Лахш. Татбиқи қонунҳои амалкунанда мадди назар аст

№63 (4169) 28.05.2020

Дар ноҳияи Лахш гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба сокинони шаҳраку деҳот қонунҳои амалкунанда, хоса Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Дар ин бора раиси ноҳия Файзулло Баротзода маълумот дод.

- Ҷомеа дар ҳама давру замон ба насли солиму саводнок ва ободкор ниёз дорад. Ин масъала ҳамеша мадди назари  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бахусус, бунёди боғчаву биноҳои таълимӣ, нашри китобҳои дарсӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ба ин гувоҳ аст, — афзуд номбурда.

Бино ба гуфти ӯ, барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амри раиси ноҳияи Лахш аз 28 марти соли 2011, №31 ба тасвиб расида, комиссияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия таъсис дода шуд. Дар заминаи он нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, аз тарафи аъзои комиссия вобаста ба риояи қонун бо омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон вохӯрӣ доир мегардад.

Илова бар ин, аз тарафи ҳайати комиссия оид ба иҷрои қонуни зикршуда корҳои профилактикӣ гузаронида, дар се моҳи аввали соли 2020 сарфи назар кардани муқаррароти он ба қайд гирифта нашуд.

Инчунин, аз тарафи комиссияи маҳаллӣ ва комиссияи таъсисдодаи шуъбаи маориф дар 61 муассисаи таълимии ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯрӣ гузаронида шуд, ки дар пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон, фарогирии хонандагон ба таҳсил, идомаи таҳсили духтарон баъди хатми синфи 9 ва ҳамкории волидайн ба мактаб нақши муассир мегузорад, — гуфт дар хотима Файзулло Баротзода.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»