Роғун. Бунёдкорӣ авҷ мегирад

№71 (4021) 20.06.2019

Сокинони деҳоти «Қадиоб»-и шаҳри Роғун ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа омодагӣ мегиранд.

Имсол дар ҷамоат зиёда 3 ҳазор ниҳоли сояафкану мевадиҳанда ва ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ шинонда шуд. Сокини деҳаи Фаррух Рамазон Фозил як гектар боғи нав бунёд карда, дар муассисаи таълимии деҳа ду синфхонаи нав мавриди истифода қарор гирифт. Илова бар ин, дар деҳаҳои Ҷавонӣ, Чормағз ва Қадиоб гӯшаҳои деҳқон, сартарошхона, мағозаҳои хӯрокворию масолеҳи сохтмонӣ ва дар деҳаи Қалъаи Нав бозори гову мол, ошхонаю чойхона ба истифода дода шуд.

Ҳокими САФАР, шаҳри Роғун