Шаҳринав. «терминал»-и нав дар роҳи куҳна

№139 (4089) 19.11.2019

Screenshot_20191107-102826Чанд сол мешавад, ки дар канори роҳи ноҳияи Шаҳринав як гурӯҳи мусофиркашон терминал ташкил кардаанд.

- Ноҳия терминали асосии мусофиркашонӣ надорад. Агар азми сафар ба шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор ё Душанбе дошта бошед, ба ҳамон макон меоед. Хуб мебуд, терминали ба талабот ҷавобгӯро ташкил мекарданд, — мегӯяд сокини ноҳия А. Исматов.

Мусофирбарони хатсайрҳои самти Турсунзода — Шаҳринав, Ҳисор — Шаҳринав ва Душанбе — Шаҳринав дар «терминал»-и зикршуда таваққуф мекунанд. Дар ин мавзеъ шароит барои мусофирону ронандагон фароҳам нест. Вале, новобаста аз ин, нафаре бо исми Сунатулло ҳамчун танзимгар аз ронандагон як сомонӣ пул меситонад.

20190920_095807Қисми дигар дар дохили «Маҷмааи Шаҳринав» таваққуф карда, мусофир мегиранд.

Мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Ҷамолиддин Ғиёсов моҳе қабл дар робита ба  ин масъала гуфта буд, ки «Маҷмааи Шаҳринав» бозори молҳои омехта аст, на терминал. Ноҳия терминал надорад. Аммо роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Қурбоналӣ Гулов мегӯяд, ки ноҳия терминали расмӣ дорад. Ӯ минтақаеро ҳамчун терминал тахминан нишон дод, ки мутаассифона, онро наёфтем. Шояд ҳамон роҳи куҳнаро «терминали нав» гуфта бошад?

Чун фасли сармо фаро мерасад, мушкил зиёд мегардад. Зеро «терминал» лоақал соябон надорад, ки дар вақти набудани нақлиёт мусофирон аз таъсири барфу борон амон ёбанд. Ғайр аз ин, қариб ҳар рӯз меҳмонони дохилию хориҷӣ аз ин роҳ мегузаранд. Оё боиси таассуфу нигаронии масъулони ноҳия нест, ки ин макон ҳамчун терминали мусофирбарии яке аз навоҳии тобеи ҷумҳурӣ муаррифӣ шавад?

 Ёқуби Содиқ, «Садои мардум»