Аз нишастҳои матбуотӣ

Ноҳияи Ванҷ ободтар мешавад

№16 (4756) 02.02.2024

1212Мардуми сарбаланди ноҳияи Ванҷ аз он ифтихорманд ва миннатдоранд, ки дар ин диёри пурганҷ мисли дигар шаҳру навоҳии кишвар бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдкорӣ зиёд аст. Амалисозии чор ҳадафи стратегии Ҳукумати кишвар аз вазифаҳои муҳимтарини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба шумор меравад.

Таи 32 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ин минтақа садҳо иншооти гуногун ва манзилҳои истиқоматӣ бунёд гардида, маркази ноҳия ва деҳоти он ба куллӣ дигаргун шуданд.

Яке аз шоҳкориҳои Роҳбари давлат бунёди роҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма мебошад. Ёдовар бояд шуд, ки ронандагону мусофирон роҳи зиёда аз 480-километраи Ванҷ-Душанберо пештар дар 13-14 соат мепаймуданд. Ҳоло бошад, ҳамагӣ 8-9 соат вақт кифоя аст.

Зимни яке аз сафарҳои кориашон ба ВМКБ Пешвои миллат қайд намуданд, ки: «Барои боз ҳам беҳтар намудани шароити инфрасохтории ноҳия корҳои омодасозии лоиҳа барои таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаи хумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон ба масофаи зиёда аз 93 километр бо харҷи беш аз 2 миллиард сомонӣ идома дорад».

Сокинони Ванҷ аз он шукргузоранд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин минтақаи шоҳроҳ моҳи июни соли 2023 оғоз ёфт. Дар деҳоти водиҳои баландкӯҳи Язгулом ва Ванҷи боло 8 пули мошингард бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд сохта шуд. Чанде пеш пули мошингузари мавзеи Ҷовидон-Потов дар даромадгоҳи водии Ванҷи боло ва роҳи бештар аз як километра то деҳаи Арнавад мавриди истифода қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд. Ноҳияи Ванҷ аз ҷиҳати захираи маъданҳои кӯҳӣ дар миқёси мамлакат хеле ғанӣ аст. Дар мавзеи Пои мазори водии Ванҷи боло, ки навъи беҳтарини санги мармар мавҷуд аст, корхонаи саноатӣ то Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ сохта хоҳад шуд. Муҳимтар аз ҳама, баробари сохта шудани панҷ пули мошингард дар ин масир зиёда аз 12 километр роҳ мумфарш ва шағалпӯш гардид.

Дар маркази ноҳия, дар ҷойи иморати куҳнаи дар ҳолати садамавӣ қарордошта биноҳои бисёрошёнаи ҷавобгӯи талаботи меъморӣ ва шаҳрсозӣ бунёд мегарданд. Шаҳраки Рохарв симояшро ба куллӣ тағйир дода, ­қасри фарҳанг, маркази савдои «Ванҷ ситтӣ», биноҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, прокуратура, суд, андоз, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, даҳҳо иншооти самти иҷтимоӣ, мумфаршу чароғон кардани зиёда аз 5,5 километр роҳҳои маркази ноҳия номгӯи нопурраи созандагиҳо мебошанд.

Инак, дар доираи истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия боз 113 иншооти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва роҳдорӣ бунёд мегардад. Сохтмони кӯдакистон барои 200 нафар, маркази хизмат­расонӣ, бинои шуъбаи маориф, мактаби дуошёна барои таҳсили ҷавонони лаёқатманд ва иншооти дигар аз ҷониби соҳибкорон босуръат идома дорад.

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,

«Садои мардум»