Узвият ба конвенсия эътирофи ҳуҷҷатҳоро сода менамояд

№114-115 (3260-3261) 03.10.2014

Ба наздикӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи сафари Котиби генералии Конференсияи Гаага оид ба ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ Кристоф Бернаскони ба Тоҷикистон, нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар нишасти мазкур оид ба «Ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои хориҷӣ: қадамҳои минбаъда» сухан рафт. Кристоф Бернаскони зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасмандии худро нисбати ҳамроҳ шудан ба Конвесияи Гаага оиди Апостил зоҳир намуд. Гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳлили ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои заруриро ба итмом расонида, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабулшавии Конвенсия оид ба Апостил», дастурамал доир ба Апостилкунонӣ ва ислоҳоту иловаҳо ба нуҳ қонун доир ба ҳамроҳшавӣ ба Апостилро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор  дод. Дар назар аст Ҷумҳурии  Тоҷикистон то охири соли 2014 ба Конвенсияи Апостил ҳамроҳ шавад.

Бояд гуфт, ки бо мақсади содатар кардани раванди эътирофи ҳуҷҷатҳои хориҷӣ соли 1961 дар Гаага  Конвенсияе, ки талаботи легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷиро бекор менамояд, ба имзо расид. Конвенсияи Гаага тартиби наверо ҷорӣ кард, ки мувофиқи он барои тафтиши аслии ҳуҷҷати расмӣ аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлате, ки ҳуҷҷатро ирсол намудааст, «Апостил» гузошта мешавад. «Апостил» муҳри махсусе мебошад, ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ гузошта мешавад ва аз тасдиқ кардан дар мамлакатҳои узви Конвенсияи Гаага оид ба Апостил озод аст. То имрӯз 107 давлат иштирокчии Конвенсияи Гаага мебошад.

Рӯзноманигорон оид ба манфиатҳои ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага  суол карданд. Кристоф Бернаскони изҳор дошт, ки дар ҳолати аъзо шудани Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага  имкониятҳои рафтуомад ва пешбурди соҳибкорӣ барои тоҷикистониён дар дигар давлатҳо  васеъ гардида, барои шаҳрвандони кишвар  имконияти истифодаи ҳуҷҷати Апостилшуда  пайдо мешавад, ки дар ҳамаи мамлакатҳои иштирокчии Апостил эътибор доранд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»