Шаҳрвандон дар қабули раис

Ба ҳалли мушкилоти мардум эътибори ҷиддӣ дода мешавад

№105-106 (3251-3252) 12.09.2014

Дар ноҳияи Шаҳринав ҳар рӯзи шанбе аз ҷониби раиси ноҳия Исматулло Зайдов рӯзи қабули шаҳрвандон гузаронида мешавад. Ин навбат  (23 августи соли 2014) банда дар рӯзи қабули раиси ноҳияи мазкур иштирок намуда, шоҳиди ҷараёни баррасии масъалаҳои бамиёнгузоштаи мардум шудам.

Чун анъана раиси ноҳия то оғози қабули шаҳрвандон аз масъулин иҷрои супоришҳои раиси ноҳияро оид ба муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки як ҳафта пеш ба онҳо дода шуда буд, талаб кард. Шахсони масъул оид ба иҷрои супоришҳои раиси ноҳия маълумот пешниҳод карданд.

Раис ҳамаи онҳоро аз назар гузаронида, мутасаддиёнро мураххас намуда,  ба қабули шаҳрвандон шурӯъ кард. То нисфирӯзӣ арзу шикояти 12 нафарро  шунид  ва барои худ қайд карда гирифт. Ба раиси ноҳия оид  ба нисбатан кам будани шумораи муроҷиаткунандагон дар рӯзи қабул суол кардем. Исматулло Зайдов дар посух гуфт, ки дар ноҳияи Шаҳринав муроҷиати шаҳрвандонро дар ду самт ба роҳ мондаем. Он шаҳрвандоне, ки муроҷиату дархосташон дар ҷойи зисташон ҳалли худро меёбад, ба роҳбарият ва шахсони масъули деҳот муроҷиат мекунанд. Баъди нисфирӯзӣ раисони деҳот ва шаҳракҳо рӯйхати шумораи қабули шаҳрвандонро, ки аз рӯйи кадом масъала муроҷиат карданд ва чӣ гуна он ҳалли худро ёфтааст, ба мо пешниҳод мекунанд. Онҳое, ки муроҷиаташон дар сатҳи ноҳия бояд ҳал шавад, бевосита ба раиси ноҳия муроҷиат мекунанд.

Раиси ноҳия ҳамчунин изҳор дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби заминҳои лалмӣ ва чарогоҳҳо масъалаи бо замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани аҳолӣ дар ноҳияи Шаҳринав хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ, арзу шикоят дар ин самт қариб, ки ба чашм намерасад.

Мавзӯи асосии шикояти имрӯзаи шаҳрвандон бештар ба таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта, беҳтар намудани вазъи санитарӣ-эпидемиологии бозорҳо, мағозаҳои маводи ғизоӣ, озодаву зебо гардонидани кӯчаҳо, навсозӣ ва тоза кардани каналу ҷӯйборҳое, ки аз маркази ноҳия мегузаранд ва ба ҳамин монанд рабт дошт, ки оид  ба ҳар яки ин масъалаҳо ва ҳалли саривақтии онҳо мутасаддиёни соҳаи дахлдор вазифадор шуданд.

Исматулло Зайдов ҳамзамон зикр кард, ки эътибори ҷиддӣ додан ба қабулу муроҷиатҳои шаҳрвандон яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»