Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд

Рӯдакӣ. Чаро масъулин нисбат ба минтақаҳои хавфнок бепарвоянд?

№40 (3677) 15.04.2017

обхезиДар ҷумҳурӣ 381 минтақаи хавфнок ба қайд гирифта шудааст. Ҳар сол аз ҷониби сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхиси минтақаҳои хавфнок гузаронида мешавад ва барои пешгирӣ кардани ҳолатҳои фавқулода ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маълумот пешниҳод мегардад.

Шумораи умумии аҳолии дар минтақаҳои хатарнок истиқоматкунанда низ муайян гардидааст. Аз ин ҷост, ки дар солҳои 2012-2016 –ум 1446 хоҷагӣ чун муҳоҷири экологӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудааст. Соли 2017, тибқи нақшаи пешбинишуда, 349 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешавад. Бо дарназардошти зиёд шудани ҳодисаҳои табиӣ ва барои сари вақт пешгирӣ намудани онҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода фаъолият доранд ва дар сурати зарурат сари вақт ба онҳо кумак мерасонанд.

Аммо саволи матраҳ ин аст, ки чаро шумораи хонаҳои дар мавзеъҳои хавфнок ҷойгирбуда сол то сол зиёд мешавад? Масалан, ҳоло дар 29 мавзеи хавфноки ноҳияи Рӯдакӣ 276 хоҷагӣ бо 1950 нафар аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар баробари бунёди манзилҳои истиқоматӣ дар заминҳои сафедхок, ки барои бунёди манзил тобовар нестанд, дар шафати дарёҳо низ хонаҳои истиқоматӣ сохта шудааст.

Беш аз 50 дарсади пуле, ки аз болои дарёи Элок мегузарад ва деҳаи Комсомолро бо деҳаи Гулобод мепайвандад, дар ду- се соли охир аз қуму шағал пур шуд. Ҳамин омил боис гардид, ки моҳи майи соли гузашта, баъди селборонҳои шадид, дарёи Элок маҷрои худро дигар кард ва ба хоҷагии халқи деҳоти «Зайнабобод» ва шаҳраки М. Турсунзода зарари ҷиддӣ расонид. Ҳоло дар ҳамин мавзеъ ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои обхезӣ корҳо ҷараён дорад. Аммо бунёди иншооти гуногун дар шафати дарё, ки дар деҳоти «Зайнабобод» ва ҷамоати шаҳраки Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгиранд, то андозае барои пешрафти кор монеа эҷод мекунанд. Дар баробари ин, шумораи манзилҳои истиқоматии дар мавзеъҳои хатарнок ҷойгирбудаи ноҳияи Рӯдакӣ чанд соли охир афзоиш ёфта истодааст. Масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бепарвогиро пеша кардаанд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум бурда мешаванд, вале мутаассифона, онҳо таъсир надоранд. Мутобиқи нақша, соли 2017 аз ин мавзеъҳо кӯчонидани 10 хоҷагӣ дар назар аст.

Бори дигар ёдовар мешавем, ки дар ин мавзеъҳо бунёди манзилҳои истиқоматӣ ҳоло ҳам идома дорад. Ҳол он ки мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ бояд аз соҳили дарё 18 метр дур сурат бигирад.

Масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ итминон доранд, ки айни ҳол бунёди манзилҳои истиқоматӣ дар чунин ҷойҳо ба назар намерасад. Аммо мушоҳидаҳо акси онро нишон медиҳанд. Нодида гирифтани чунин ҳолатҳо аз тарафи сохторҳои марбутаи ноҳияи Рӯдакӣ паёмади нохушеро ба бор меорад.

Сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар заминҳои сафедхок ва ё мавзеъҳое, ки ба бунёди иншоот тобовар нестанд, бештар дар деҳоти «Султонобод», «Чоряккорон» ва «Роҳатӣ» ба қайд гирифта шудааст. Дар баробари ин, шафати дарё дар деҳоти номбурдаи ноҳияи Рӯдакӣ ба партовгоҳ табдил ёфтааст, ки оқибати ногувори экологӣ дорад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки сохтмони худсаронаи манзилҳои истиқоматӣ дар минтақаҳои хавфнок, хусусан дар соҳили дарёҳо, қатъиян манъ карда шавад. Он вақт хатарҳои мавҷуда бартараф ва аҳоливу масъулин аз ташвиш халос мешаванд.

 Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»