Илҳом аз мулоқот

Мақсад баланд бардоштани некуаҳволии мардум аст

№146 (3292) 05.12.2014

Ман яке аз иштирокчиёни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорон мебошам. Дар ин мулоқоти хотирмон беш аз ду ҳазор нафар соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию беруназмарзӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорон, бонкҳои ҷумҳурӣ, ҷамъиятҳои  хоҷагидорӣ, олимону  коршиносон, роҳбарону сардорони вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иштирок доштанд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати соҳибкорону сармоягузоронро, аз ҷумла ба ривоҷи бахшҳои саноати миллӣ, навсозии техникиву технологияи корхонаҳои саноатӣ, коркарди  ашёи хоми маҳаллӣ ва дарёфти сарчашмаҳои афзалиятноки маблағгузориҳои дарозмуддат ҷалб кард.

Ҳамзамон Сарвари давлат соҳибкорону аҳли тиҷоратро даъват намуд, ки дар рушди устувори иқтисодиёти кишвар, бунёди корхонаву муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, дастгирии ниёзмандон, обод гардонидани диёри хеш ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум минбаъд низ ҳиссаи босазо гузоранд.

Қариб даҳ сол боз ба соҳибкорӣ машғулам. Роҳбарии Корхонаи  дӯзандагии ноҳияи Дарвозро ба уҳда дорам. Мақсад аз ташкил намудани корхонаи мо аз нав эҳё  кардани ҳунарҳои қадимаи мардумӣ мебошад. Духтарон дар ин ҷо ба гулдӯзию зардӯзӣ, пухтупаз ва дӯхтани либосҳои занонаю мардона машғуланд.

Солҳои охир талаботи мардум ба маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаи мо  хеле зиёд гаштааст. Дастранҷи дӯзандагонамон аз тарафи сайёҳони хориҷӣ низ харидор пайдо кардааст. Мувофиқи дархости қисмҳои низомӣ, ки дар ноҳия мустақаранд, либосҳои ҳарбӣ низ медӯзем.

Маҳсули дастранҷи чеварони мо, ки дар намоишгоҳу фестивалҳои мамолики хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Канада ва Норвегия ба намоиш гузошта шуда буданд, харидорони зиёд пайдо карданд.

Ба духтарони мактабхон  нозукиҳои касби дӯзандагӣ ва пухтупазро меомӯзонем, то ки дар оянда дӯзандагони моҳиру кадбонуҳои босалиқа шаванд.

Аз мулоқоти соҳибкорон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ният дорам, ки бо дастрас намудани таҷҳизоти замонавӣ барои бонувони бекор ҷойҳои нави корӣ муҳайё сохта, дар самти баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум каме ҳам бошад, саҳм  гузорам.

Маърифат НЕЪМАТОВА, соҳибкор аз ноҳияи Дарвоз