Парчам-таҷассумгари озодию мустақилият

№146 (3626) 26.11.2016

флагштокПарчам дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ рамзи давлатдорӣ ва соҳибихтиёрист. Парчам, ки муродифи «дирафш» ва «алам» аст, одатан миёни мардум бо номи «байрақ» машҳур мебошад.

«Дирафш» калимаи тоҷикӣ буда, маънояш дурахшидан, партавфишонӣ ва тобидан мебошад. Парчамдории аҷдоди мо аз замони Коваи оҳангар оғоз шудааст, ки бо номи «Дирафши ковиёнӣ» маъруф аст. Дар баъзе сарчашмаҳои адабӣ — таърихӣ онро «Ахтари Ковиёнӣ» низ  гуфтаанд.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аломатҳои хос мебошад: ранги сурхи он рамзи мубориза, ҷоннисории халқ баҳри озодӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, ранги сафед аломати бахту иқболи нек, ранги сабз нишони хуррамӣ ва сарбаландӣ, тоҷ ва ҳафт ситора ифодагари соҳиб­ихтиёрии давлат мебошад.

Бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 — уми декабри соли 1999 таҳти №892 «Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар он нишонаҳо, тартиби афрохтан ва тасвири он пешбинӣ шудааст. 12 — уми майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он масъалаҳои муҳими вобаста ба парчамро ба танзим медарорад.

Парчами давлатӣ таҷассумкунандаи озодию мустақилият ва ҳуқуқи баробар доштан дар ҷомеаи башарӣ мебошад. Парчам муқаддасоти миллат ба ҳисоб рафта, беэҳтиромӣ нисбат ба он ҷурмест нобахшиданӣ. Дар аксар мамлакатҳои дунё барои беэҳтиромӣ ба Парчами миллӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст. Оташзании он аз ҷониби шаҳрвандони як давлат нисбат ба давлати дигар ҳамчун эътироз фаҳмида мешавад.

Парчамро ифодагари марзу буми кишвар низ меҳисобанд. Одатан, вақте ки як давлат аз ҷониби дигар давлат забт мегардид, парчами давлати ғолиб ҳамчун нишони тавонмандӣ ва қудрат барафрохта мешуд. Баъзе аз халқиятҳо 40 миллион аҳолӣ доранд,  аммо то ба ҳол парчами миллӣ ё давлати озоду мустақил надоранд. Миллати курд барои парчамдорӣ солҳост, ки  талош меварзад, аммо бо сабаби надоштани ҳудуди алоҳида, наметавонад давлати худро ташкил намояд.

Ҳамчун рамзи соҳибистиқлолии кишвар одатан парчами давлатҳо дар бинои СММ барафрохта мешавад. Дар онҳо ба таври рамзӣ расми ҳайвонот, парандаҳо, моҳ, ахтар ва ғайра инъикос мегардад. Парчами миллӣ ҳамчун симои давлат дар корхонаву ташкилотҳои давлатӣ низ барафрохта мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ аз 23 — юми ноябри соли 2010 рангҳои Парчами миллиро ифодагари роҳи таърихии халқи тоҷик ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва  сиёсӣ донистааст. Арҷ гузоштан ба Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам рамзи хоси Истиқлолият, соҳибдавлатӣ ва ҳастиву бақои миллат аст. Эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла ба Парчам, бояд дар тафаккуру шуури ҳар як шахс аз хурдсолӣ тарбият карда шавад.  Барои ин мактаб, оила ва  ҷомеа вазифадоранд.

Парчами миллӣ дар эъмори сохти нави давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши калидӣ дорад, зеро дар лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихӣ бо шарофати он мо узви ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидем.

Ба андешаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони эҳтиром ба рӯҳи онҳоест, ки дар  тӯли таърих барои нангу номус ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, бақои забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории миллати куҳанбунёдро бар ивази ҷони худ таъмин кардаанд.

Ҳангоми афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, паҳно ва баландии он парчамҳо набояд аз паҳно ва баландии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон калон ва боло бошанд. Ҳангоми дар як вақт афрохтани шумораи тоқи парчамҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мобайн ва дар мавриди афрохтани шумораи ҷуфти парчамҳо аз марказ дар тарафи чап ҷой дода мешавад.

Биёед, зери Парчами миллӣ саф ороста, баҳри сарҷамъӣ ва сулҳу суботи комил камари ҳиммат баста, сиёсати хирадмандона ва бунёд­коронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, кишвари азизу маҳбубамон — Тоҷикис­тонро боз ҳам ободу зеботар намоем.

Мирзоусмон ГИЁЗОДА, раиси Суди шаҳри Душанбе