Дар партави Паёми Президент

Паём – ҳуҷҷати роҳнамунсоз

№15 (3316) 02.02.2015

Паёми  навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 23 январ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид,  аз ҷиҳати фарогирии масоили мубраму муҳими  рӯз ва таҳлили ҳамаҷониба ва  воқеии рушди иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон — Тоҷикистон муҳиму саривақтӣ буда,  раҳнамои кулли сокинони кишвар дар рушди босуботи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи  ҷумҳурӣ хоҳад гашт. Дар Паём сухан аз боби оила ва мақоми он дар ҷомеа рафта, соли 2015- соли оила эълон гардид, ки ин иқдоми наҷибро ба ҳамватанон самимона муборакбод мегӯям.  Дар робита  ба ин мехоҳам оид ба мавзӯи «Оила ва мақоми он дар ҷомеа» чанд андешаи хешро баён созам. 

Оила асоси пойдории давлат ва ҷамъият аст. Инсоният баҳри  рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддин  тӯли қарнҳо ҷаҳду талошҳои зиёд варзида, марҳила ба марҳила ба беҳдошти рафтору  ахлоқ, одоби бунёди  оила ва оиладорӣ, маърифату фарҳанги ҳамзистӣ  замина гузошт, ки ин раванд пайваста ташаккул ёфта истодааст. Яке аз бунёдгузорони одобу ахлоқи баланди  барпо намудани оила  ва одоби оиладорӣ ниёгони некноми мо маҳсуб меёбанд. Эҳтироми зан –модар барои ҳар нафар мояи ифтихор ва қарзи ҷавонмардӣ мебошад.  Зани тоҷик баробари тарбия ва ба воя расонидани фарзанд, дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ  саҳми сазовор гузошта, бо хушахлоқиву покдомании худ шуҳратманд гаштааст. Дар устуворӣ ва пешравии оилаҳо саҳми занону модарон басо бузург аст.

Тадқиқотчиён ба хулосае омадаанд, ки тамоми пешравиҳои олам ба солимии оила сахт марбут аст.  Пизишкон бар он ақидаанд, ки маҳз  ҳаёти оилавӣ  боиси дарозумрии инсон  шуда метавонад.  Оилаи солим  маскани тавлид, тарбия ва нашъунамои насли солим аст. Тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Оилаи солим як омили муҳими пойдории давлат аст ва маҳз фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азизашон расида, номбардорони сазовори давлати соҳибистиқлоли хеш мегарданд».

Дар ҷомеаи мо оила ҳамчун асоси ҷамъият маҳсуб ёфта,  аз тарафи  давлат  ҳимоя ва дастгирӣ меёбад. Дар моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.

Ҳар кас  ҳуқуқи ташкили оила дорад.  Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ  расидаанд,  ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.

Бисёрникоҳӣ манъ аст».

Аз ин рӯ, падарону модаронро зарур аст, ки ба қадри ғамхориҳои мазкур бирасем ва дар навбати худ барои пешрафт ва рушду инкишофи Ватани азизамон- Тоҷикистони соҳибистиқлол  саҳмгузор бошем.

Файзулло НАҶМИДДИНОВ, узви ИЖТ