Иҷрои қонун

Сарфаю сариштакорӣ баракати зиндагиро меафзояд

№152 (3298) 24.12.2014

Раванди иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳаёти сокинони ҷумҳурӣ равона гардидааст, чӣ тавр ҷараён дорад?

Дар ин бора бо сармутахассиси бахши кор бо дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Саидов ҳамсуҳбат гардидем, ки фишурдаи андешаҳои мавсуфро  пешкаши хонандагони рӯзнома мегардонем.

- Қабл аз ҳама, бояд зикр намоям, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санади меъёрии ҳуқуқиест, ки зиндагии мардумро ба танзим дароварда, ба рӯзгори мо баракат бахшидааст.

Воқеан ҳам, то қабули қонуни мазкур баргузории тӯю маъракаҳо ба як мусобиқаи бемаънии худнамоӣ табдил ёфта буд. Ҳол он ки исрофкорӣ дар дини мубини Ислом ҳамчун амали куфру носавоб маҳсуб меёбад ва дар ҳадиси Пайғамбар (с) низ омадааст:  «Ҳар кӣ исроф мекунад, ҳамтабақи иблис аст».

Таърих худ гувоҳ аст, ки гузаштагони мо сариштакор буда, ба сарфи беҳуда роҳ намедоданд. Онҳо ҳеҷ гоҳ одоби маъракаороиро, ки аз камхарҷу озод, сидқонаву бетамаъ будан ва аз доираи дороӣ берун нашудани соҳибмаърака иборат аст, поймол намекарданд. Ба ивази қарз чизеро рӯйи дастурхон намегузоштанд, зеро онро ҳаром меҳисобиданд.

Аз қабули қонун муддати зиёде нагузашта бошад ҳам, имрӯз самараи он баръало намоён аст. Мавриди зикр аст, ки баъди қабули қонун дар ҳама ташкилоту идораҳо, аз ҷумла дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, дар шаҳраку деҳот ва ғайра бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ташкил карда шуд, ки айни замон фаъолияти босамар доранд.

Чунончӣ, давоми 11 моҳи соли 2014 дар деҳоти «Гулистон» 815 маърака, аз ҷумла 590 тӯйи домодию арӯсӣ, 65 тӯйи суннатӣ (хатнасур), 70 маъракаи чил ва 90 маъракаи сол баргузор шудааст, ки ҳамагӣ дар чаҳорчӯбаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирифтааст, зеро Комиссияи доимоамалкунанда оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар деҳоти мазкур барои камхарҷу сарфакорона гузаронидани тӯю маъракаҳо ва дигар чорабиниҳо дар байни аҳолӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.

Бояд зикр кунам, ки байни аҳолӣ бо ду роҳ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурда мешавад: бо роҳи суҳбату гуфтугӯйи рӯ ба рӯ ва бо роҳи дастрас кардани китобу маҷаллаҳо ва дастурамалҳо. Бо намояндагони дин дар масҷидҳо ҳамкориро ҷиддӣ ба роҳ мондаем ва якҷоя дар байни мардум мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Тибқи қонун, ҷавонон то аз қайди ақди никоҳи давлатӣ нагузаранд, ба никоҳи суннатӣ иҷозат дода намешаванд. Домуллои деҳа то ба иҷозатнома ва варақаи маълумотномаи қайди ақди никоҳи давлатӣ шинос нашавад, никоҳи суннатии ду ҷавонро ба ҷо намеорад.

То давраи қабули қонуни мазкур, пеш аз барпо шудани тӯйи арӯсию домодӣ маъракаҳои «фотиҳатӯйӣ», «маслиҳатошӣ», «идонабарӣ», «сандуқбарон», «сарупобинон», «чойгаштак» ва баъди баргузории тӯй бори дигар аз ҷониби қудоҳо «арӯсбинон», «чодарканон», «равғанрезон», «қудоталбон», «арӯсталбон», «домодталбон» ва ғайра чун анъана баргузор мешуданд, ки хушбахтона, имрӯз аз байн бардошта шудаанд.

Зимни суҳбатҳо бо аҳолӣ мо ҳамеша таъкид мекунем, ки ба ҷойи маъракаҳои серхароҷот, ки боиси бенаво шудани оилаҳо мегардад, беҳтараш барои фарзандони худ шароити таҳсилро фароҳам бисозанд, зеро дар тарбияи фарзанд нахуст оила нақши муҳим мегузорад ва ташаккули хислатҳои неку бади инсон аз оила ибтидо мегирад.

Хулоса, натиҷаи фаъолияти хуби комиссияи доимоамалкунандаи деҳоти «Гулистон», комиссияҳои ҷамъиятии деҳаҳо ва дарки масъулияти худи мардум аст, ки дар ҳудуди деҳот ҳолатҳои қонуншиканӣ дар баргузории тӯю маъракаҳо ва маросимҳо ба қайд гирифта нашудаанд.

Тазаккур бояд дод, ки шахсони саховатпеша ба амалҳои неку хайрхоҳонаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ карда, тӯйҳои суннатии фарзандони оилаҳои камбизоатро баргузор менамоянд, ки ин ҳам савоб асту ҳам хайр. Ҳамчунин боиси дастгирист, ки гузаронидани ин гуна чорабиниҳои хайрхоҳона дар рӯзҳои таҷлили ҷашнҳои умумиҷумҳуриявӣ – Ҷашни Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолият ва Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту идораҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар маҷмӯъ, масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо кори умумихалқист ва дар он саҳм гирифтан вазифаи ҳар яки мост.

Таҳияи Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»