Собитқадамӣ дар ҷодаи саноатикунонӣ

№98 (4681) 04.08.2023

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ванҷ соҳаи саноат ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид.

Дар ноҳия корхонаҳои нави истеҳсолӣ оид ба коркарди мева, шир, санги мармар, либосдӯзӣ ва ғайра фаъолият намуда, маҳсулотро ба хориҷи мамлакат содирот мекунанд.

Ванҷро ватани санги мармар меноманд, зеро дар он ҷо конҳои бузурги гуногунранги мармар мавҷуданд. Ҳоло 5 ширкати хусусӣ ба истихроҷи санги мармар машғул аст. Мармаре, ки  дар  корхонаи маҳаллии Даштаки ноҳия истеҳсол мегардад, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ороиши биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳо ба таври фаровон истифода мебурданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сафарҳояшон ба ноҳияи Ванҷ ба бунёди корхонаҳои саноатии минтақа асос гузоштанд. Истихроҷи мармар аз нав оғоз ёфта, ҶДММ «Ҷаҳонгир» аз хориҷи мамлакат таҷҳизоти муосир даст­рас намуд.

Корхонаи дигар бо номи «Мармар стоун» технологияи муосирро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ворид кард. Таҷҳизоту технологияи замонавӣ бо кумаки мутахассисони хориҷӣ насбу васл гардида, 10 коргари маҳаллӣ тарзи истифодаи онҳоро аз худ намуданд. Ҳоло ин корхона 5 навъи маҳсулоти бозоргир  истеҳсол менамояд.

Дар баробари корхонаҳои зикршуда бунёди коргоҳҳои истеҳсоли ангат, хишти сементӣ, коркарди меваю сабзавот, дӯзандагӣ ва таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ далели собитқадамӣ дар ҷодаи рушд мебошад.

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,

«Садои мардум»