Кишоварзӣ равнақ меёбад

№24 (3170) 11.03.2014

Кишоварзони ноҳияи Ҳисор барои татбиқи сиёсати аграрӣ  ва баҳри ба даст овардани ҳосили дилхоҳи зироатҳои кишоварзӣ ва маҳсулоти чорводорӣ чӣ чораҳои мушаххас андешидаанд ва ба чӣ натиҷаҳо ноил гардидаанд? Дар ин бора сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҳисор Абдусалом Ҳамдамов зимни суҳбат бо мо чунин иброз дошт:

- Асоси хоҷагии сокинони ноҳияро кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти соҳаи мазкур ташкил медиҳад. Яъне, кишоварзӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқ буда, алҳол  наздик ба 70 фоизи даромади маҷмӯйи маҳсулоти умумии ноҳия ба ин вобаста аст.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст: «Фаровонии бозори истеъмолии мамлакат, пеш аз ҳама, бо роҳи таъмин намудани тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ тавассути истифодаи технологияҳои ҳозиразамон, таҳкими  фаъолияти корхонаҳои коркарди маҳсулот, баланд бардоштани самаранокии захираҳои обу замин, инкишофи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ бояд амалӣ гардонида шавад.Барои ҳар чӣ бештар бо маҳсулоти кишоварзӣ ва умуман бо маводи ғизоии истеҳсоли ватанӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат андешидани тадбирҳои мушаххас зарур аст».

Баҳри татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти кишвар кишоварзони ноҳияи Ҳисор ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия тӯли соли гузашта ба 489,7  миллион сомонӣ  расониданд. Аз ҷумла, ҳаҷми маҳсулоти растанипарварӣ 346.7 миллион сомонӣ ва чорвопарварӣ 143,0 миллион сомониро ташкил намуда, ин нишондиҳанда дар соҳаи растанипарварӣ 15,3 фоиз ва дар соҳаи чорвопарварӣ 2,6 фоиз дар муқоиса ба як соли пеш афзудааст.

Инчунин давоми соли гузашта кишоварзони ноҳия ба миқдори 40412 тонна ғалладона, 2679 тонна пахта, 1254 тонна зироатҳои равғандеҳ, 20823 тонна картошка, 41810 тонна сабзавот, 3734 тонна полезӣ, 13179 тонна мева ва 16637 тонна ангур истеҳсол намуданд.

Сабаби камшавии майдон ва истеҳсоли пахта дар он аст, ки сол то сол нархи хариди пахта дар бозори ҷаҳонӣ паст фаромада, ҳавасмандӣ дар ин соҳа коҳиш меёбад. Тадриҷан корҳои васеънамоии майдонҳои кишти зироатҳо ва зиёдшавии ҳосилнокӣ ба мушоҳида мерасад, вале дар бозори истеъмолӣ нархи сабзавот, картошка, меваю ангур тағйир намеёбад.

-Яке аз сабабҳои болоравии нарх дар бозор агар дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия вуҷуд надоштани яхдонҳо ва анборҳои нигоҳдории маҳсулот бошад, аз тарафи дигар, давра ба давра кишт накардани зироатҳои мавсимӣ мебошад, — мегӯяд ҳамсуҳбатам.

Зимнан хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия супориш гирифтанд, ки якҷоя бо мутахассисони соҳа баҳри бартараф намудани камбудиҳо нақша ва чорабиниҳо тартиб дода, парвариши сабзавоти барвақтиро бо усули парвариш дар зери плёнка ва бунёди гармхонаҳо васеъ ба роҳ монанд.

Илова бар ин, Абдусалом Ҳамдамов зикр намуд, ки обёрӣ гардонидани заминҳои шартан обёришаванда, ки солҳо боз обро надидаанд, ба ҳосилнокии зироат таъсир мерасонанд. Барои ҳалли ин мушкилот,  кумитаи заминсозӣ ва хоҷагии истифодабарии оби ноҳия вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ ва истифода аз маблағҳои буҷетӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар ноҳияи Ҳисор чорводорӣ аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ маҳсуб мегардад. Хоҷагиҳои чорводори ноҳия барои ба яке аз базаҳои асосии таҷрибавӣ ва намунавии зотпарварӣ табдил додани ноҳия чораҳои амалӣ меандешанд. Мутобиқи маълумоти оморӣ,  то якуми январи соли 2014 саршумори чорвои калон дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 66200 сарро ташкил менамояд.

Истеҳсоли шир соли гузашта 25254 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2012 зиёдтар мебошад.

Ҳамсуҳбатам дар идомаи суҳбат гуфт, ки айни замон дар ҶДММ хоҷагии зотпарварии «Баракати чорводор», «50 — солагии Октябр» ва кооперативи истеҳсолии ба номи Латиф Муродов аз як сар модагови дӯшоӣ аз 4800 то 5700  килограммӣ шир медӯшанд. Ин нишондиҳанда дар дигар хоҷагиҳои чорвопарварии ноҳия аз 1400 то 3700 килограммиро ташкил менамояд, ки бо сабаби баланд рафтани нархи воситаҳои гардон ва паст будани нархи хариди шир, хароҷоти истеҳсолии ин намуди маҳсулот нисбат ба даромади маҳсулот зиёд аст.

Роҳбарони хоҷагиҳои чорвопарвар вазифадор шудаанд, ки соли ҷорӣ нисбати фаъолияти кории худ таҳлилҳои иқтисодӣ гузаронида, баҳри бартараф намудани камбудиҳо, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва ба хоҷагиҳои пешсаф баробар шудан чораҳои зарурӣ андешанд.

А. Ҳамдамов афзуд, ки Раёсати кишоварзӣ ва Раёсати назорати давлатии байтории ноҳия вазифадоранд, ки тӯли соли 2014 барои хушзоткунии чорво, афзун намудани маҳсулнокӣ ва пешгирии касалиҳои сирояткунандаи чорвои аҳолӣ ва дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ корҳои прафилактикӣ ва зооветеринариро дуруст ба роҳ монанд.

Бояд гуфт, гарчанде нишондиҳандаҳои дар боло зикргардида нисбат ба соли гузашта зиёд аст, вале нархи гӯшту шир дар бозор нисбат ба соли гузашта тағйир наёфтааст. Боиси таассуф аст, ки дар ҳолатҳои фурӯши кӯчагии шир ва фурӯши гӯшти аз назорати байторӣ нагузаронида дар ноҳия ба мушоҳида мерасад. Дар робита, тасмим гирифта шудааст, ки нуқтаҳои эпидемиологӣ, озмоишгоҳи байторӣ ва кормандони соҳаи савдо дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида, нуқтаҳои махсуси озмоишӣ ва фурӯши ширу гӯштро ташкил намоянд.

Аз суҳбат бо сардори Раёсати кишоварзии  ноҳияи Ҳисор Абдусалом Ҳамдамов аён гардид, ки кишоварзони ноҳия барои иҷрои нақшаву супоришҳо имкониятҳои мавҷударо истифода мебаранд. Умед аст, ки соли ҷорӣ масъулини кишоварзии ин ноҳия барои бартараф намудани норасоиҳои ҷойдошта ва афзун гардонидани ҳосилнокии зироатҳо, меваю сабзавот ва маҳсулнокии чорво кӯшиш ба харҷ дода, бозорро бо маҳсулоти тару тоза таъмин менамоянд.

Хайруллоҳи АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»