Се қаҳрамон аз як ноҳия

№59-60 (3539-3540) 07.05.2016

Мусоҳиба бо раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Балҷувон Гулмаҳмад Сангов

- Ноҳияи Балҷувон дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз ноҳияҳои калонтарину сераҳолии минтақаи Кӯлоб маҳсуб меёфт. Мегӯянд, ки шумораи иштирокчиёни он ҷанги хонумонсӯз низ аз ин ноҳия хеле зиёд будааст ва се нафари онҳо ҳатто ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шарафёб гардидаанд…

- Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз деҳшӯроҳои онвақтаи Балҷувон – «Саталмуш», «Садайбарда», «Дараи Калот», «Хам», «Дашти гулҳо», «Дектур», «Афардӣ», «Дошмандӣ» ва «Хазлат», ки дар маҷмӯъ 260 деҳа ва 43 хоҷагии коллективиро дар бар мегирифт, 7696 нафар фаъолона иштирок намудаанд. Ба таври дигар, 15 дарсади иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании минтақаи Кӯлоб мансуби ноҳияи Балҷувон мебошанд. То моҳи сентябри соли 1944 шумораи маҷрӯҳон дар ноҳияи мо 1308 нафарро ташкил менамуд, ки 176 нафараш ба гурӯҳи 1-ум мансуб, гардида буд. Аз ҷумлаи иштирокчиёни ҷанг имрӯз танҳо як нафар дар қайди ҳаёт мондааст ва ӯ сокини деҳаи Сари Хосор Ҳикмат Кабирови наваду чорсола мебошад.

Се нафар Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ — Саидқул Турдиев, Исмат Шарифов ва Сафар Амиршоев, ки аз ноҳияҳои Вахшу Данғара ва Кӯлоб ба ҷанг даъват гардида буданд, зодагони Балҷувон мебошанд. Корномаҳои ҷангии онҳо нишони сарафрозӣ ва ифтихори мо — тоҷикистониён аст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ба хотири абадӣ гардонидани номи як зумра амалҳои шоистаро ба анҷом расонидааст. Чунончӣ, дар маркази ноҳия муҷассамаи се қаҳрамони ёдшуда гузошта шудааст. Чанд сол боз дар деҳаи Хонаобод осорхонаи таърихии Саидқул Турдиев фаъолият мекунад. Соле қабл деҳоти «Саталмуш» номи Сафар Амиршоев ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ба номи Саидқул Турдиевро гирифт.

 - Воқиф гардидем, ки як муассисаи дигари таълимиро ба номи нависанда Раҳмон Сафар номгузорӣ кардаед?

- Бале, ба муассисаи таълимии деҳоти ба номи Сафар Амиршоев номи Раҳмон Сафарро гузоштем, зеро нависанда зодаи деҳаи Шоҳраҷабии ҳамин деҳот аст. Шодравон Раҳмон Сафар арзандаи қадрдониҳост, чунки бо заҳмати ҳамин марди ватандӯст ба истиқболи 45, 50 ва 55 -солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузарги Ватанӣ китобе бо номи «Ҳазору як корнома» рӯи чоп омад.

Китоб дар Осиёи Марказӣ аввалин ва ягонаву беназир аст.

- Акнун Рӯзи Ғалабаро бо охирин сарбози ин ҷанги таърихӣ — бобои Ҳикмат Кабирови сарихосорӣ пешвоз хоҳед гирифт. Ин ҳолатро чӣ гуна эҳсос мекунед?

- Чӣ ҳам мекардем, тақозои зиндагӣ ҳамин аст. Аз ин ҷанг ҳамон шиори машҳури «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад» ҷовидона ба ёдгор мемонад. Гумон мекунам, ки ин шиор раҳнамои насли осудаи имрӯз ва фардои дурахшони ояндагонамон хоҳад шуд. Ниҳоят, таманно мекунам, ки имрӯзиёну фардоиёни баору номусамон аз падарону бобоёни шуҷои худ сифатҳои мардонагию далерӣ ва ватандорию ватанпарастиро ба мерос гирифта, дар пайи ҳифзи манфиатҳои миллату Тоҷикистони азиз талошу ҷоннисорӣ намоянд.

 Мусоҳиб Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»