Шавуд соҳиби муассисаи нави таълимӣ мегардад

№ 26.09.2016

Бо кумаки молиявии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар деҳаи Шавуди деҳоти «Язгулом»- и ноҳияи Ванҷ муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ бунёд карда мешавад. Айни  ҳол хонандагони хурдсоли деҳаи Шавуд барои таҳсил 16 километр роҳро тай карда, ба муассисаи таълимии деҳаи Мотравн  мераванд. Сохтмони бинои муассисаи нави таълимиро, ки аз шаш синфхона иборат мешавад, волидони хонандагон бар дўш гирифтанд. Дар деҳаи мазкур 50 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад ва теъдоди хонандагонаш 33 нафарро ташкил медиҳад.

Бинои  муассисаи нави таълимӣ  барои  50  нафар хонанда  пешбинӣ  шудааст.

Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»