Рӯйдоди муҳим дар таърихи тоҷикон

№8 (3488) 19.01.2016

Мақом, рисолати давлат ва миллат дар тӯли таърихи инсоният ба шахсияти пешво ва роҳнамои он вобаста буд ва мемонад. Аз ин ҷост, ки арзи вуҷуд доштани Тоҷикистони соҳибистиқлол, тамоми дастовардҳои миллат дар солҳои истиқлолият, пешрафти он дар оянда, ҷойи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ комилан ба Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат вобаста аст.

Барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик тамоми  тарафҳои шахсияти Пешвои миллат, фаъолияти гуногунҷанбаи ӯ, баръало аён аст. Ӯ ба таърих чун ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ислоҳотчии барҷаста дохил шуд.

Асос ва сарчашмаи ҳамаи комёбиҳои мо дар давраи ҳассоси таърихӣ маҳз ба роҳбарии Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон марбут аст. Ӯ аз худ қудрати бузурги ояндабинӣ ва истеъдоди нодири ба ҳам овардани миллатро дар раванди дигаргуниҳои таърихӣ зоҳир кард.

Пешвои миллат ин симои сиёсие мебошад, ки аз доираи интихоб ва таъин шудан берун аст. Ӯро миллат барои сифатҳои олии шахсиаш дар ҷомеа роҳбари доимии худ эътироф кардааст ва ӯ дар инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва илмию фарҳангии кишвар ҳиссаи махсус дорад.

Дар ҳар давру замон шахсони таърихӣ мувофиқи ҳиссаашон дар пешрафти ин ё он кишвар ба чунин унвон лоиқ дониста шудаанд. Масалан, Пётри 1 дар Россия, Ф. Д. Рузвелт  дар ИМА, Ден Сяопин дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ли Куан Ю дар Сингапур, Шарл-де Гол дар Франсия ва дигарон бо гузаронидани ислоҳоти муваффақонаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар кишварашон ба ин номи баланд сазовор гаштаанд.

Як қисми дигари ходимони сиёсӣ ба ин унвони баланд ба он хотир сазовор дониста шудаанд, ки дар мамлакаташон режимҳои сиёсиро дигаргун намуданд, аз қабили В.И. Ленин, И. В. Сталин, К. Ататурк, Хо Шимин, Ҷ. Абдулносир ва ғайра. Натиҷаи фаъолияти сиёсии онҳо буд, ки дар як муддати кӯтоҳ мамлакатҳояшон ба давлатҳои мутараққӣ табдил ёфтанд.

Дар миёни ин ходимони намоёни сиёсӣ шахсияти Пешвои муаззами тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон мақоми хоса дорад. Ӯ на фақат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, балки Асосгузори давлати тозабунёди Тоҷикистон аст. Бо ин хизматҳои шоёнаш Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар қатори бузургтарин шахсони таърихӣ, ба монанди Камбуҷия – асосгузори давлати Хахоманишҳо, Ардашери Бобакон – Сосониён, Исмоили Сомонӣ – бунёдгузори аввалин давлати миллии тоҷикон, Ҷ. Неҳру – Ҳиндустон, Алӣ Муҳаммади Ҷинно (Қоиди аъзам) – асосгузори давлати Покистон меистад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъд аз 9 сентябри соли 1991 расман ба истиқлолият соҳиб гардид, то Иҷлосияи тақдирсози таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ташаккулнаёфта буд. Сохтор ва сиёсати дохилӣ ва хориҷии он, ба маънии томаш, ифодакунандаи давлатдорӣ набуд. Таври дигар гӯем, вай аз тамоми рукнҳои давлатдорӣ берун буд.

Ибтидои соли 1991 олимони ҷомеашиноси ИМА хусусиятҳои асосии «давлати ташаккулнаёфта»-ро ба таври зер муайян карда буданд:

- давлате, ки дар дохили он ҷанги шаҳрвандӣ давом мекунад ва ҳокимияти давлатии марказӣ онро хомӯш карда наметавонад;

- дар мамлакат дараҷаи таваррум боло меравад, ки боиси беқурбшавии пули миллӣ, баландшавии нархҳо ва паст шудани сатҳи зиндагонии омма мегардад;

- аз кор мондани корхонаҳо ва тадриҷан зиёд шудани теъдоди бекорон;

- мавҷудияти зӯроварӣ бо истифодаи силоҳи оташфишон аз тарафи гурӯҳҳои яроқнок нисбати аҳолии осоишта;

- набудани сарҳади давлатии аниқ ва эътирофнашуда бо давлатҳои ҳамсоя ва системаи назорати онҳо;

- норозигӣ ва баромадҳои оммавии зиддиҳукуматӣ;

- аз назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дур мондани намудҳои гуногуни яроқ;

- дараҷаи пасти эътирофи давлат аз тарафи ҷомеаи байналхалқӣ;

- поён рафтани суръати тараққиёти иқтисодии мамлакат ва хеле кам гаштани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ.

Ҳамаи ин хусусиятҳои «давлати ташаккулнаёфта» дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон мавҷуд буд, яъне Пешвои миллат роҳбарии як давлати фалаҷгаштаро  ба мерос гирифт ва хушбахтона… Бо кӯшишҳои зиёд, қобилият, маҳорат ва истеъдоди нодири сиёсатмадориаш Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ ин вазъиятро тағйир ва кишварро ба як давлати рӯ ба инкишоф  табдил дод. Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёри демократӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Хизматҳои бузургаш  ӯро дар дохили мамлакат  ва берун аз он машҳур гардониданд ва мардум Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои худ хонд. Чанде пеш мақоми олии қонунгузори кишвар – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ин хоҳиши миллатро ба амри қонун даровард. Санаи қабули ин қонун барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик санаи фаромӯшнашаванда аст. Бигузор ин сана ҳамчун Рӯзи Пешвои миллат ҷашн гирифта шавад.

Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат  Эмомалӣ Раҳмон рисолати худро чун шахси таърихӣ дар назди миллат ба хубӣ иҷро карда истодааст. Миллати тоҷик ояндаи дурахшон, дастовардҳои намоёнро дар соҳаҳои иҷтимоиёт, иқтисодиёт ва илму маърифат бе раҳнамоии Пешвои миллат тасаввур карда наметавонад.

Пешвоён барои миллатҳо дар давраҳои муайяни таърихӣ зуҳур ва ҷомеаро ба ояндаи нек раҳнамоӣ мекунанд. Дар таърихи давлатдории тоҷикон чунин пешвое, ки дар як вақт асосгузори давлат, сулҳу ваҳдат, ҳидояткунанда ва роҳнамои миллат дар вазъияти душвор бошад, вуҷуд надошт. Агар дар фаъолияти сиёсии асосгузори давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ баъзе нишонаҳои пешвои миллат аён шуда бошад ҳам, вале ӯ комилан ин рисолати бузурги таърихиро бар дӯш надошт, чунки ӯ ҳокимияти сиёсиро аз бародараш Наср мерос гирифта буд ва фақат онро ҳаматарафа мустаҳкам  намуд. Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум барои миллати тоҷик хизмати беандоза карданд, вале онҳо пешвои миллат шуда наметавонистанд, чунки ин роҳбарони Тоҷикистон фақат иҷрокунандагони амру фармонҳо ва қарорҳои роҳбарияти олии Иттиҳоди Шӯравӣ буданд ва ҳеҷ вақт тақдири миллатро аз рӯи диди худ ва манфиатҳои миллӣ ҳал карда наметавонистанд.

Аввалин маротиба дар таърихи миллати тоҷик ба ин рисолат ва унвони олӣ Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб гардид, ки ин хости миллат аст.

Пешвои миллат намунаи ибрат, қаҳрамонӣ, фидокорӣ ва ҷасорат мебошад ва тамоми кору пайкори вай зери назари миллат сурат мегирад.

Пешво барои миллате, ки мақсадҳои стратегӣ ва ҳаракати пурзӯр  барои ояндаи нек дорад, хеле зарур аст, чунки фақат Пешво қудрати дарки мақсад ва мароми халқро дорад.

Ҷомеаи инсонӣ аз замони зуҳуроташ то ба давраи муосир ҳамеша зарурат ба роҳбари хирадманд, оқилу доно, фидокору пурҷасорат ва умуман ба Пешво дошт.

Мавҷудияти Пешвои миллат хилофи принсипҳои демократӣ дар ҷомеа нест, баръакс, вай ҳама вақт кафили амали принсипҳои демократӣ аст ва ӯ аз рӯи  қонун ва адлу инсоф ҳуқуқ ва манфиатҳои аҳли ҷомеаро ҳимоя мекунад, барои бунёдшавӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоиди ҳаматарафа ба вуҷуд меоварад.

Эмомалӣ Раҳмон, ки миллати тоҷикро аз гирдоби хатар наҷот дод, давлати мутамаддини тоҷиконро бунёд намуд, инкишофи ҳаматарафаи иҷтимоӣ — иқтисодӣ, сиёсӣ ва илмию фарҳангии онро таъмин намуд, номи мавқеи кишварашро дар олам машҳур гардонид ва миллати тоҷик нисбати шахсияти ӯ самимият, эҳтиром, маҳбубият ва эътиқоди беандоза доранд, воқеан ҳам арзанда ва шоистаи ин номи баланд — Пешвои миллат аст.

Г.Д.ГУЛБЕКОВ, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров