Амали хайр

Кумаки IRS ба кӯдакони маъюб

№1 (3302) 01.01.2015

Омили мазкур далели возеҳи он аст, ки филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар бо нигоҳдории роҳ дар сатҳи хубу сифати баланд ҳамзамон дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолиро низ мадди назар дорад.

Дастгирии қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятнок маҳсуб ёфта, ин раванд муназзам густариш меёбад. Нуктаи муҳим он аст, ки дар саргаҳи ин ибтикороти наҷиб маҳз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.  Ин омил боиси он гардидааст, ки намояндагони тамоми бахшҳо ба ин иқдоми инсондӯстона пайравӣ намоянд. Роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати ҳамовозӣ ба сиёсати пешгирифтаи Роҳбари мамлакат фаъолияташро дар ин самт беш аз пеш тавсеа мебахшад.

Дар арафаи Соли нави мелодии 2015 бо ибтикори роҳбарияти ширкат толори варзишӣ ва саҳни бинои Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби  «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб таъмиру таҷдид гардид. Дар заминаи ин иқдом саҳни бинои маркази фавқуззикр, ки дар  ҳолати на чандон хуб қарор дошт, бо сангҳои ороишӣ оро ёфт. Яъне,  саҳни марказ бо чунин сангҳо пурра сангфарш гардид. Барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардидани ин кор аз ҷониби ширкат 607 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ дастрас  шуд. Бо дарназардошти он, ки фарши толори варзиши марказ солҳои зиёд таъмирро надидааст, роҳбарияти ширкат баҳри тахтафарш намудани он низ иқдом намуд. Ба шарофати меҳнати пурмаҳсули сохтмончиён дар муддати кӯтоҳ ин амал  бо риояи талаботи меъмориву сохтмонӣ  анҷом ёфт. Барои пурра тахтафарш намудани толори варзишии зикршуда 6 метри кубӣ тахтаи баландсифат масраф гардида, ин омил замина фароҳам меорад, ки он солҳои дароз мавриди истифода бошад. Ҳамзамон аз ҷониби ширкат барои анҷоми корҳои сохтмонӣ семент ва қум дастрас шуда, барои ободонии маркази мазкур истифода шуданд. Ҳарчанд масъулини ширкат хоксорӣ намуда, аз гуфтани ҳаҷми маблағи барои ин иқдом сарфшуда худдорӣ намуданд, вале бино ба гуфти сохтмончиён, дар маҷмӯъ, барои ин амали хайр аз ҷониби ширкат 32755 сомонӣ сарф гардидааст.

Дар суҳбат бо мо  масъулини  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки ин иқдоми аввалину охирин набуда, минбаъд низ ба ин раванд густариш бахшида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  чанд сол инҷониб фаъолият дошта, нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст. Хотиррасон менамоем, ки  дар асоси Шартномаи консессионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» аз 19 январи соли 2008 механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок аз 31 марти соли  2010 ҷорӣ гардида буд.

Беш аз пеш густариш ёфтани фаъолияти ширкати фавқуззикр  вобаста ба дастгирии эҳтиёҷмандону ятимон ва бепарасторон далели возеҳи он аст, ки роҳбарияту кормандони он баробари нигоҳдории роҳ дар сатҳи хубу сифати баланд, ҳамзамон дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолиро низ мадди назар доранд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»