Ба мо муроҷиат мекунанд

Мехоҳам боғ бунёд намоям, аммо…

№10 (4593) 06.01.2023

Ман ба синни 81 даромадаам. Дар ­водии Яғноб, деҳаи Думзой, ки ба деҳоти Ан­зоби ноҳияи Айнӣ тааллуқ дорад, зиндагӣ ­ме­кунам.

Ман дар деҳа заминҳои санглохро киштбоб карда, боғ бунёд кардам, ба қадри имкон дар замини наздиҳавлигӣ, бо заҳмати зиёд ҳам бошад, картошка ва баъзе зироатҳои дигар кишт карда, ҳосили бадастомадаро барои таъмини рӯзгор истифода мекунем. Дарахтони шинондаам аллакай боровар шудаанд. Солҳои 2016-2017 барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат кардам ва ба ман ду гектар замин ҷудо карданд, аммо вақте ки ҳуҷҷатҳои онро гирифтам, маълум гардид, ки контураи заминро дигар кардаанд ва ба ман мавзееро вобаста намудаанд, ки дар он киштукор кардану боғ бунёд намудан илоҷ надорад. Он мавзеъ, ҳамчунин, гузаргоҳи рамаҳост. Ҳар сол то 10 ҳазор моли майда аз минтақаҳои мо мегузарад, баъзан чӯпонҳо молҳоро тарошида, пашми зиёди онҳоро мепартоянд. Ин дар ҳолест, ки он пашмро ҳамчун ашёи хом метавон истифода бурд.

Хуб мешуд, масъулони ноҳия ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ карда, мардуми заҳматпешаро дастгирӣ менамуданд.

Бо эҳтиром Абдуҷаббор Муллоев,

сокини 81-солаи деҳаи Думзой, ноҳияи Айнӣ

 Масъули гӯша Б. КАРИМЗОДА