Робитаи милитсия бо аҳолӣ беҳтар мегардад

№97 (3243) 18.08.2014

Афзоиши шумораи аҳолӣ, рушди ҷомеа, вазъияти кунунии олами муосир тақозо мекунад, ки баҳри пешгирию ошкор кардани амалҳои номатлуб робитаи милитсия бо ҷомеа боз ҳам қавию устувор гардад.

Бо дарназардошти ин зарурат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз 30 июни соли 2012 таҳти №1291 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» ба тасвиб расида буд, ки имрӯз мавриди амал қарор дорад. Дар асоси фармони мазкур мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки барои фаъолияти босифати кормандони милитсия, бахусус нозирони минтақавӣ, шароити беҳтарин  фароҳам оваранд.

Қобили зикр аст, ки бо дарназардошти талаботи фармони мазкур аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  якҷоя бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти «Дарбанд», «Сафедчашма», «Хумдон»,  ба номи Иззатулло Ҳалимов, «Муҷихарф» ва «Ҳакимӣ» нуқтаҳои маъмурии милитсия бо беҳтарин шароит ва бо таъмини таҷҳизоту воситаҳои корӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуд.

То ин замон сокинони шаҳраку деҳоти мазкур барои ҳалли мушкилоти ҳуқуқии худ масофаи  зиёдеро тай намуда, ба маркази ноҳия мерафтанд. Ба истифода додани чунин нуқтаҳои маъмурии милитсияро сокинони деҳот нишони таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои роҳбарияти мамлакат маънидод намуданд.

Умед аст, ки ба истифода додани чунин  нуқтаҳои маъмурии милитсия на танҳо ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ба пешгирию ошкор кардани  амалу рафторҳои ҷиноӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад, инчунин ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъсири мусбӣ мерасонад.

Ҳамзамон дар заминаи фаъолият намудани нуқтаҳои маъмурии милитсия дар деҳоти дурдаст сафи дружиначиёни ихтиёрии милитсия аз ҳисоби ҷавонони фаъол меафзояд, ки онҳо метавонанд дар пешгирию ошкор кардани ҷиноятҳо ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба кормандони милитсия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ёрӣ расонанд.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

М. Аъзам, «Садои мардум»