«Ноҳияи Ҷайҳун. Вакилон танҳо даст мебардоранд?»

№23 (4129) 20.02.2020

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун мақолаеро, ки таҳти ин унвон дар рӯзномаи «Садои мардум» (№64 (4014) аз 4 июни соли 2019) нашр шудааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Бояд гуфт, ки дар назди Маҷлиси вакилони халқи ноҳия бо қарори дахлдор аз 13 марти соли 2015, №7 ҳафт комиссияи доимӣ — оид ба нақша ва буҷет, оид ба масъалаҳои аграрӣ, озуқа, ислоҳоти замин, ҳифзи муҳити атроф ва истифодаи захираҳои табиӣ, оид ба сохтмон, нақлиёт ва алоқа, оид ба маориф, фарҳанг ва иттилоот, нигаҳдории тандурустӣ, муносибати байни миллатҳо ва корҳои байни ҷавонону занон, оид ба муҳофизати қонунияти давлатӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, оид ба таъминоти иҷтимоӣ, савдо ва хӯроки умумӣ, хизматрасонии коммуналӣ ба аҳолӣ ва шуғли аҳолӣ ва оид ба одоби вакилон таъсис дода шудааст.

Дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 40 нафар вакил фаъолият менамоянд. Қобили қайд аст, ки аз 13 марти соли 2015 то 30 декабри соли 2019, дар маҷмӯъ, 23 иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия доир ва аз рӯи масъалаҳои баррасигардида 68 қарор қабул гардидааст.

Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия фаъолиятро мувофиқи Низомнома ба роҳ монда, аз рӯи нақшаи тасдиқгардида ­масъалаҳои ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешниҳодшавандаро пешакӣ санҷида, гузориш ва лоиҳаи қарорҳоро баррасӣ намуда, баъди аз ҷониби аъзои комиссия маъқул шуморидан ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешниҳод менамояд. Ҳар як комиссия дар иҷлосияҳо аз рӯи фаъолияти корӣ ҳисобот медиҳад.

Дар 23 иҷлосияи гузаштаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати панҷум), ҳисоботи ҳар як комиссия аз ду то се дафъа шунида шудааст.

Мутобиқи моддаи 5 — уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси вакилони халқи Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ» дар сурати аз тарафи вакил иҷро нашудани вазифаҳояш, вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи кор, масъалаи рафтори вакил мавриди муҳокимаи Маҷлиси вакилони халқ қарор гирифта метавонад.

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Х. ЛАТИФЗОДА, муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун