Масъалаҳои вобаста ба интихобот баррасӣ шуданд

№149 (3295) 15.12.2014

12 декабри соли 2014 таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласа баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои таъсиси маркази матбуоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили гурӯҳҳои кории Комиссия оид ба баррасии арзу шикоятҳо ва таъмини фаъолияти нозирони байналмилалӣ, муқаррар намудани тартиби аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ ва бақайдгирии нозирони миллӣ, шакл ва ҳаҷми ягонаи плакати иттилоотии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма дар маъракаи пешазинтихоботӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо, дар бораи гарави интихоботӣ ва ташкил кардани ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва вобаста ба ин масъалаҳо қарорҳои дахлдори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

Ҳамзамон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як ҳизби сиёсӣ то 40 дақиқа, ба ҳар номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо то 20 дақиқа барои баромад аз тариқи яке аз шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ ба таври ройгон вақт ҷудо намояд.

Ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ метавонанд маводи ташвиқотии хешро дар ҳаҷми то ҳашт саҳифаи чопи дуинтервалии компютерӣ, шрифти 14 ройгон чоп кунанд.

Доир ба масъалаи гарави интихоботӣ зикр гардид, ки номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот ва ҳизбҳои сиёсие, ки рӯйхати номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод намудаанд, мутаносибан ба ҳар номзади пешбаришуда, баъд аз муайян шудани мувофиқаташон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи комиссияи ҳавзавии интихобот, аз маблағи шахсии худ ба суратҳисоби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 4000 (чор ҳазор) сомонӣ гарави интихоботӣ месупоранд. Дар сурати ба даст овардани на кам аз 10 фоизи овозҳои интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии дахлдори дар овоздиҳӣ иштироккарда гарави интихоботӣ ба номзад баргардонида мешавад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонбо қарори дахлдори худ ҳамчунин барои интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ ҳавзаи ҳудудии бисёрмандатии интихоботӣ ташкил намуд, ки се адади он дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва ду адади дигараш дар шаҳри Душанбе ҷойгир карда мешаванд.

М. Аъзам, «Садои мардум»