Дар партави Паёми Президент

Сарҳад аз рукнҳои давлатдорист ва ҳимояи он шарафи бузург

№49 (3529) 14.04.2016

БАРОИ МАВОДИ ПАЁМПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 январи соли 2016) чунин таъкид карданд: «Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад».

Дар таъмини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва ҳифзи марзу буми кишвар саҳми марзбонон назаррас мебошад. Баробари дигар сохторҳои қуд­ратӣ ҳимоятгарони марзи кишвар доимо саъю кӯшиш менамоянд, ки осоиштагӣ ва оромии мардуми диёр таъмин бошад.

Марзбонон суханони пурмуҳтавои Пешвои миллат — «Сарҳад яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва ҳимояи он қарзи шаҳрвандӣ ва фарзандии ҳар як фарди кишвар аст» — ро шиори худ карда, бо дарки баланди ватанпарастӣ вазифаи пуршарафи худро софдилона адо менамоянд.

Фаъолияти ҳамешагии Қӯшунҳои сарҳадӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин ҷост, ки имрӯз барои хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хуби моддию техникӣ,  маданию фароғатӣ ва маишӣ фароҳам аст.

Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, зеро онҳо насли даврони  соҳибистиқлоли Ватанамон буда, бо ҳиссиёти баланди миллӣ, ташаббусҳои  шоиста  ва  эҳсоси  ватандорӣ  дар  рушди
Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар — Ватан содиқона хизмат мекунанд.

Ҳоло роҳбарият ва ҳайати фармондеҳии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба омодагии баланди ҷангӣ, обутоби ҷисмониву маънавии сарбозону афсарон дар қисму воҳидҳои низомӣ аҳамият дода, масъалаи таълиму тарбияи онҳоро дар мадди назари фаъолияти ҳамешагии хеш қарор додаанд.

Воқеаҳои нангини соли 2015, ки бо сардории генерали хоин Назарзода дар кишвар сурат гирифт ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баҳри бартараф кардани оқибатҳои харобиовари он нигаронида шуд, бори дигар мо — хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, хусусан марзбонони шуҷои Ватанро водор месозад, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бо истифода аз донишу малакаи баланди касбии хеш амну суботро дар сарҳад ва осоиштагии комилро дар Тоҷикистон ҳифз намоем. Дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат таъкид мешавад, ки «авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва зарурати таъмини амнияту суботи кишвар, баланд бардоштани сатҳи таъминоти моддиву техникӣ ва маблағгузории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишварро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани тайёрии касбӣ ва омодабошии ҷангии онҳо тақозо менамояд».

Таваҷҷуҳи доимии Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони дигар мақомоти қудратӣ, ки дар Паёми имсола низ эҳсос гардид, мо — муҳофизони Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои савганди ҳарбӣ то охирин нафас ба халқу Ватан содиқ монда, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, таъмини ҳуқуқу тартибот дар ҷомеа, муҳофизати ҳар як ваҷаб хоки сарзамин ва дар ин замина баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакатро таъмин намоем.

Тавре дар Паём қайд гардид: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободии Ватанамон ҳар чӣ бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем». Ин таъкид аз ҳар як хизматчии ҳарбии Қӯшунҳои  сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб менамояд, ки баҳри ҳифзи марзу буми кишвар, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротгаро, терроризм ва экстремизми байналмилалӣ дар иҷрои вазифаҳои гузошташуда содиқ бошем.

Дар маҷмӯъ, паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки дар заминаи ҳисси баланди миллӣ ва  ватандорӣ таҳия шудааст, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба содиқ будан ба савганди ҳарбӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун ҳидоят менамояд.

Раҷабалӣ РАҲМОНАЛӢ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – лейтенант