Раҳоварди сафар

Рӯ ба созандагӣ

№4 (3305) 07.01.2015

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мардуми ноҳияи Рашт (25 сентябри соли 2013) таъкид  доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ноҳияи Рашт дар баробари дигар минтақаҳои  кишварамон бо дастгириву таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат тадриҷан рушд ёфта, сол то сол ободу зебо мегардад.

Туфайли татбиқи санадҳои барномавӣ, қабл аз ҳама Стратегияи миллии рушд, дар манотиқи кӯҳистони кишвар низ дигаргуниҳои зиёд ба назар мерасад. Аз шиносоӣ бо фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳияи Рашт дарёфтем, ки солҳои охир созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия бештар ба назар мерасанд. Чун соҳаи асосии ноҳия  кишоварзист,  пеш аз ҳама ба ин масъала таваҷҷуҳ намудем.

Аз суҳбат бо масъулини ноҳия ва мутахассисони соҳа маълум шуд, ки  кишоварзӣ сол то сол рушд меёбад. Масалан, агар маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзӣ соли 2010-ум 154251 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, дар 11 моҳи соли 2014 ин нишондод ба 421662 ҳазор сомонӣ расидааст.

Шуғли асосии мардуми ин маҳал зироатчигию боғдорӣ ва чорводорӣ маҳсуб меёбад. Барои муқоиса, агар соли 2011- ум 155,2 гектар боғ бунёд ёфта бошад, соли 2014- ум 360,1 гектар боғҳои нав дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия ташкил шудаанд. Дар доираи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2014» дар маҷмӯъ 976 гектар боғ бунёд шуд. Дар ин давра аз майдони умумии 4559 гектар боғот 787 гектараш аз нав барқарор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохӯрӣ бо мардум иброз доштанд, ки  шароити иқлими ноҳия барои рушди соҳаи боғдорӣ бо истифода аз навъҳои маҳаллӣ ва навъҳои дар бозор рақобатпазири себу нок мувофиқ мебошад.

Майдони умумии кишти зироатҳои кишоварзӣ соли 2010- ум 6380 гектарро ташкил дода бошад, соли 2014 ин рақам ба 7392 гектар расидааст.

Картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади хоҷагии халқи ноҳия ба ҳисоб меравад. Ба ҳисоботи оморӣ назар меандозем: соли 2010 картошкапарварони ноҳия 35015 тонна картошка истеҳсол кардаанд. Соли 2014 бошад, ин нишондод ба 40256 тонна расидааст ё ба андозаи 14 фоиз афзоиш ёфтааст. Яке аз сарчашмаҳои фаровонҳосилӣ дар истеҳсоли картошка ин дарёфти тухмии хушсифат ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти ин ба воситаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2011- 2013 аз ноҳияҳои Ғончӣ, Ҷиргатол ва Тоҷикобод ба ноҳия 799 тонна картошка ворид карда шуд. Аз ҳисоби Ассотсиатсияи тухмипарварони Тоҷикистон 38,2 тонна тухмии ғалладонагӣ дар ноҳия гардиш дорад, ки аз он деҳқонон ҳосили хуб ба даст меоранд.

Фаровонҳосилӣ, пеш аз ҳама, ба обёрии заминҳо вобастагӣ дорад. Давоми солҳои 2011- 2014-ум 93 километр иншооти обрасон, пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ сохта ва таъмиру тармим ёфта, майдони зиёда аз 560 гектар бо об таъмин шуд.

Дар натиҷа, маҷмӯи маҳсулоти растанипарварӣ ҳам зиёд гардида, истеҳсоли мева аз 4175 тоннаи соли 2010 ба 13593 тонна, картошка аз 35015 ба 40256 тонна расонида шуд. Саршумори чорвои калон ва моли майда низ рӯ ба афзоиш дорад.

Афзуншавии истеҳсоли маҳсулот ба ғанӣ гаштани буҷети маҳаллӣ мусоидат кардааст. Чунончӣ, дар ибтидои соли 2011 захираи пулии буҷети маҳаллии ноҳия ҳамагӣ 46 ҳазор сомониро ташкил медод. Соли 2010 нақшаи ҷамъоварии андозҳо ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ иҷро нашуд ва давоми сол бақияпулиҳои андоз 631 ҳазору 952 сомонӣ зиёд гардид. Корхонаҳои бузурги кони ангишти «Назарайлоқ» ва «Камароб» даҳҳо ҳазор сомонӣ аз пардохти андоз қарздор буданд. Пардохти музди меҳнати кормандони буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ низ ҳолати ногувор дошт. Соли 2014 бошад, даромад аз ҳисоби воридоти андозҳо 23 миллиону 898,3 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбати соли 2010- ум 14 миллиону 600,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Танҳо дар 11 моҳи соли 2014 нисбат ба нақшаи пешбинишудаи солона ба андозаи 1 миллиону 608 ҳазор сомонӣ зиёд андоз  ҷамъоварӣ гардид.

Бо таъмини барзиёди нақшаи ҷамъоварии андоз созандагиву ободонӣ дар ноҳия ривоҷу равнақи тоза пайдо намуд. Таҳлили раванди иҷрои корҳои таъмириву сохтмониро дар солҳои 2011- 2014 метавон ҳамчун давраи вусъат гирифтани ободониву созандагӣ дар ноҳияи Рашт унвон кард.

Маҳз дар ҳамин давра даҳҳо иншоот сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифта, симои ноҳия куллан тағйир ёфт. Агар дар соли 2010 аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ шумораи иншооти сохташаванда дар ноҳия шаш ададро ташкил дода бошад, ин нишондод дар чор соли охир ба 359 адад расида, маблағи он ба 144,2 миллион сомонӣ баробар шуд.

Тибқи дастури Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012- 2016» таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 таҳти №600 тасдиқ шуд. Тибқи Барномаи мазкур, давоми панҷ сол дар ҳаҷми 105,2 миллион сомонӣ ва 19,9 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ намудани сохтмону барқарорсозии 73 иншооти муҳими хоҷагии халқ дар ҳудуди ноҳияи Рашт ба нақша гирифта шудааст. Барномаи мазкур ҷиҳати таъмини  рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ин барнома афзалият ва самтҳои асосиро барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои  иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, давра ба давра бештар ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ муайян менамояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷоя бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур ва истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудокарда тадбирҳо меандешад. Ҳоло ин Барнома зина ба зина амалӣ мешавад.

Агар корҳои басомонрасонидаи чор соли охирро таҳлил намоем, маълум мешавад, ки бо истифодаи  маблағҳои буҷетӣ кори зиёд анҷом ёфтааст. Маблағҳои аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои иҷрои корҳои сохтмону ободонӣ дар давоми солҳои 2011- 2014 ҷудогардида ба 20 миллиону 731,7 ҳазор сомонӣ баробар буда, нисбат ба нишондоди солҳои 2007- 2010- ум 16 миллиону 689,2 ҳазор сомонӣ ё 5,1 баробар зиёд мебошад. Аз ҳисоби ин маблағҳо 17 бинои нави таълимӣ, 98 синфхонаи иловагӣ, 24 маркази саломативу бунгоҳи тиббӣ, 12 китобхона сохта ва дар масофаи 16,34 километр роҳҳои маҳаллии ҳудуди ноҳия мумфарш шудааст.

Аз ҳисоби маблағҳои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, идомаи сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳия ба маблағи 2 миллиону 116 ҳазор  сомонӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №58-и деҳаи Яхакпаст ба маблағи 176 ҳазор сомонӣ, деҳаи Баҳористон ба маблағи 161 ҳазор сомонӣ ба иҷро расид.

Бо дастури Роҳбари давлат ва маблағгузории ширкати «Синохайдро»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой барои азнавсозии роҳи мошингарди маркази ноҳия 3 миллиону 627 ҳазор сомонӣ масраф гардид.

Ба ҳолати 1 декабри соли 2014 дар ноҳия 112 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад.  Яъне, шумораи умумии муассисаҳои таълимӣ тайи солҳои 2011- 2014 панҷ адад зиёд шуда, 24 мактаби таҳсилоти асосӣ ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва даҳ мактаби ибтидоӣ ба мактабҳои таҳсилоти умумии асосӣ табдил дода шуд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо шумораи хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ афзуд. Агар соли хониши 2010- 2011 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия шумораи хонандагони синфҳои 10- 11-ум 1837 (духтарон 594) нафарро ташкил мекард, соли хониши 2013- 2014 шумораи онҳо ба 2744  (духтарон 1155) нафар расид.

Аз тарафи соҳибкорон дар маркази ноҳия бозори хусусӣ бо маблағи 2345 ҳазор сомонӣ сохта шуд ва зиёда аз 1000 ҷойи нави кор муҳайё гардид.

Соли 2013-ро метавон соли созандагиву ободкорӣ номид. Давоми сол дар ноҳияи Рашт сохтмони 123 иншоот ба маблағи 39812 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ин 7615 ҳазор сомониаш аз буҷети маҳаллӣ ва 4976,5 ҳазор сомониаш аз ҳисоби соҳибкорони ноҳия буда, 88 иншоот бо ин маблағгузорӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Боиси ифтихор аст, ки моҳи сентябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар маркази ноҳия  парда аз болои муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ бардошта, ба фаъолияти бинои нави Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои зертобеи он расман оғоз бахшид. Сарвари давлат дар ифтитоҳи дигар иншоот низ иштирок намуд.

Соли 2014 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  корхонаи истеҳсоли орд бо иқтидори 50 тонна дар як баст бо маблағи 11,4 миллион сомонӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корхона имконияти нигоҳдории 4 ҳазор тонна ғалла дорад.

Давоми солҳои 2011- 2014 дар соҳаи фарҳанги ноҳия низ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад. Аз таъмин набудани қасри фарҳанг ва театри халқӣ бо таҷҳизоти тақвияти овоз, сару либос ва асбобҳои мусиқӣ ҳунармандон бо мушкилоти зиёд  мувоҷеҳ буданд. Барои қасри фарҳанг ва театри халқии ноҳия бо арзиши 80 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти тақвияти овоз, асбобҳои мусиқӣ ва ба маблағи 17 ҳазор сомонӣ сару либос харидорӣ  шуд. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои нуҳ хонаи фарҳанги назди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таҷҳизоти тақвияти овоз ва асбобҳои мусиқӣ харидорӣ гардид, ки маблағи барои ин кор сарфгардида 130 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ташкил ва гузаронидани озмунҳои «Булбулони хушнаво», «Шоми меҳр» ва рӯзҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар маркази ноҳия имкон дод, ки сафи ҳунармандони маҳаллӣ зиёд гардад. Беҳтарин истеъдодҳо барои кор ба бахши фарҳанг даъват шуданд.

Солиёни зиёд боғи фарҳанги шаҳраки Ғарм аз назарҳо дур афтода буд. Соли 2013 барои таъмиру таҷдиди он 1 миллиону 408 ҳазор сомонӣ масраф гардида, ҳоло боғи мазкур бо растаю гулгаштҳои зебояш ҷойи дамгирӣ ва сайругашти сокинони шаҳрак мебошад.

Соли 2014 аз маблағҳои буҷети маҳаллӣ барои хариди масолеҳи бинокорӣ 485849 сомонӣ ҷудо гардида,  12 китобхона сохта шуд.

То соли 2011 дар аксар деҳаҳои ноҳия сокинони маҳал аз тамошои барномаҳои телевизион ва радио маҳрум буданд. Дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 20 нуқта барои пахши барномаҳои Шабакаи якуми «Телевизиони Тоҷикистон», дар даҳ нуқта барои Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва дар ҳафт нуқта барои Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон» ва Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» фиристандаҳои телевизионӣ васл карда шуд. Барои ташкили нуқтаҳои радиошунавонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ 27170 сомонӣ ҷудо гардид.

Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имкон дод, ки мардум пасандози худро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ сарф намоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия ҷиҳати таъмини иҷрои қонуни мазкур тадбирҳои зарурӣ меандешад. Комиссияҳои ноҳиявӣ ва ҷамъиятии назди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо, ки шумораи онҳо дар ноҳия 114 ададро ташкил медиҳад, тибқи нақшаи муайян бо мардум вохӯриҳо гузаронида, мазмуну моҳияти қонунро ба онҳо мефаҳмонанд.

Давоми солҳои 2011- 2014 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Рашт ва дастгирии мардони саховатпеша дастаҷамъона хатнасури 4126 нафар кӯдакон ва тӯйи арӯсии 94 ҷуфт аз оилаҳои бепарастору камбизоат дар ноҳия гузаронида шуд.

Ноҳияи Рашт бо дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сол то сол зебо шуда, мардум зери ливои ваҳдату якпорчагӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ пуштибонӣ менамоянд, баҳри ободиву шукуфоии ноҳия ва Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳлона заҳмат мекашанд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»