалӣ ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон, ки дар мубориза бар зидди хатарҳои террористии аз ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳдиддошта бевосита иштирок мекунанд, равона шудааст.

Анатолий Антонов зикр кард, ки Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия кумакҳои ҳарбӣ-техникии худро бо дарназардошти афзудани таҳдидҳо ва хатарҳо дар Осиёи Марказӣ ва зарурати андешидани чораҳои амниятӣ дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амалӣ мекунад.

Ҳамзамон ҷониби Федератсияи Россия нақшаи расонидани ин кумакҳоро ба Тоҷикистон бо мақсади тақвияти татбиқи амалии қарори қабулкардаи сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи  Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 2013 роҳандозӣ менамояд.

Дар ин хусус аз маркази матбуоти Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»