Паём роҳҳои рушди иқтисоди миллиро нишон медиҳад

№14 (3494) 02.02.2016

«Соли 2015-ум, бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши фишор ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарафманди кишварамон рушди мусбати иқтисодӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ, суръати афзоиши он 6 фоиз баробар шуд ва сатҳи таваррум 5 фоизро ташкил кард»

(Аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 январи соли 2016)

 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳуҷҷати муҳими раҳнамунсози ҷомеа самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро муайян намуда, дар он  соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат чун ҳамеша ба соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт, дастгирии соҳибкорон, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва дар ин замина ташкили ҷойҳои нави корӣ диққати махсус равона гардидааст. Вобаста ба самти иқтисодии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аброр Мирсаидов андешаҳояшро чунин баён кард:

- Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Давлат ва Ҳукумати кишвар таъмин намудани пешрафти соҳаи соҳибкориро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ қарор дода, барои дастгирии соҳибкорон, таъмини шароити мусоиди ташаккули соҳа тавассути муқаррар кардани имтиёзҳои мухталиф дар соҳаи андозбандӣ, пардохти боҷи гумрукӣ, ҷорӣ намудани мораторий барои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ месозад».

Имрӯз шаклгирӣ ва тамоюли устуворшавии иқтисодиёти омехта, ки дар он ҳамзистии баробар ва рушди шаклҳои гуногуни моликияту хоҷагидорӣ сурат мегирад, ба чашм мерасад. Ғояҳои иқтисодии ҷумҳурӣ дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтаанд. Имрӯз раванди гузариш аз муносибатҳову алоқаҳои анъанавии мардум ба зинаи нави муносибатҳо, ки бо иродаву интихоби оқилонаи ҳадафҳои мушаххаси фаъолияти иқтисодидошта рабт дорад, сурат гирифтааст.  Дар густариши ин раванд шаклгирӣ ва рушди  иқтисодиёти омехта, ҳамзистӣ ва рушди баробари моликияти давлатӣ, саҳомӣ, кооперативӣ, фермерӣ, инфиродӣ ва ғайраҳо хусусиятҳои нав касб карданд. Дар солҳои 1997-2014 теъдоди корхонаҳои хурд аз 2187 адад то 4810 адад расида, имрӯз беш аз 26 ҳазор кормандро фаро гирифтаанд. Ҳаҷми даромад аз фурӯши молу хизматрасонӣ дар корхонаҳои мазкур дар ин давра аз 12, 1 млн. сомонӣ то 4271,1 млн. сомонӣ  (соли 2013) расидааст. Теъдоди нафароне, ки ба соҳибкории инфиродӣ ва ё фаъолияти фардии иқтисодӣ машғуланд, аз 47, 4 ҳазор то 174, 8 ҳазор нафар расидаанд. Имрӯзҳо дар соҳаҳои аграрии мамлакат беш аз 88 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба соли 1997-ум даҳ маротиба афзудааст.  Ба ихтиёри онҳо ҳуқуқи истифодабарии беш аз 5127,8 ҳазор гектар замин вогузор шудааст, ки 74,6 фоизи заминҳои кишоварзии  мамлакатро ташкил медиҳад.

Дар Паём таъкид шуд, ки Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардидааст.

Дар замони муосир фаъолияти инноватсионӣ дар радифи омилҳои пешбарандаи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа қарор гирифтааст. Дар мамлакат асосҳои ниҳодӣ дар ин самт созгор шудаанд.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаест, ки дар он  баробари таҳлили амиқу доманадор роҳҳои рушди иқтисодиёти миллӣ дар давраҳои минбаъда нишон дода шудааст.

Таҳияи Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»