Файзи истиқлол

Маркази умеди беморон

№95 (3241) 12.08.2014

Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии солимии кӯдакони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Мачитони шаҳри Ваҳдат воқеъ аст. Ба ин ҷо аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ кӯдаконеро, ки бемориҳои вазнинро аз сар гузаронидаанд, барои барқарор кардани саломатиашон меоранд. Вақте вориди ин марказ мешавед, ба қавле баҳри дили одам кушода мешавад. Даромадгоҳ ва долонҳои тозаю озода ва бо расму навиштаҷоти гуногун оро додашуда зуд таваҷҷуҳи касро ба худ мекашад. Чун ба дохили бино даромадем, хоҳари шафқати либоси сафедпӯш бо чеҳраи гарм моро пешвоз гирифт. Баъд аз мақсадамонро баён кардан ӯ роҳи ҳуҷраи сарвари Марказро нишон дода, ба пойафзоли мо назар карду табассум намуд. Мақсадашро пай бурдем. Мо, бояд болопӯши пойафзол (бахил)-ро фаромӯш накунем. Воқеан, аз назди даромадгоҳ то ба дохили ҳуҷраҳо гарде дар фаршу қолинҳои густурда ба назар намерасид.

Дар қабулгоҳи ҳуҷраи кории директори Марказ Шоев Қамаруддин Акрамович каме мунтазир шудем. Баъди чанд лаҳза аз он зане ҳамроҳи кӯдакаш бо чеҳраи болида ва ӯро гуселкунон ҷавонмарди хилъати сафедпӯш берун шуданд:

- Апаҷон, зиқ нашавед, кӯдакатон сиҳат мешавад, — гуфта Қ.Шоев варақаи беморро ба хоҳари шафқат дода, фармуд, ки ӯро дар ошёнаи дуюм ҷой кунанд ва сипас бо табассум ва меҳрубонона моро низ хайра мақдам гуфта, салому алейк кард ва ба ҳуҷрааш таклиф намуд.

Шоев Қамаруддин Акрамович соли 1964 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1987 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси духтури кӯдакон хатм мекунад. Инак, 27 сол боз ба касби пуршарафи табибӣ машғул аст. Фаъолияти кориаш соли 1986 ҳамчун бародари тиб дар Беморхонаи бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе оғоз ёфта, сипас ҳамчун табиби кӯдакон дар беморхонаҳои марказии шаҳри Калининобод ва ноҳияи Панҷ идома меёбад. Соли 1993 ба маркази ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе омада, ҳамчун табиби минтақавии кӯдаконаи Дармонгоҳи шаҳрии №3 ба кор сар карда, то соли 2000 дар ин ҷо ба сифати мудири шуъбаи кудакона, муовини сартабиб оид ба бемориҳои кӯдакона, иҷрокунандаи вазифаи сартабиб ифои вазифа мекунад. Соли 2000 Қ. Шоевро сартабиби Дармонгоҳи шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе таъин менамоянд.

Солҳои 2006-2007 ҳамчун сармутахассис, иҷрокунандаи вазифаи муовини сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе фаъолияташ идома меёбад. Соли 2007 ҳамчун муовини сартабиби Беморхонаи клиникии бачагонаи №2-и шаҳри Душанбе фаъолият дошт. Солҳои 2007-2008 дар вазифаҳои муовини директор оид ба корҳои атфоли Маркази саломатии шаҳрии №11-и шаҳри Душанбе, сартабиби Санаторияи ҷумҳуриявии кӯдаконаи «Тангаӣ» кор кард. Аз соли 2008 директори Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии солимии кӯдакон мебошад. Аълочии тандурустии Тоҷикистон аст.

Вақте вориди ҳуҷраи кории Қ.Шоев шудем, навиштаҷоти зиёди пандомезро дидем, ки дар ҷевон насб гардидааст. Ҳадиси Пайғамбар Муҳаммад (с) дар ҷойи намоёнтар аст: «Барои ободонии дунё ончунон бикӯш, ки гӯиё ҳеҷ гоҳ намемурда бошӣ, барои ободии охиратат ончунон бикӯш, ки гӯиё фардо мемурда бошӣ». Суҳбати мо низ аз корҳои ободонӣ оғоз ёфт ва сарвари марказ дар ин бора, аз ҷумла иброз намуд:

- Ин бинои ободу зебое, ки мову шумо қарор дорем, тамоман харобу валангор гашта буд. Ниҳоят, аз файзи истиқлолу фазои орому осудагӣ, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, бахусус супоришҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав обод гардида, ба макони тандурустӣ табдил ёфт. Қудуми Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 файзу шукӯҳи онро зиёд кард. Маркази дорои тамоми шароит бо иштироки Президенти муҳтарам ифтитоҳ ёфт. Имрӯз ба Маркази мо аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ беморон меоянд. Онҳо асосан кӯдакону наврасонеанд, ки бемориҳои вазнинро аз сар гузаронида, баъзеашон маъюб гаштаанд. Мо кушиш менамоем, ки дар барқарор кардани саломатии онҳо саҳмгузорӣ намоем.

Ба Марказ сол то сол шумораи муроҷиаткунандагон барои барқарорсозии саломатии кӯдаконашон зиёд шуда истодааст, аз ин рӯ, муҳлати миёнаи бистарии кӯдакони имконияташон маҳдуд кам гардид, ки аз ин баъзе волидайн изҳори норозигӣ мекарданд. Вазъиятро ба инобат гирифта, моҳи апрели соли 2013 Созишномаи сетарафа байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Япония ва Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдакон оид ба васеъ намудани имкониятҳои Марказ баста шуд. Дар натиҷа, бинои аз истифода бозмонда низ таъмиру таҷдид ва барои 30 кат бо таҷҳизоти тиббию реабилитатсионӣ таъмин гардид. Баистифодадиҳии бинои нави Марказ дар арафаи рӯзҳои таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон- 1 июн сурат гирифт. Баъд аз баистифодадиҳии бинои нав шумораи катҳо аз 40 ба 70 адад расида, 50 ҷойи корӣ муҳайё шуд.

Ҳоло дар Марказ зиёда аз 80 кӯдак асосан бо бемориҳои фалаҷи кӯдаконаи мағзи сар ва оризаҳои бемории полиомиелит бистарӣ буда, саломатии худро барқарор намуда истодаанд. Моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи ҳамкории роҳбарияти Марказ бо ташкилотҳои мададрасон, аз он ҷумла бо Агентии рушд ва ҳамкории Туркия дар Тоҷикистон ба Марказ як нақлиёти мусофиркаши тамғаи «Хундай-старекс», 30 кати хоб барои волидайн ва кӯдакони маъюб, ду кондитсионери калон туҳфа карда шуд. Дар самти дастрас намудани маблағҳои ғайрибуҷетӣ ҳоло роҳбарияти Марказ корро бо ташкилотҳои мададрасони ватанию хориҷӣ идома дода истодааст.

Воқеан, мо мушоҳида кардем, ки ин Марказ дорои шароити хуб барои кору фаъолияти табибон ва табобати беморон мебошад. Мизу курсиҳои бароҳат, аробачаҳои махсус барои маъюбон, ороишоти ҷолиб ва ба завқу шавқи кӯдакон мувофиқ аз зумраи чизҳое мебошанд, ки пеш аз ҳама, ба назар мерасанд. Тавре Қамаруддин Шоев гуфт Марказ дорои 2 шуъба (шуъбаи барқарорнамоии бемориҳои дилу шуш ва шуъбаи барқарорнамоии бемориҳои ортопедӣ-неврологӣ) буда, беморон бо усулҳои парафиндармонӣ, обдармонӣ, фаросавтдармонӣ, маҳсдармонӣ, ЛФК, гармдармонӣ, магнитдармонӣ, намакдармонӣ табобат карда мешаванд. Ҳангоми зарурат ҳуҷраи доругузаронӣ низ ба мизоҷон хизмат мерасонад.

Дар муддати панҷ соли фаъолияти Марказ дар ин ҷо зиёда аз 3800 нафар кӯдакон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо бемориҳои гуногун бистарӣ гардида, саломатии худро барқарор намуданд. Давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Марказ 26030 амалиёти физиотерапевтӣ анҷом дода шудааст.

Барои фаҳмидани он ки оё мизоҷон аз хизмати кормандони Марказ қаноатманданд, бо чанде аз онҳо ҳамсуҳбат шуда, ҳамзамон дафтари қайди арзу шикоятҳоро варақ задем.

- Ман аз ноҳияи Ҷиликӯл, бори сеюм аст, ки кӯдакам Гулбаҳорро ба ин ҷо меорам. Саломатии вай хеле беҳтар шудааст. Дар ин ҷо табибони хушмуомила ва ботаҷриба кор мекунанд ва шароиташ хуб аст, — мегӯяд Моҳира Шоева.

Дар дафтари қайдҳо бошад, ягон шикояте ба чашм намерасад. Ҳама навиштаҳо изҳори миннатдорӣ аз табибони ин даргоҳ аст. Чунончӣ, «Ман, модари Ахмедова Нозия мебошам. Бори сеюм аст, ки духтарам дар ин дармонгоҳ табобат мегирад. Саломатии духтарам аз пештара дида хеле беҳтар аст. Раҳмат ба сардухтур Қ.Шоев ва дигар кормандони Марказ».

-«Ман модари Мадина аз ноҳияи Қумсангир. Духтарамро бисёр нағз нигоҳубин ва табобат карданд. Самимона изҳори миннатдорӣ мекунам»…

Теъдоди чунин сипосномаҳо хеле зиёд аст. Дар аксари онҳо аз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ карда мешавад, ки дар ҳаққи маъюбон ғамхориҳои зиёд зоҳир карда, баҳри расонидани кумаки ҳамаҷониба ба онҳо доимо ба масъулон дастуру супоришҳо медиҳад.

Зимни суҳбат сарвари Марказ ва волидайни тифлоне, ки дар ин ҷо табобат меёбанд, аз кори хуби духтурон Бобоҷон Боймуродов, Раҳматулло Шарипов, ҳамшираи калон Гулбаҳор Туғумшоева, ҳамшираи шавқат Ганҷина Одинаева, бародари тиб Давлатхӯҷа Азизов, маҳсгарон Холбӣ Табарова, Ислом Шафиев, кормандони Марказ Умар Мирзоев, Лутфия Раҳимова ёдовар шуданд.

Баъди анҷоми суҳбат ва боздид аз ҳуҷраю толорҳои Марказ назди қабулгоҳ падару модарони зиёдеро дидем, ки бо умеди шифоёбӣ кӯдакони бемори худро барои табобат оварда буданд. Кормандони Марказ кушиш доранд, ки вазифаи худро софдилона ва содиқона ба ҷо оварда, дар барқарорсозии саломатии кӯдакон саҳмгузор бошанд.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»