10 ноябр - Рӯзи милитсия

Қонунҳо нақши милитсияро дар ҷомеа барҷаста карданд

№138 (3618) 08.11.2016

Рамазон ХамроМусоҳиба бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ таъкид доштанд, ки барои таъмини волоияти қонун, суботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир — терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ муборизаи қотеъона баранд. Дар ин самт умури корҳои дохилӣ чӣ тадбирҳо амалӣ кард?

- Аз тарафи ҷузъу томҳои вазорат дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 435 аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ, аз ҷумла «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ансоруллоҳ», «Салафия», «Давлати исломии Ироқу Шом», Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ғайра дастгир шуданд. Инчунин, дар ин давра аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 682 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ барои ҷалб ва иштирок дар муҳорибаҳои мусаллаҳонаи хориҷи кишвар муайян шуда, нисбат ба онҳо 484 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд. Аз ин ҳисоб 191 нафар дастгир гардиданд. Бо андешидани корҳои фаврӣ — ҷустуҷӯйии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз хориҷи кишвар 22 нафар баргардонда шуданд.

- Шомилшавии баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва иштирок дар муҳорибаҳои мусаллаҳона дар кишварҳои ғайр боиси нигаронии ҷиддист. Оё корҳои таблиғотӣ натиҷа доданд?

- Ҳоло дар сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистии давлатҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон 1100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ меҷанганд.

Пеш аз ҳама, кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротгаро гирифта шавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шомилшавии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба гурӯҳҳои террористии бо ном «Давлати исломӣ» нисбат ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст, зеро аксари онҳо дарк намудаанд, ки шиорҳои «ҷиҳод барои ислом», «мубориза алайҳи кофирон ва бо ин восита роҳ ёфтан ба ҷаннат»… дурӯғанд. Нафарони аз чунин минтақаҳои даргир фироркарда низ исбот карданд, ки ба ҷуз куштор ва харобкорию ғоратгарии мардуми бегуноҳ аз ҷониби гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» дигар амале анҷом нашудааст.

Бисёрии гумроҳшудагон изҳори пушаймонӣ карда, роҳи дурусти зиндагиро пеш гирифтаанд. Қонунгузории ҷорӣ низ додани сабукӣ ва аз ҷазои ҷиноятӣ озод намудани ин шахсонро, бинобар изҳори пушаймонӣ кардан, пешбинӣ кардааст.

Дар натиҷаи бурдани корҳои таблиғотӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 80 нафар бо хоҳиши худ ба Ватан баргардонида шуданд.

- Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», ки аз 19 марти соли 2013, №954 мавриди амал қарор дорад, нисбат ба шахсоне, ки амалҳои зӯроварӣ дар оиларо содир мекунанд, чӣ чораҳо андешида шуд?

- Вазорати корҳои дохилӣ дар маҳалҳо доир ба иҷрои қонуни мазкур тадбирҳои зиёдро роҳандозӣ намудааст. Баҳри беҳбудии фаъолият дар самти пешгирии зӯроварӣ ва ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо фармони Вазорати корҳои дохилӣ 12 воҳиди корӣ таъсис ёфт. Ба ин вазифаҳо асосан кормандон аз ҳисоби занон таъин шудаанд.

Оид ба зӯроварӣ дар оила дар нуҳ моҳи соли равон 2637 арзу шикоят мавриди баррасӣ ва санҷиш қарор гирифт, ки аз ин шумора 2035 нисбат ба мардон, 595 нисбат ба занон ва 7 нисбат ба ноболиғон мебошад.

Аз ҷониби кормандони милитсия оид ба мазмун ва мундариҷаи ҳар як шикояти воридшуда санҷишҳои объективона гузаронда, вобаста ба дараҷаи зарари ҷисмонии расондашуда ва сабабу омилҳои он, аз ҷумла расонидани зарари вазнин 20 ҳолат, латукӯб — 462, азобу уқубат — 60, рафтори авбошона — 83, куштор — 4 ҳолат ва ғайра қарору хулосаҳои зарурӣ бароварда шуд.

Вобаста ба ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила 432 адад протоколҳои маъмурӣ бо моддаҳои 931, 932 — и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуд.

Инчунин, 546 оилаи носолим, ки ҳолатҳои зӯроварӣ ҷой доранд, ба қайд гирифта, бо онҳо корҳои тарбиявӣ бурда мешаванд.

- Доир ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии ҳодисаҳои нохуш, содиршавии амалҳои ҷиноятӣ корҳо чӣ тавр ба роҳ монда шуданд?

- Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти милитсия оғоз гардида, «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» ва «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014 – 2020» мавриди амал қарор доранд.

Ҷиҳати татбиқи «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014 — 2020» бо ҷалби намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин фаъолони ҷомеа Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсатҳои минтақавии он таъсис дода шуданд, ки дар ҷараёни ислоҳоти милитсия фаъолона ширкат намуда истодаанд.

Инчунин, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аҳолӣ Вазорати корҳои дохилӣ дар назди як қатор воҳидҳои сохтории минтақавӣ воҳиди кории «Ёрдамчии сардор оид ба ҳамкорӣ бо ташкилот ва созмонҳои ҷамъиятӣ»-ро таъсис дод, ки онҳо минбаъд ҳамкории милитсияро бо ҷомеа тақвият мебахшанд. Дар доираи ислоҳоти милитсия ба маблағгузории Сафоратхонаи ИМА дар ҷумҳурӣ 36 маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа таъсис ёфт, ки ҷиҳати густариш додани фаъолият дар ин самт мусоидат намуда истодаанд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 67 ситоди дружинаҳои ихтиёрӣ амал мекунанд, ки 17 ҳазор нафар ихтиёриро муттаҳид менамоянд. Фаъолияти дружиначиёни ихтиёрӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №400 аз 2 августи соли 2010 «Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи дружинаҳои ихтиёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда шудааст.

Саҳми дружиначиёни ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ хеле калон аст. Махсусан онҳо дар вақти гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ — варзишӣ ва сиёсӣ — ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд. Дар нимсолаи аввали соли 2016 аз ҷониби дружиначиён зиёда аз 70 ҷиноят кушода шудааст (12 ҷиноят шахсан, 59 ҷиноят дар ҳамкорӣ бо дигар кормандони милитсия). Онҳо 2 ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордоштаро дастгир намуда, 3051 ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ошкор карданд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» таҳкимбахши ҳамкории кормандони ғайриштатӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ гардид. Кормандони ғайриштатӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амният фаъолона иштирок доранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб кормандони милитсия ва онҳоеро, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳм доранд, бо Рӯзи милитсия табрик менамоям.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»