Магӯ бад, ки посух бад ояд…

Сафсатагӯйӣ далели нотавонбинист

№126 (3111) 08.10.2013

Даъвоҳои беасоси Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба зараровар будани фаъолияти КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба вазъи экологӣ шабеҳи он аст, ки нотавонбине бинобар наёфтани нуқсони ҳамсояаш «думи сагатон каҷ» гуфтааст

Таҷрибаи зиндагӣ гувоҳ аст, ки рақиби нотавон дар ҳолати нобаробар будани қувваҳо ва ноҳақ буданаш мекӯшад аз роҳу василаҳои гуногун, ки аксарашон ба макру ҳила ва даъвоҳои аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дур асос ёфтаанд, сӯистифода намояд. Чунин ба назар мерасад, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ бо даъвоҳои беасоси худ нисбати таъсири манфии фаъолияти КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба вазъи экологии минтақа ин усулро мавриди истифода қарор додааст. Онҳо хуб медонанд, ки ин корхонаи азим муҳаррики иқтисодиёти кишвари мо маҳсуб ёфта, саҳмаш дар ғановати буҷети мамлакат ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон хеле бориз аст. Аз ҷониби дигар, ин ширкат бо содир намудани маҳсулоти баландсифаташ ба хориҷи кишвар муаррификунандаи давлати мо дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.

Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки замони шӯравӣ низ ин омил ҷой дошт. Доир ба ин масъала аввалин сарвари корхонаи мазкур Салим Маҳкамбоев чунин нигоштааст: «Ба вазири металлургияи  рангаи  Умумииттифоқ  ва  ба КМ ҲКИШ дар бораи он ки гӯё фаъолияти корхона ба хоҷагии қишлоқ зарар  мерасонад, аз номи чанд нафар ӯзбекҳо шикоят меравад. Вазир ба ман занг зад ва гуфт, ки оиди ин масъала комиссия ташкил карда шуд ва банда низ узви он ҳастам.  Ман ба назди  Қаҳҳор Маҳкамов – Раиси Шӯрои вазирон даромада, он касро огоҳ намудам ва ба шаҳри Тошканд  сафар кардам. Комиссияро Раиси Совети Олии Ӯзбекистон Усмонхоҷаев  пешвоз гирифт. Ба узвияти  комиссия ду нафар муовини вазири металлургияи ранга, мудири шуъбаи экологияи ҳамин вазорат, намояндаи институти санитарию эпидемиологии Иттиҳоди Шӯравӣ низ шомил буданд. Ҳамроҳ бо ҳайати комиссия  ва худи Усмонхоҷаев аввал ба завод  ва баъд ба минтақаҳои Сари Осиё ва Деҳнав сафар кардем. Мо аз хоҷагиҳое, ки ба парвариши ангур, анор ва дигар меваю сабзавот машғул буданд, дидан намудем. Оиди ҳосилнокии муқоисавӣ дар ин хоҷагиҳо тайи чанд соли охир мавод ҷамъ кардем. Рақамҳо гувоҳи он буданд, ки ҳосилнокӣ баъди ба фаъолият шуруъ намудани корхона на кам, балки сол ба сол тамоюли афзоишро касб намудааст. Дар вақти ҷаласа мо ин нишондодҳоро  пешниҳод намуда, гуфтем, ки агар корхона зараровар мебуд, магар ҳосилнокӣ  зиёд мегардид? Ҳайати комиссия  ба якдигар нигаристанду  Усмонхоҷаев  аз як нафар бо забони ӯзбекӣ  (ман онро хуб медонам) пурсид, ки ин рақамҳоро аз куҷо  гирифтед? Ӯ низ дар навбати худ  китф  дарҳам кашида, ваъда дод, ки тафтиш карда мебинад. Баъд аз он шикоят карданд, ки анорҳои машҳури Дашнобод нопухта мемонанд.

Дар посухи ин даъвои беасос ман бо ёрии Домуллоҷонов –профессор, корманди пажӯҳишгоҳи  хокшиносӣ собит намудем, ки аноре, ки моҳи июн об нахӯрдааст, дар вақти табиат муқаррарнамуда сурх нахоҳад шуд. Мо ҳатто бехи  дарахти анорро дар чуқурии 1,5 метр канда, исбот кардем, ки он моҳҳо рӯйи  обро надидааст. Инро худи анорпарварон низ тасдиқ намуданд. Боз барои муқоиса аз боғи котиби райком дидан кардем. Дар он анорҳо  суп- сурх ва гулҳо шукуфон буданд.  Як бому ду ҳаворо Усмонхоҷаев  бо чашми худ дид  ва зердастонашро ба забони ӯзбекӣ мазаммат намуд, ки бе ҳеҷ асос ғавғо  бардошта, аз Маскав комиссия  даъват намуда, дар назди ин комиссия худро  шарманда карданд».

Иқдоми нахустини ҳамсоякишвар дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон алайҳи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо таъсиси Ҳаракати экологии Ӯзбекистон, ки ба ном ташкилоти ғайриҳукуматӣ маҳсуб меёбад, соли 2008 шуруъ гардида буд. Соли 2009 зимни интихоботи вакилон ба парламенти ҳамсоякишвар бо назардошти «муҳимият»-и рисолати ба зиммаи ин ҳаракат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон «вогузор» гардида, ба он дар ҳаҷми даҳ фоиз квота муқаррар карда мешавад. Маҳз ба шарофати ин иқдоми «саривақтӣ»-и роҳбарияти ҳамсоякишвар аъзои ин ҳаракати «кисагӣ» соҳиби 15 ҷой дар Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ӯзбекистон гардиданд. Аз ҳамон замон бо истифодаи далелу арқоми аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дур фаъолияти густурдаи ҳаракати фавқуззикр ба зидди КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» оғоз гардида,   рӯз то рӯз доман паҳн мекунад.

Муаллифи ин сатрҳо дар як мақолаам аз он изҳори нигаронӣ намуда будам, ки мақомоту сохторҳои марбутаи кишвари мо дар қиболи сафсатаҳои ҳамсоякишвар бобати таъсири манфии фаъолияти КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» хомӯширо ихтиёр намудаанд. Манзури банда он буд, ки аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори мамлакат дар қиболи факту рақамҳои «осмонӣ»-и мутахассисони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати ба ном ҳаҷми зарари фаъолияти КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ягон арқоми асоснок пешниҳод нагардидааст. Ҳол он ки то чӣ андоза зараровар будани корхонаҳои саноатии ин кишвар, ки дар минтақаҳои наздисарҳадии шимоли мамлакат фаъолият доранд, ба касе пӯшида нест. Моро зарурат пеш намеояд, ки доир ба ин масъала рақамҳои «осмонӣ» пешниҳод намоем. Итминонам комил аст, ки дар ояндаи наздик сохторҳои кишвар ба ин масъала таври ҷиддӣ машғул мешаванд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси маълумоти муътамад доир ба таъсири манфии фаъолияти КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва корхонаҳои сершумори Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба экология муътақид хоҳанд гашт, ки «ин куҷову он куҷо». Шояд мақомоти марбута ба хотири риояи суннату одоби волои ҳамсоядорӣ, ки ба умқи қарнҳо реша дорад ва дигар эҳтиромоти инсонӣ аз анҷоми ин амал худдорӣ намудаанд. Мутаассифона, чунин ба назар мерасад, ки ҷониби дигар ин сукути моро чун  «аломати ризо» қабул дорад ва мунтазам доираи фаъолияташро дар ин ҷода густариш бахшида истодааст.

Масалан, дар ибтидо бо ибтикори Ҳаракати экологии Ӯзбекистон дар байни аҳолии вилояти Сурхондарё якчанд ҳамоиши эътирозӣ бар зидди фаъолияти ширкати зикршуда бо талаби «маҷбур сохтани корхона оиди қатъ намудани истеҳсолоти зараровар, гузаронидани экспертизаи экологӣ бо ҷалби коршиносони мустақили байналмилалӣ барои муайян намудани таъсири корхона ба аҳолӣ, олами набототу ҳайвонот, азнавсозии пурраи корхона бо насби дастгоҳҳои газтозакунии замонавӣ ва ҷуброни зарари ба саломатии аҳолии минтақа ва муҳити зист расонидаи он» сурат гирифта буд.  Маҳз бо «ҷаҳду талош»-и ҳаракати мазкур, сарфи назар аз беасос будани ин айбномаҳо, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин сафсаттаҳо бо ҷамъоварии имзои зиёда аз 757 ҳазор аҳолии вилояти Сурхондарё ба унвони СММ муроҷиатнома фиристода мешавад. Сипас, бо мусоидати як идда лоббистҳо, ки эшон ҳатто аз муҳтавои масъалаи мавриди баррасӣ комилан огоҳӣ надоштанд, он дар якчанд семинару конференсияҳои байналмилалӣ низ мавриди муҳокима қарор дода мешавад. Дар маҷмуъ, ҳаракати номбурда бо далелҳои беасоси худ тавонист ин масъаларо то сатҳи Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси- палатаи поёнии Парламенти Ӯзбекистон барорад.

Нуктаи ҷолиб он аст, ки Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумурии Ӯзбекистон, ки гӯё мунтазири як ишора бошад, 25 апрели соли равон «Оид ба пешгирии бад шудани вазъи экологӣ, ифлосшавии муҳити зист, таҳдид ба саломатии одамон дар минтақаи партовҳои КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ки дар асоси маълумотномаи Ҳаракати экологии Ӯзбекистон таҳия гардидааст, таҳти № 643-II қарор қабул мекунад. Қарори мазкур ҳамроҳ бо номаи Спикери Палатаи қонунгузории Олий Мажлис Д. Ташмухамедова моҳи майи соли ҷорӣ ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ирсол мегардад. Дар навбати худ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъаларо баррасӣ намуда, дар асоси маълумотномаи Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи экологӣ ва чораҳои андешидашуда оид ба ҳифзи муҳити зист дар минтақаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аз 10 июни соли 2013 қарори дахлдор қабул намуда, ба ҷониби Ӯзбекистон ирсол менамояд, ки муҳтавои он чунин аст:

«Мо чунин мепиндорем, ки бо баёни иддаои (даъвои) тарафайн масъалаҳои экологӣ ҳалли худро намеёбанд. Ба анъанаҳои неки қадимаи халқҳоямон такя карда, таклиф дорем, ки баҳри ҳалли мушкилоти ҷойдошта роҳҳои муштараки онро тариқи гуфтушуниди конструктивӣ паси мизи гуфтушунид ба роҳ монем. Дар ин ҷода мо таҷрибаи кофии кор ва ҳалли шартномаҳои байнидавлатӣ оид ба масоили наздисарҳадӣ дорем.

Мо метавонем ин гуна гуфтугӯро дар доираи намояндагони парламентҳои кишварҳоямон ба роҳ монем. Бо мақсади арзёбии ҳақиқии вазъи экологии ҳудудҳои баҳсноки ҳар ду ҷониб пешниҳод менамоем, ки гурӯҳи байнипарлумонии ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои экологӣ бо ҷалби коршиносони мустақили байналхалқӣ таъсис диҳем. Ин тарзи фаъолият имкон медиҳад, ки дар ниҳояти кор кишварҳои мо нуқтаи назари ягона ва оқилонаву одилонаро баҳри таъмини ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самарабахши табиат рӯйи кор оранд.

Муътақидам, ки ин тарзи кор ба ҳукуматҳои мо имконият медиҳад, ки ҳуқуқи байналмилалӣ, иқтисодӣ ва дигар механизмҳоро баҳри беҳтар намудани ҳолати экологӣ ва санитарӣ-эпидемиологиро дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон оқилона истифода намоянд.

Итминони комил дорам, ки фақат тариқи чунин чораҳои муштарак мо метавонем ба боварии тарафайн ва муҳимтар аз ҳама ба ҳифзи саломатӣ, таъмини ҳимояи экологӣ, иқтисодӣ ва дигар манфиатҳои аҳолии кишварҳои хеш ва дар маҷмуъ минтақа расем».

Мутаассифона, ҷониби Ӯзбекистон, бо вуҷуди беасос будани даъвоҳояш, пешниҳодоти дар мактуб зикрнамудаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарфи назар намуда, иқдомоти хешро алайҳи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» тақвият бахшид. Дар ин самт кор то ҳадде расид, ки масъала дар Сенати Олий Мажлиси-палатаи болоии парламенти Ӯзбекистон низ баррасӣ шуд.

Дар урфият мақоле ҳаст, ки «дузди зӯр соҳиби молро бастааст». Вақте шунидем, ки бо ибтикор ва дастгирии мақоми олии қонунгузории ҳамсоякишвар Сенати Олий Мажлиси Ӯзбекистон  санаи 20- 21 августи соли равон дар шаҳри Тошкент семинари байнамилалӣ оид ба мавзуи «Дар бораи чораҳо оид ба безараргардонии таъсири фалокатовари фаъолияти КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба экология ва саломатии инсон» доир шудааст, беихтиёр ҳамин зарбулмасал ба хотирамон омад.

Барои собит намудани бепоягии иддаои ҳамсоякишвар мутахассиси соҳа будан шарт нест. Масалан, дар оғози маъракаи зидди КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» «ҳақшиносон»-и Ҳаракати экологии Ӯзбекистон «Дар бораи таъсири байнисарҳадии партовҳои моддаҳои ифлоскунандаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба аҳолӣ ва муҳити зист» ва «пешгирии бад шудани вазъи экологӣ, ифлосшавии муҳити зист» бонги изтироб мезаданд. Чун диданд, ки ба ин даъвоҳои беасосашон  дар арсаи байналмилалӣ касе аҳамият намедиҳад, масъаларо таври дигар, яъне «оид ба таъсири фалокатовари фаъолияти истеҳсолии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба экология ва саломатии одамон» ва «бартарафсозии оқибатҳои он» ба миён гузоштанд.

Саволе ба миён меояд, ки ин «бузургон» кадом таъсири фалокатовар ва чӣ гуна бартарафсозиро мадди назар доранд? Барои равшанӣ андохтан ба ин даъвоҳо мафҳуми «фалокат» ва  намудҳои онро бозгӯйӣ менамоем..

Зери мафҳуми «фалокат» ҳодисае мадди назар аст, ки дар натиҷаи вазъияти фавқулоддаи табиӣ ё техногенӣ ба вуҷуд омада, боиси фавти одамон ё ягон оқибати ислоҳнашаванда дар ин ё он иншооти муҳими стратегӣ мегардад. Дар навбати худ, фалокатҳо ба намудҳо гурӯҳбандӣ мешаванд. Барои мисол, фалокати саноатӣ садамаи калони саноатӣ маҳсуб меёбад, ки боиси ҳалокати инсонҳо, зарар ба саломатии одамон, вайроншавӣ ва барҳамхӯрии объектҳо, дороиҳои моддӣ дар ҳаҷми калон, инчунин зарари ҷиддӣ ба муҳити зисти табиӣ мегардад.

Фалокати экологӣ бошад, тағйироти бебозгашти комплексҳои табиӣ ва нобуд гардидани организмҳои зиндаро  ба дунбол дорад. Фалокати экологӣ  дар навбати худ моҳияти локалӣ ва глобалиро доро мебошад. Фалокати экологии локалӣ ба фавт ё вайроншавии ҷиддии як ё зиёда низоми экологии локалӣ оварда мерасонад.

Фалокати экологии глобалӣ  ҳодисаи пешбинишавандае маҳсуб меёбад, ки  мумкин аст дар ҳолати зиёд шудани ҳудуди имконпазири он аз ягон таъсири дохила  ё беруна (ё силсилаи таъсирҳо)  ба миён ояд. Фалокатҳои техногении экологии калон дар ҷаҳони муосир ҳодисаҳои зерин, аз қабили фалокати Неругоҳи атомии «Чернобил», садама дар заводи химиявӣ дар шаҳри Севезои Италия, заҳролудшавии оби нӯшокӣ дар  Бангладеш ва Ҳиндустон, фоҷиаи баҳри Арал,ки дар заминаи истифодаи аз меъёр зиёди об аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вуҷуд омадааст, садама дар Неругоҳи атомии «Фукусима -I» дар Япония ва ғайра маҳсуб меёбанд.

Аз созмондиҳандагони чорабинии фавқуззикр пурсида мешавад,ки агар мафҳуми «фалокат» чунин маъниҳо дошта бошад, пас «Дар бораи чораҳо оид ба безараргардонии таъсири фалокатовари фаъолияти КВД «Талко» ба экология ва саломатии инсон» унвон додани он «тарошаи аз бом афтода»-ро шабеҳ нест?

Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодов,ки дар ин ҳамоиш ширкат дошт, бо чунин унвон баргузории онро қобили қабул намедонад. Бино ба гуфти мавсуф, дар семинар вакилони ҳар ду палатаи Парламенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони Ҳаракати экологии Ӯзбекистон, намояндагони парламенти Британияи Кабир ва Латвия, коршиносони хориҷӣ аз кишварҳои ИМА, Италия, Франсия, Нидерландия, Германия, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ иштирок доштанд.

Тибқи барномаи қаблан тарҳрезишуда, семинар дар чор ҷаласа, ки дар онҳо «Арзёбӣ ва афзалиятҳои муҳими ҳалли проблемаҳои экологии алоқаманд ба фаъолияти истеҳсолии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», «Арзёбии таъсири манфии фаъолияти истеҳсолии ин корхона ба саломатӣ ва генофонди аҳолӣ ва чораҳо оид ба безараргардонии оқибатҳои экологӣ ва иҷтимоии он», «Арзёбии таъсири манфии истеҳсолоти алюминий ба иқтисодиёт, хоҷагии қишлоқ, муҳити зист ва чораҳо оид ба безараргардонии  он» ва  «Ҳамкориҳои байналмилалӣ, принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва механизмҳои ҳалли таҳдидҳои экологии байнисарҳадӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре номбурда гуфт, як рӯз пеш аз баргузории семинар ҳашт нафар иштирокчиёни хориҷии он барои шиносойӣ бо вазъи экологӣ ва саломатии аҳолӣ ба ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла касалхонаи ноҳиявии Узун, бунгоҳи тиббии «Бобур», ҳудуди хоҷагии «Дашнобод» ва комплекси чорводорӣ дар ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё сафарбар гардида буданд.

Нигаронкунанда он буд, ки намояндагони Тоҷикистонро ба  ин гурӯҳ шомил накарданд. Ҳол он ки аз рӯйи моҳияти барномаи семинар бояд мо ҳатман аз мавзеъ боздид менамудем, то ба дурустии далелу арқоми пешниҳодгашта (агар онҳо воқеан ҷой дошта бошанд) муътақид гардем, — мегӯяд Маҳмадшариф Ҳақдодов.

- Маводи семинар, ки ба иштирокчиён тақсим намуда буданд, ба ғайр аз барномаи семинар дигар чизе надошт, — афзуд ҳамсуҳбатам. — Нотавонбинии ҳамсояҳо то ҳадде расидааст, ки рӯйхати баромадкунандаҳо асосан аз намояндагони худашон ва хориҷиҳои тӯтивор суханони ба онҳо маъқулро такроркунанда таркиб ёфта, номи намояндагони ҷониби Тоҷикистон ҳатто дар қатори баромадкунандаҳо набуд. Масалан, як профессор бо исми Р. Леманс аз кишвари  Нидерландия, ки онро масъулини ҳамоиш ҳамчун барандаи Ҷоизаи Нобел барои таҳқиқот дар соҳаи тағйирёбии иқлими глобалӣ муаррифӣ намуданд, зимни баромадаш аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аз неругоҳҳои ҳароратӣ барқ мегирад, ки партовҳои он барои гармшавии иқлим таъсири калон дорад. Ёбеду гиред! Ин суханони «тӯтиолим» мақоли халқии «уштура гуфтам ғамза кун, полеза расво карду рафт»-ро ба хотир меорад.

Аз Маҳмадшариф Ҳақдодов пурсон шудем, ки намояндагони кишвари мо  дар раванди ҳамоиши мазкур оё имкони ибрози андешаҳояшонро доштанд? Мавсуф гуфт, ки вақте барандаи семинар ҳозиринро ба муҳокимаи масъала даъват намуд, азбаски мо дар рӯйхати баромадкунандагон набудем, талаб кардем, ки ба мо сухан диҳанд, то ин ки мо мавқеамонро баён намоем. Мо эродҳои худро оид ба мавзуи семинар, ки «Дар бораи чораҳо оид ба безараргардонии таъсири фалокатовари фаъолияти КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба экология ва саломатии инсон» унвон дошта, чунин номгузории ҳамоиши мазкур нисбати ин корхона маълумоти носаҳеҳ ва ғаразнок медиҳад, иброз намудем. Ҳамзамон суол гузоштем, ки сухан дар бораи кадом «безараргардонии таъсири ҳалокатовар» меравад? Зикр намудем, ки арзёбии илман асосноки таъсири экологии корхонаҳои саноатӣ ба муҳити зист, саломатӣ, генофонди аҳолии маҳаллӣ ва экосистемаи минтақа кори саҳлу содда набуда, гузаронидани мушоҳида ва таҳқиқҳои бисёрсоларо бо истифодаи таҷҳизоти махсус ва ҷалби мутахассисони ботаҷриба тақозо дорад. Далелу арқоми дар раванди семинари мазкур пешниҳодгашта шубҳанок буда, аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дур аст. Вобаста ба иддаои ҳамсояҳо, бобати он ки гӯё дар КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» технологияи кӯҳна истифода мешавад ва партовҳои он аз меъёр 1,8-2 баробар зиёданд,  зикр намудем, ки  ин корхона бо мақсади таҷдиди раванди истеҳсолот, таъмини бехатарии экологӣ, сарфаи энергия ва таъмини рақобатпазирии ширкат дар бозори ҷаҳонӣ танҳо давоми панҷ соли охир 464,1 млн. сомонӣ (тақрибан 100 млн. доллари ИМА) маблағ сарф намудааст. Тозакунии партовҳои моддаҳои зараровар бо ду роҳ амалӣ карда мешавад: ҳангоми хушк будан дар электрофилтрҳо ва ҳангоми намнокӣ  дар таҷҳизоти газтозакунӣ (скрубберҳо) бо маҳлули сода ва ишқори махсус, ки он то 95-98 фоиз тозакуниро аз партовҳои моддаҳои зараровар таъмин менамояд.

- Ёдовар шудем, ки, — мегӯяд Маҳмадшариф Ҳақдодов,- корхона ҳанӯз се сол пеш татбиқи системаи интегралии идоракунӣ ИСО-14000-ро оғоз карда буд. Панҷуми июли соли 2013 санҷиши аудитории байналмилалӣ анҷом ёфт, ки он  мутобиқати системаи бехатарии экологиро дар корхона оид ба стандарти байналмилалӣ ИСО-14000 (системаи менеҷменти экологӣ) ва OHSAS-18000 (системаи менеҷменти саломатӣ ва бехатарӣ дар истеҳсолот) тасдиқ намуд. Ҳамин тариқ, КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аввалин корхона дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки дорои сертификатҳои байналмилалии ИСО-9000 ва ИСО-14000 мебошад. Ҳарчанд андеша ва далелу арқоми мазкур асоснок ва воқеӣ бошанд ҳам, вале ба андешаи инҷониб, онҳо барои ҳамсояҳои мо «ба гӯши кар азон хондан» аст. Масъулини ҳамсоякишвар мехоҳанд ҷомеаи ҷаҳониро  мутмаъин кунанд, ки маҳз аз таъсири КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар вилояти Сурхондарё ҳолати «ҳалокатовар» ба вуҷуд омадаасту аҳолии минтақаи фавқуззикр аз касалиҳои эндокринӣ ва системаи устухону мушак, роҳҳои нафаскашӣ, ҳолатҳои ғайримуқаррарии модарзодӣ, флюороз ва касалиҳои саратон азият мекашанд, вале ин андешаҳо сафсатае беш нестанд. Далели возеҳи ин маълумоти омории давраи солҳои 2000-2012 мебошанд, ки  аз сомонаҳои ташкилотҳои байналмилалии бонуфузе чун Барномаи рушди СММ, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи  нуфуси СММ (ЮНИСЕФ) ва Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастрас шудаанд. Тибқи маълумоти омории «Тандурустии Ӯзбекистон. Факту рақамҳо», нашри №4 аз рӯйи ҳамаи нишондодҳо вилояти Сурхондарё дар сатҳи ҷумҳурӣ ва дар муқоиса бо дигар вилоятҳо, аз лиҳози саломатӣ нишондиҳандаҳои беҳтар дорад. Ин далеле ҳаст, ки онро касе наметавонад инкор кунад. Дар раванди семинар дастандаркорони он бо ба намоиш гузоштани расмҳои кӯдакону калонсолони бемор ва ҳайвоноту растанӣ исбот кардан мехостанд, ки сабаби ҳамаи онҳо таъсири партовҳои КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» мебошад. Инсоф куҷост «бузургон»? Аз таҷрибаи ҷаҳонӣ бармеояд, ки  вазъи саломатии инсон ҳамагӣ 17-20 фоиз аз муҳити атроф ва шароити табиию иқлимӣ, 48-53 фоиз аз тарзи ҳаёт, 18-22 фоиз аз омилҳои генетикӣ ва 8-10 фоиз  аз сатҳу сифати дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ  вобаста мебошад. Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ фаъолияти корхонаи зикршуда  боиси осеб дидани саломатӣ ва генофонди аҳолӣ шуда наметавонад. Гумони ғолиб он аст, ки маншаи асосии чунин бемориҳо (агар воқеан мавҷуд бошанд) омилҳое ба мисли камбизоатӣ, ҷавобгӯйи талабот набудани таркиби ғизо, истифодаи аз меъёр зиёди маҳсулоти воридотие, ки дар таркибашон маводи аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта зиёданд, дар сатҳу сифати паст қарор доштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ ва ғайра мебошанд. Пас масъулини ҳамсоякишварро мебояд «алами Исоро аз Мӯсо нагирифта», ҳар чӣ зудтар пайи рафъи мушкилоти иҷтимоии минтақаи мазкур иқдом намоянд. Дар маҷмуъ, роҳбарияти ҳамсоякишвар, бо амалӣ намудани аҳдофи ғаразнокашон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ба обруву нуфузи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ки аз ҷумлаи ифтихороти миллии мо маҳсуб меёбад,таъсири манфӣ расонад. Бинобар ин, ҳамаи моро зарур аст, ки дар қиболи ҳамаи ин нияту амалҳои душманона зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки ба  ифтихороти миллии мо латма ворид гардад.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»