6 ноябр - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳнамо ва бахтномаи миллат

№133 (3927) 06.11.2018

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз таҳия ва қабул гардид, яке аз беҳтаринҳо эътироф шудааст.

Дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, зарурати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ таъсис ёфт.

13-уми апрели соли 1993 лоиҳаи пурраи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон омода гардида, бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии умумихалқӣ пешниҳод шуд ва аз ҷониби шаҳрвандон 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Тибқи моддаи 6-уми он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳиб­ихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилон амалӣ мегардонад. Намунаи олии он ин аст, ки халқ бевосита Сарвари давлатро интихоб менамояд ва дар мақомоти олии қонунгузор ва намояндагӣ вакилонро интихоб намуда, дар идоракунии давлат бевосита ё бавосита иштирок менамояд.

Мавриди зикр аст, ки бо дарназардошти равандҳои рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон се маротиба — солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Бино ба гуфти сиёсатшиносони дохил ва хориҷи кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи даҳ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст. Бо қабули он дар таърихи давлатдории миллӣ таҳаввулоти бузург ба вуҷуд омад. Зеро дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт.

Дар ҳақиқат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормони халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард.

Барои амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бавосита ё бевосита амалӣ мегарданд, дар ҷомеа бояд маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон боло бардошта шавад. Мардум бояд донанд, ки дар ҳолати поймол шудани ҳуқуқу уҳдадорӣ ба воситаи муроҷиат ба ниҳодҳои дахлдори давлатӣ метавонанд ҳуқуқҳояшонро барқарор намоянд.

Воқеан, дар 10 боб ва 100 моддаи Конститутсия паҳлуҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, ки шаҳрвандон бевосита онҳоро бояд дар амал татбиқ ва ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунанд.

Дар ҳақиқат, Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ нақши муассир дорад, бинобар ин, арҷ гузоштан ба он бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Зеро, Конститутсия таҷассумгари моҳияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии давлат аст.

Конститутсияро бахтномаи миллат низ ном мебаранд ва ҳар шахс вазифадор аст, ки ҳар банди онро риоя ва ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ метавон ба ҳадафи ниҳоӣ, яъне бунёди давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта расид.

 САМАДЗОДА Бахтиёр Қурбонхон,

муовини сардори Раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон