На ҳама ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ омодаанд

№57 (3537) 30.04.2016

28  апрели соли 2016 бо иштироки Азим Иброҳим — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ баргузор гардид.

Дар он рафти баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баррасӣ ва ахбори масъулин шунида шуд.

Азим Иброҳим, аз ҷумла қайд кард, ки масъулиятшиносӣ дар иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №АП-681 аз 24 феврали соли 2016 саҳмгузорӣ дар ободонӣ, бунёдкорӣ ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ, эҳтиром ба дастовардҳои 25-солаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва самимият ба давлатдории муосири миллист.

Котиби комиссия Ё. Исмоилзода  доир ба раванди баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гузориш дода,  зикр кард, ки баҳри инъикоси таҷрибаи пешқадам ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ ба маҷлис роҳбарони Шабакаи якуми телевизиони  Тоҷикистон, телевизиони «Сафина», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Халқ овози», «Народная газета», «Минбари халқ», АМИТ «Ховар», намояндагони вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даъват гардиданд.

Маълум шуд, ки вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, адлия, саноат ва технологияҳои нав, фарҳанг, нақлиёт, кумитаҳои рушди маҳал, кор бо занон ва оила, меъморӣ ва сохтмон, ҳифзи муҳити зист, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, агентиҳои омор, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил бо фармоишҳои худ ҳайати комиссияҳои дохилиашонро таъсис дода, нусхаи фармоиш ва рӯйхати ҳайатро бо гузориш доир ба амалишавии  мусобиқа ба котиби комиссия пешниҳод намудаанд. Мутаассифона, Кумитаи телевизион ва радио, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо то ба ҳол ба қарори муайян наомадаанд.

Зикр гардид, ки санаду меъёрҳои ҳуқуқии вобаста ба кори комиссия ва раванди баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» ва рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст. Аз рафти баргузории он дар Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ва телевизиони «Сафина» низ гузоришҳо пахш гардида истодаанд.

Сипас, А. Раҳмонзода — Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа доир ба моҳияти баргузории мусобиқа ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа суханронӣ намуд ва иштирокчиёнро бо Шоҳҷоизаи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, дипломҳо ва рамзи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос кард. Қ. Роҳбар доир ба рафти баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар вилояти Хатлон, Ҳ. Мирсайзод — вилояти Суғд, У. Давлатзод — ВМКБ, Ё. Исмоилзода — ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳисобот доданд.

Таъкид гардид, ки доир ба ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ  ва барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта масъулини воситаҳои ахбори омма дар мувофиқа бо мутасаддиёни комиссия гузоришу мақола ва барномаҳои ҷолиб омода намоянд.