Суғд: 140 корхонаи саноатӣ бунёд мегардад

№15 (4598) 20.01.2023

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» давоми соли 2023 дар вилояти Суғд бунёди 140 корхонаи саноатӣ бо 2800 ҷойи кор ба нақша гирифта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки имконияту иқтидор бобати таҳкими рушди саноат дар вилоят зиёд буда, бунёди корхонаҳои нав ба афзун гардидани истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот, инчунин таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат мекунад.

Соли 2022 дар вилоят 151 корхонаи саноатӣ бо 2820 ҷойи кор таъсис ёфт, ки асосан соҳаҳои саноати сабук, кимиё, масолеҳи бинокорӣ, маъдан ва хӯроквориро ташкил медоданд.

Мухтори АБДУЛЛО,

 «Садои мардум»