Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ

№ 17.11.2023

  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи камонварии Тоҷикистон аз 14 то 16 -уми ноябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ» — и вилояти Суғд якумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мусобиқа беш аз 60 нафар варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Белорус, Арманистон, Гурҷистон, Покистон, Федератсияи Россия ва шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа ба ғолибон медал, диплом, тӯҳфаҳои пулӣ ва хотиравӣ, ба ғолибони даставӣ Ҷоми раиси вилояти Суғд тақдим карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2023 бо ибтикор ва дастгирии Пешвои миллат дар шаҳри Ҳуҷанд Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Варзишгарони ин мактаб аз маҳорату истеъдоди беҳамтои Устоди шоистаи варзиш, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ, чемпиони ҷаҳон Зебуниссо Рустамова баҳра мебардоранд.

Дастовардҳои Мавзуна Азимова, Роберт Нам, Абдумалик Ғаниев, Салимҷон Салимов, Заррона Аҳмадӣ ва дигарон  дар мусобиқаҳои байналмилалӣ башорати рушди ин намуди варзиш дар кишвар аст.

Мухтори АБДУЛЛО,

«Садои мардум»