Онҳо соҳибэҳтироманд ва ҳаёташон намунаи ибрат аст

№16 (3317) 05.02.2015

Имсол дар  як қатор  кишварҳои ҷаҳон 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил мешавад.  Барои Тоҷикистон низ ин сана фаромӯшношуданист, зеро дар ин ҷанги хонумонсӯз ҳазорҳо ҷавонмардони диловари тоҷик ҷангида, қисми зиёдашон ба ҳалокат расиданд. Он ҷангро дар таърих ҳамто набуд. Ҷанг барои Тоҷикистон низ талафоти гарон ба бор овард ва Рӯзи Ғалаба барои ҳама хушоянду азиз буд. Инак, 70 сол боз  ин сана ҳамчун ид таҷлил мешавад ва мардум бори дигар он солҳои мудҳишро ба ёд меоранд, ки сабақест барои имрӯзиён.

Имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин ҷашн омодагӣ дида истодаанд. Ба ин муносибат дар ҳама шаҳру ноҳияҳо нақшаҳо тарҳрезӣ шуда, корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Инро чанде пеш мо зимни сафар дар шаҳри Роғун низ мушоҳида кардем.  Раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз  зимни  суҳбат бо мо гуфт, ки дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ситоди махсуси омодагӣ ба ҷашни 70-солагии Рӯзи Ғалаба таъсис дода шудааст. Ба наздикӣ ҷаласаи нахустини ситодро гузаронида, нақшаи чорабиниҳоро муайян кардем. Ният дорем, ки дар боғи марказии фарҳангу фароғатӣ як маҷмааи мемориалӣ ба хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бунёд кунем. Ҳамчунин ба таҳияи китобе шурӯъ кардем, ки корнамоии онҳое, ки аз ин минтақа ба фронт рафта, диловарию мардонагӣ нишон додаанд, бозгӯйӣ менамояд. Илова ба ин, дар таълимгоҳҳо, китобхонаҳо баргузории суҳбату мулоқот бо собиқадорон, ташкили намоишгоҳҳои китобӣ, расму суратҳо дар назар дошта шудааст.

Сарварии Шӯрои собиқадорони шаҳри Роғунро  Абдураҳим Қозиев бар уҳда дорад.  Вай аз зумраи наврасони замони ҷанг буда, мушкилоти он солҳо ва марҳилаи баъдиҷангиро дидааст. Қариб 40 соли ҳаёти хешро ба кори омӯзгорӣ бахшида, ҳамзамон дар идораҳои давлатӣ фаъолият кардааст.

- Он солҳо падарону бародаронамон ба фронт рафта, дар ақибгоҳ низ зиндагӣ мушкил ва қаҳтию гуруснагӣ гиребонгири мардум буд. Мо — наврасон баъди ҷамъоварии майдони ғаллазор ба хӯшачинӣ мебаромадему то бегоҳ он насибаеро, ки пайдо мекардем, бо аҳли хонавода ҳамроҳ истеъмол менамудем,- ба ёд меорад бобои Абдураҳим.

Номбурда шукр мекунад, ки ҳаёти осоишта насибамон гашт, вале бо таассуф мегӯяд, ки ин ҳодисаи таърихӣ барои баъзе сиёсатмадорону ҷаҳонхоҳон дарси ибрат нашудааст ва онҳо ба иғвою дасиса пардохта, дар бисёр гӯшаҳои дунё оташи ҷангу низоъҳоро аланга мезананд. Чунин инсонҳо бехираду беандешаанд, агарчӣ дар сурат одамианд, вале гургтинатанд.

Тавре аз суҳбат бо масъулони шаҳр ва раиси Шӯрои собиқадорон маълум гашт, имрӯз  дар шаҳр ҳамагӣ нуҳ нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд ва дар ҳаққи онҳо ғамхориҳо зоҳир карда мешавад. Соли гузашта барои собиқадори ҷанг Дӯст Умаров дар зодгоҳаш — деҳаи Қандак хонаи истиқоматӣ бунёд  ва таври ройгон туҳфа карда шуд.

Мо бо роҳбаладии мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун Абдухолиқ Ҷойлобов ба аёдати бобои Дӯст рафтем. Деҳаи баландкӯҳи Қандак аз маркази шаҳр 20 километр дур аст. Бо роҳҳои пурпечутоб, ки барфи чандрӯза ҳаракати мошинро мушкилтар карда буд, ба ин деҳа расидем. Миёни хонаҳои деҳот манзили навбунёде ба назар намоёнтар буд. Бобои Дӯст дар кунҷи хона, болои кат нишаста буду набераҳояш дар паҳлуяш бозӣ мекарданд. Хеле хушҳол шуда, арзи миннатдорӣ кард:

- Хуш омадед, фарзандони азиз. Ман аз Президенти азизамон Эмомалӣ Раҳмон бисёр миннатдорам, ки мани мӯйсафедро фаромӯш намекунанд. Бубинед, чӣ хел бароям хонаи хуб сохтанд, шароити хуб бароям муҳайё сохтанд. Ҳамеша дуо мекунам, ки  сарбаланд бошанд.

Барои он ки мӯйсафедро бисёр ташвиш надиҳему хаста нашавад, каме эшонро аҳволпурсӣ карда, бо ӯ хайрухуш намудем.

-Ин гуна одамон арзандаи ҳама гуна ғамхорию эҳтироманд, зеро онҳо барои озодию осоиштагии насли минбаъда ҷонбозиҳо ва хизмати холисона кардаанд. Ҳаёташон барои насли имрӯз ибрат аст,- хулоса намуд А. Ҷойлобов.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»