Мақсад — беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм

№75 (3221) 10.07.2014

Дар ноҳияи Рашт таҳти раёсати раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи  амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт Қодири Қосим ҷаласаи дуюми Шӯро баргузор гардид.

Қабл аз баррасии масъалаҳои асосии рӯзномаи  ҷаласа, бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати фаъолияти намояндагии ташкилоти «Шафқат» ва қатъ гардидани ваколати роҳбари ин созмон дар водии Рашт хонум Джанис Сетсер ба ҳайси аъзои Шӯро, аз ҷониби шарикони рушд номзадии менеҷери минтақавии Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон – Шарипов Маҳмадӣ ба узвияти Шӯро пешниҳод карда шуд.

Қодири Қосим котиби Шӯрои машваратӣ Зафар Ҳисориев ва узви тозаинтихоби Шӯро Маҳмадӣ Шариповро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, ба онҳо фаъолияти пурсамар ва барори кор орзу намуд.

Сипас, роҳбари ширкати сайёҳии «Сайёҳ» Мирзошоҳ Акобиров натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳоро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар водии Рашт муаррифӣ намуд.

Доир ба нақши шарикони рушд дар гузаронидани таҳлил ва татбиқи тавсияҳо оид ба рушди бахши туризм дар водии Рашт ҳамчунин роҳбари Барномаи рушди бахши хусусии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Хартвиг Унгетум суханронӣ кард.

Роҷеъ ба масъалаи мавриди  баррасӣ ҳамраисони Шӯро — раиси ноҳияи Рашт Сайидумрон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Нуробод Сайдамир Сиёмардзода, раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳусейн Ализода, муовини аввали раиси ноҳияи Тавилдара Қурбон Маҳмадов ва раиси ноҳияи Ҷиргатол Умедхоҷаи Зоир суханронӣ карданд.

Директори ҶДММ «Меҳробфарм»-и ноҳияи Рашт Мирзоалӣ Камолов беҳтар намудани фазои сармоягузориро дар бахши кишоварзӣ дар водии Рашт ба баррасии ҷаласаи ояндаи Шӯро пешниҳод кард, ки он аз ҷониби аъзои Шӯрои машваратӣ дастгирӣ ёфт.

М.РИЗВОНОВ