Омодагии муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо

№107 (3092) 27.08.2013

Тайёрӣ ба мавсими зимистонгузаронии муассисаҳои соҳаи маориф яке аз маъракаҳои муҳим маҳсуб меёбад. Ба хотири иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013 таҳти рақами 122 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014» дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ корҳои таъмирӣ ва рафти захиранамойии сӯзишворӣ идома дорад.

Тавре ки дар суҳбат сармутахассиси шуъбаи маркетинг, моликият ва хариди давлатии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Обида Саидмуродова зикр намуд, мутобиқи маълумоти мавҷуда то ба аввалҳои даҳаи дуюми моҳи августи соли равон аз ҷониби муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ҷамъ 21519,2 тонна ангишт, ки 59,7 фоизи нақша, 21005 метри кубӣ  ҳезум 38,3 фоизи нақша ва 21 тоннаву 493 литр сӯзишвории дизелӣ, ки 10,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, харидорӣ шудааст. Инчунин дар ҳаҷми 16766 метри квадратӣ тирезаҳо шишабандӣ карда шудаанд, ки иҷрои 70 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.  Рафти корҳо барои зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ нишон медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта захираи ангишт 13,3 фоиз, ҳезум 9,5 фоиз ва шишабандӣ 6,5 фоиз зиёд мебошад.

Нақшаи харидории ангишт дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд 84,2 фоиз, ҳезум 89,0 фоиз, шишабандӣ 99,3 фоиз  ва сӯзишвории дизелӣ 39,8 фоиз иҷро шудааст.

Ба ҳамин тартиб дар  вилояти Хатлон захираи ангишт 62,1 фоиз, ҳезум 29,5 фоиз, шишабандӣ 67,0 фоиз, сӯзишвории дизелӣ 4,6 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон захираи ангишт 14,8 фоиз, ҳезум 25,6 фоиз, шишабандӣ 33,5 фоиз, шаҳри Душанбе захираи ангишт 54,7 фоиз, ҳезум 89,3 фоиз, шишабандӣ 80,7 фоиз, сӯзишвории дизелӣ 56,2 фоиз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ захираи ангишт 64 фоиз, ҳезум 46,3 фоиз, шишабандӣ 83,8 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ  11,8 фоиз  иҷро гардидааст.

Обида Саидмуродова гуфт, ки дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ захираи ангишт 67 фоиз, ҳезум 46,2 фоиз, шишабандӣ 78 фоиз, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ захираи ангишт 37,2 фоиз, ҳезум 49,8 фоиз, шишабандӣ 30,6 фоиз, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  бошад, захираи ангишт 73,8 фоиз, ҳезум 20,3 фоиз ва шишабандӣ 43,4 фоизро ташкил менамояд.

Шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Сарбанд, Панҷакент, Қайроққум, Исфара, Б. Ғафуров, Шаҳристон, Ғончӣ, Зафаробод, Айнӣ, Бохтар, Ҷ.Румӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Файзобод, Варзоб, Шаҳринав,Темурмалик ва Ҷ. Расулов иҷрои захираи ангиштро ба сад фоиз расонидаанд.

-Дар маҷмуъ бояд зикр кард, ки масъалаи гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 ва сари вақт омода намудани муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба зимистони дарпешистода пайваста дар ҷаласаҳои Ситоди фаврии Вазорати маориф мавриди муҳокима  қарор дода мешавад, — изҳор дошт дар хатми суҳбат О. Саидмуродова.

Х. ШАРИПОВ,  «Садои мардум»