Салафия «тифл»-и ба ноз «парварда»-и абарқудратҳост

№123 (3269) 21.10.2014

Азбаски чунин «атфол» «ғалатӣ» мебошанду самараи заҳрогин доранд, пешгирии паҳншавии ин раванд зарур ва ногузир аст

Айни замон дар миқёси ҷаҳон бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ба авҷи аълои худ расида,  таври бояду шояд зиракии сиёсӣ надоштани сарварон ва аҳолии баъзе кишварҳо (дар мисоли Украина) , ки «осонакак» ба домашон меафтанд, ин равандро беш аз пеш шиддат  бахшида истодааст. Агар дар кишварҳои дар масири Аврупо қарордошта ин раванд тариқи «инқилобҳои ранга» амалӣ гарданд, пас дар кишварҳои Шарқ рӯйи кор овардани равияҳои иртиҷоӣ  ҳамчун «восита»-и  «ба мақсад расидан»  хеле васеъ истифода мешавад. Ҳаракати Салафия аз ҷумлаи ҳаракатҳое  маҳсуб меёбад, ки дар ин замина рӯйи кор омадаву эҷоди фитна, тафриқаандозӣ миёни мусулмонон, таълим ва тарғиби андешаву равияҳои экстремистӣ ва ғайра аз ҳадафҳои асосиаш маҳсуб меёбанд. Ин ҳаракати ифротгаро, ки «тифл»-и ба ноз «парварда»-и абарқудртҳо маҳсуб меёбад, давоми солҳои охир ба кишварҳои Осиёи Миёна интиқол шуда, барои дастёбӣ ба мақсадҳои муғризона истифода шуда истодааст.

Агар ба маънии калимаи «салафия» таваҷҷуҳ зоҳир намоем, пас аён мегардад, ки аз калимаи арабии «салафа», яъне  гузашта будан, пешина будан маншаъ гирифтааст. Хонандаи закӣ бояд дарк намояд, ки «Ас-Салафиён» ҳамчунин унвони уламои  мусулмоние, ки аз ҳама гуна бидъат парҳез намуданро  тарғиб менамуданд, низ маҳсуб меёфт.  Аз омӯзиши таърихи пайдоиш ва моҳияти номи ин ҳаракат маълум гардид, ки он дар оғоз рабте ба тундгароиву ифротгароӣ надоштааст. Баръакс, давоми як давраи муайян бо «кӯмак»-и «дӯстон»-и дини мубини Ислом ин ҳаракат тамоюлҳои зиёди манфиро касб намуд, ки «самара»-и онро дар миқёси олам мушоҳида намуда истодаем. Дар як муддати кӯтоҳ доман паҳн намудани ин ҳаракат дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, бори дигар собит намуд, ки миёни аҳли тақво, уламои дин ва намозгузорон як навъ рақобати носолим, ки аз нотавонбинӣ ва ноогоҳӣ маншаъ гирифтааст, таври шадид ҷараён дорад. Саволе  пайдо мешавад, ки оё доман паҳн намудани чунин ҳаракатҳо ба амнияти миллӣ таъсир дорад? Посухи инҷониб, ки дар заминаи таҳлили амиқу доманадор рӯйи кор омадааст, мусбӣ аст. Зеро мавҷудияти чунин ҳаракатҳои иртиҷоӣ замина барои нооромии авзои ҷомеа маҳсуб ёфта, ба дурнамои неки  давлату миллат хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд. Аз ҷониби дигар, сатҳи маърифати сиёсӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандон дар ин ҷода нақши калидиро дорост, зеро «вақте ки халқ тираақл аст, идора карданаш осон аст».

Омили нигаронкунанда он аст, ки афкори созмондиҳандагони чунин ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар дохили ин ё он кишвар ҳамовозӣ пайдо намуда, дастгирӣ ёбад. Дар он ҳолат таъсири чунин ҳаракатҳо ба амнияти миллӣ бештар ҳувайдо мегардад. Тавре зикр гардид, ҳаракати мазкур тариқи дини мубини Ислом ба зеҳни мардум интиқол меёбад.  Аз гуфтаҳои салафиён бармеояд, ки ихтилофи назари онҳо дар муқоиса бо Исломи муқаррарӣ дар тариқи иҷрои баъзе фаризаҳои динӣ, аз қабили бардоштани дастҳо ҳангоми гуфтани такбир дар вақти намоз, баланд ва паст гуфтани омин, кушод  ё наздик намудани пойҳо ҳангоми намозгузорӣ ва омилҳои ҷузъии дигар зоҳир мешавад . Вале хонандаи закӣ бояд дарк намояд, ки зери ин ҳама омилҳои ҷузъӣ , ки «хам-хам рафтани сайёдро баҳри қатли мурғон» шабеҳ аст, мақсадҳои муғризона нуҳуфтаанд. Агар ба вазъи сиёсии олам таваҷҷуҳ зоҳир  намоем, пас тамоми табадуллоте, ки давоми чанд соли охир дар кишварҳои мусалмонӣ сурат гирифтаанд, маҳз ба тафриқаандозиҳои динӣ ва мухолифати мазҳабӣ рабт доранд. Агар амиқ мавзӯъро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, собит мешавад, ки мавриди назари кишварҳои абарқудрат маҳз он кишварҳоеанд, ки мардум ба ақоиди динӣ «майл»-и бештар доранду зудбоваранд.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки дар қиболи халқиятҳое, ки пайрави дини мубини Ислом мебошанд, бозигарони геополитикӣ  аз ақоиди динӣ ҳамчун василаи самараноки таъсиррасонӣ васеъ истифода менамоянд. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷомеаи Ғарб ҳанӯз сесад сол пеш зарурати бунёди давлати дунявиро таври бояду шояд дарк намудаву то имрӯз ба он устувор аст. Вале дар ҳамин ҳол давлатҳои ин минтақа гӯё ба арзишҳои динии давлатҳои ақибмондае, ки қисми аъзами сокинонашонро мусалмонон ташкил медиҳанд, «арҷгузорӣ» намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ «роҳ намедиҳанд», ки онҳо  дар ҷодаи  эъмори давлати воқеан ҳам дунявӣ собитқадам бошанд, зеро замоне, ки чунин кишварҳо рӯй ба дунявият оварданд, аз муноқишаву низоъҳои динӣ  дур мешаванд. Тамоми имконоту захираҳои дар ихтиёрбудаи ин мамлакатҳо барои амалисозиии ниятҳои  нек, ки моҳияти бунёдкориву созандагӣ доранд, равона мегардад.

Табиист, ки чунин ҷараён гирифтани вазъият ба манфиати абарқудратҳо набуду нест. Чунки онҳо мехоҳанд, ки мусалмонон таври ҳамешагӣ машғул ба мушкилоти дохилии хеш, ки он низ ба «шарофат»-и абарқудратҳо рӯйи кор омадааст, бошанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ далели возеҳи он аст, ки дар сурати зиёд гардидани таъсири созмонҳои динӣ дар дилхоҳ кишвар рух додани табаддулоти давлатӣ, ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани  мамлакат, нобасомониҳои сиёсӣ, фалаҷ гардидани рукнҳои давлатдорӣ ва дигар омилҳои номатлуб  як падидаи маъмулӣ хоҳад буд.  Ин аст, ки айни замон аз ҷониби абарқудратҳо идеологияҳои зиёде, аз қабили Салафия «ихтироъ» ва миёни мусалмонон ворид карда шудаанд, ки дар сурати аз даст додани зиракии сиёсӣ аз ҷониби шаҳрвандон  метавонанд рисолати хешро «сарбаландона» иҷро намоянд.  Авзои кунунии ҷаҳон, муносибати абарқудратҳо бо ҳамдигар ва дигар кишварҳо ва воқеияти геополитикӣ далели возеҳи ин гуфтаҳоанд.

Мусаллам аст, ки амнияти давлат маънои вуҷуд надоштани таҳдидҳои ҷиддӣ ба мустақилият, тамомияти арзӣ ва вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиро дорад. Пас моро мебояд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ нагузорем то ба амнияти миллии мо тариқи чунин ҳаракатҳои иртиҷоӣ латма ворид гардад

Далер Мерганов, «Садои мардум»