Имрӯзҳо қариб саросари шаҳру деҳоти кишвар барфпӯш аст. Кӯҳсорон ва дашту саҳро қабои сафед ба бар намудааст. Албатта, ҳар як фасли сол дорои боду ҳаво ва табиати хоси худ мебошад. Барфу борон ҳам раҳмати Парвардигор асту боиси серобӣ гардида, ба инсон ва табиат манфиат дорад. Табиист, ки сардиҳо ва барфи зиёд барои одамону олами набототу ҳайвонот мушкилиҳо низ пеш меоварад. Аз ҷумла дар ин айёме, ки ҳама ҷоро барф пӯшонидааст, парандагону ҳайвонот барои дарёфти ғизо мушкилӣ мекашанд ва ба инсонҳо муҳтоҷанд. Инро одамони некдилу хайрхоҳ дарк карда, саъй мекунанд, ки дар ҳар куҷо қадри имкон барои ҷонварон ғизо омода созанд.
Барои кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ин кор як амали муқаррарӣ ва аз ҷумлаи вазифаҳои хизматиашон аст. Онҳо ҳар сол дар мавсими сармо бо мақсади таъмини ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон бо хӯрока ва беталаф баровардани онҳо аз зимистон чораҳо меандешанд.
-Мо ба мавсими зимистон барвақт омодагӣ гиифтем ва нақшаи фаъолиятро таҳия кардем. Барфҳои давоми якчанд рӯз бошиддатборида заминро пӯшонидааст ва вазъи дарёфти ғизо дар чунин ҳолат барои ҳайвоноту парандаҳо мушкил мешавад. Тамоми сохторҳои зертобеи Кумита вазифадор шудаанд, ки фаъолияташонро дар самти гузаронидани чорабиниҳои иловагии биотехникӣ ҷоннок намуда, барои беталаф баровардани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз зимистон тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар робита, аз ҷониби кормандони муассисаву ташкилотҳои тобеи Кумита ба мавзеъҳои сукунати ҳайвоноту парандагон ба миқдори зарурӣ гандум, ҷав, хошоки дурушт ва дигар маводи ғизоӣ бурда шуд,- гуфт ба хабарнигори рӯзнома сардори шуъбаи назоратӣ, истифода ва ҳифзи олами наботот ва ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулқодир Маскаев ва таври мушаххас чунин мисолҳо овард:
- Дар вилояти Суғд, асосан дар ноҳияҳои Спитамен, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ, дар ҷойҳои ҷамъшавии парандагон ва ҳайвонот 600 кило резаи гандум, 600 кило ҷав ва 1200 кило хошоки дурушт пошида шуд. Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон низ дар ин самт фаъолияти густурда анҷом медиҳанд. Аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Данғара тадбирҳо меандешанд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон асосан охири моҳи феврал ва аввали моҳи март, ки айёми серборишии барф дар ин минтақа аст, корҳои биотехникӣ гузаронида мешавад. Алҳол бошад, дар ноҳияи Шуғнон ба ҷойҳои ҷамъшавии парандагону ҳайвонот 207 кило резаи гандум, 2500 кило хошок ва 392 кило намак гузошта шуд. Кормандони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти Кумита дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва минтақаи Рашт низ корҳои биотехникиро вусъат додаанд.
Бояд тазаккур дод, ки барои пешгирии талафёбии олами ҳайвоноту парандагон чунин чорабиниҳо дар хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ низ гузаронида мешаванд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»