Навиштам номае…

№51 (3352) 08.04.2015

Духтури нағз

Баъд аз  гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ҳаракат ва гаштугузор кардан бароям каме душвор буд. Вақти ба нақлиёти мусофирбар нишастан ронанда  пурсид:

-Ака, миёнатон дард мекунад? Оҳиста, саросема нашавед.

Баъди бароҳат нишастан ба ронанда «ташаккур» — гуфта, фаҳмондам,  ки чанде пеш амалиёти ҷарроҳии  кӯррӯдаро гузаронидам.

-Ҳа, Худо шифо диҳад, — гуфта, ронанда, ки марди миёнасоле буд, илова кард:

-Ҷарроҳиро дар беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» гузаронидед? Вақте ман тасдиқ кардам, вай ҳамзамон гуфт, ки духтуратон  Ширин Сайдалиев буд? Вақте ин гуфтаҳояшро низ тасдиқ кардам, ронанда  иброз намуд:

-Акаи Ширин духтури ботаҷриба ва одами хуб…

Бале, хубиҳо ва соҳибтаҷриба будани ӯро ман шахсан мушоҳида кардам. Чанде пеш, бо амри тақдир,  гирифтори дарди шадиди шикам шудам. Маро наздиконам ба беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ»-и шаҳри Душанбе оварданд. Дӯстону рафиқон тавсия доданд, ки ба духтур Ширин Сайдалиев муроҷиат намоям. Вақте ба беморхона омадему  Ш. Сайдалиевро пайдо карда, арзи матлаб намудем, ӯро як инсони хоксору хушмуомила ва табиби ҳозиқ дарёфтем. Бо дастури ин кас таври фаврӣ маро аз муоина  гузаронида, дар шуъбаи дуюми ҷарроҳӣ, ки мудириашро номзади илмҳои тиб Маъруф Мавҷудов ба уҳда дорад, ҷарроҳӣ карданд. Амалиётро Ширин Сайдалиев ва ҳамроҳонаш бомуваффақият анҷом доданд ва зимни табобати чандрӯза низ ғамхорӣ зоҳир намуданд.  Номзади илмҳои тиб Ширин Сайдалиев беш аз 18 сол мешавад, ки ҳамчун ҷарроҳ дар ин беморхона фаъолият дорад ва дар ин муддат ба даҳҳо  беморон ёрӣ расонидааст…

Вақте муҳлати бистариам анҷом ёфту маро ба хона ҷавоб медоданд, чанде аз беморон хоҳиш карданд, ки тавассути рӯзномаи бонуфузи «Садои мардум» ба ин табиби ҳозиқ изҳори миннатдорӣ намоям. Дастонатон дардро набинанд, Ширин Сайдалиев.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

«Ба ман кумак расонед»

Ман як нафар зани азиятдидае ҳастам, ки ҳамсарам барои ҳимояи Ватан дар набард бо дастаи полковники исёнгар — Маҳмуд Худойбердиев ҷони худро фидо намудааст. Ӯ мисли дигар ҳампешагонаш хабари ҳуҷуми Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Суғдро шунида, муқобили ин лашкари хунхор истодагарӣ кард.

Моҳи ноябри соли 1998, замоне, ки авбошони Маҳмуд Худойбердиев ба шимоли Тоҷикистон шабохун заданд, шавҳарам -  лейтенанти калони милитсия Ғайрат Холов дар дидбонгоҳи шаҳри Истаравшан адои хизмат менамуд ва дар задухӯрд бо ҷангиёни Маҳмуд Худойбердиев фоҷиаовар ба қатл расид.

Ману духтарчаи яксолаам Умеда, ки бо умед ин номро ниҳода будем, аз ин фоҷиаи бузург афсурдаву парешон гаштем.

Марги ҳамсарам барои ману тифли кӯчакам Умеда, ки ҳамагӣ як сол дошт, шикасти бузурге буд, зеро ӯ орзуву ормонҳои имрӯзу фардои ману тифли хурдакакамро бо худ ба хок бурд.

Он замон дар Истаравшан иҷоранишин будем. Баъди ин ҳодиса ҳамроҳи Умедаи хурдсол ба хонаи хешовандон рафтем. Аз он вақт 17 сол сипарӣ гардид, вале то ҳол манзили зист надорему дар ба дари хешу табор мегардем.

Сарфи назар аз мушкилоте, ки тӯли ин солҳо доштаму дорам, духтарамро худам ба воя расонидам. Ҳоло ӯ 18-сола аст ва акнун мушкилоти дигаре боз дар зиндагӣ пешорӯям истодааст.

Борҳо ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва мақомотҳои дигари ҷумҳурӣ аз мушкили худ, яъне манзили зист надоштанам навишта будам.

Афсӯс, ки талошҳоям натиҷаи дилхоҳе набахшиданд. Умеди охиринам рӯзномаи «Садои мардум» — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар тӯли 17 сол, ки зиндагии сангине доштам, саломатиамро низ аз даст додам. Аз ғаму ғусса як дастам ногиро шуд. Дигар ҳеҷ қуввати кор кардану манзиле сохтан надорам.

Бояд бигӯям, ки дар яке аз гӯшаҳои дурдасти шаҳри Истаравшан бароям қитъаи замин ҷудо кардаанд, вале ман имкони дар он ҷо хона бунёд карданро надорам, зеро барои он маблағи муайяне зарур аст. Агар як дар хона барои мо дар гӯшае аз шаҳри Истаравшан ҷудо мекарданд, аз ин ҳолати ногувор мебаромадам. Ё барои сохтмони як дар хона маблағе ҷудо мешуд, гапи дигар мебуд. Дар он сурат метавонистам бо кумаки хешу ақрабо як сарпаноҳе бисозам ва аз азоби дарбадариву беманзилӣ халос шавам. Чун як модари азиятдидаи тоҷик аз тамоми мақомоти дахлдор, бахусус Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки барои бунёди манзил ба ман кумак расонанд. Ҳарчанд, ки борҳо ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи худро навишта бошам ҳам, муроде ҳосил нашуд. Дар ҷавоб онҳо менавиштанд, ки мунтазир шавам, то навбат расад ё маблағе аз буҷет барои сохтмон ҷудо гардад. То кай интизор шавам? Агар дар тӯли 17 сол навбат нарасида бошад, кай мерасад?

Ростӣ, аз интизорӣ ҷонам ба лаб расидааст. Аз он вақте ки шахси наздиктаринамро аз даст додам, рӯзи хуше надорам, ба хотири садоқату муҳаббате, ки ба ҳамсарам доштам, дигареро қабул карда натавонистам.

Наход бар ивази ҷоннисории шавҳарам ману ягона фарзандам ба як кулбаи камбағалона наарзем? Шояд баъди нашри ин мактуб Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти дигари дахлдор ҷавоби дуруст диҳанд? Мо бо умед зиндаем.

Шарофат ХОЛОВА, сокини шаҳраки Ваҳдат, деҳоти «Гули сурх»-и шаҳри Истаравшан, вилояти Суғд

 Посух ба як саволи хонанда

Дилрабои Саодатдин — сокини шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд тавассути почтаи электронии идораи рӯзнома мактуб навишта хоҳиш кардааст, ки ибораи Сардафтари адабиёти муосири тоҷикро шарҳ диҳем. Чаро Садриддин Айниро Сардафтари адабиёти муосир мегӯянд? Дар робита ба ин хабарнигори рӯзнома аз ходими пешбари шуъбаи адабиёти нав ва навтарини Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқи Набавӣ хоҳиш кард, ки мавзӯъро мухтасар шарҳ диҳанд:

-Сардафтари адабиёт касест, ки адабиёти халқу миллатро дар ягон марҳилаи таърихӣ аз назарияи сатҳу сифат тағйир медиҳад ва барои рушду нумӯи марҳилаи нави адабиёт мусоидат мекунад. Яъне, поягузории адабиёт дар як рӯз намешавад.

Масалан, устод Садриддин Айнӣ чӣ хизмате кард, ки ӯро асосгузори Сардафтари адабиёти муосири тоҷик меноманд?

Садриддин Айнӣ бори аввал мавзӯю масъалаҳои зиндагии як даври таърихӣ ва одамони даврони навро дар шаклу сабки тоза, ки дар пеш собиқа надошт, ба тасвир кашид. Пас шаклу сабки тозаи тасвир чист? Аксари муҳаққиқон мегӯянд, ки Садриддин Айнӣ поягузори сабки воқеъгароёна (реалистӣ) аст. Ин чӣ маънӣ дорад?

Садриддин Айнӣ ҳаёти як давраи мушаххаси зиндагии таърихии мардуми тоҷикро ба воситаи шахсиятҳои ҳамон давру замон ба тасвир мегирад. Зиёда аз он вай забони адабиёти тоҷикро хеле сода кард, то андозае, ки ба фаҳму идроки мардум мувофиқ буд. Дигар ин ки Айнӣ жанрҳои асосии адабиёти муосирро асос гузошт. Аввалин қисса, ҳикоя, роман, очеркҳои таърихӣ ва ёддоштҳо бо қалами устод Садриддин Айнӣ дар адабиёти тоҷик ба вуҷуд омаданд. Тавассути асарҳое чун «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхӯр», «Ёддоштҳо» устод Садриддин Айнӣ сабки тасвири воқеъгароёна (реалистӣ)-ро ташаккул дод. Адабиёти тоҷики 50 соли баъди зиндагии ӯ дар таъсиру пайравиаш эҷод шудааст.

Устод Садриддин Айнӣ аз соли 1918 бо шеъри «Марши ҳуррият» ё худ «Суруди озодӣ» ба адабиёти муосири тоҷики даврони собиқи шӯравӣ оғоз мебахшад.

Нависандагоне чун Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ худро шогирдони устод Садриддин Айнӣ донистаанд. Анъанаҳои устод Садриддин Айнӣ дар адабиёти имрӯзаи тоҷик ҳам идома дорад ва нависандагони тоҷики имрӯза бо сабку шеваҳои нав суннатҳои насри устод Айниро такмил медиҳанд. Чунин корҳоро устод Садриддин Айнӣ ҳамроҳ бо устод Абулқосим Лоҳутӣ дар шеъри тоҷикӣ ҳам ба амал баровардааст.

Хизматҳои устод Садриддин Айнӣ ҳамагӣ ва дар ҳамаи соҳаҳои илму фарҳанги тоҷикӣ ба сифати аввалқадам хеле бузург ва муосир аст.

Воқеан, бо дарназардошти хизматҳояш дар рушди адабиёти муосири тоҷик бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сентябри соли 1997 Садриддин Айнӣ бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» қадрдонӣ гардидааст.

 Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»