Таҳкими ваҳдат–ғояи миллии Тоҷикистон

№114-115 (3260-3261) 03.10.2014

(Андешаҳо оид ба китоби С.Ятимов «Идеология ва манфиати миллӣ», Душанбе, 2014)

Имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир муносибатҳои бисёрҷониба миёни давлатҳо ва минтақаҳо ҳар чӣ бештар бо истифода аз омилҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ сурат мегиранд. Сиёсатшиносон ва мутахассисони соҳаи фарҳанг эътироф намудаанд, ки имрӯз муборизаҳо баҳри дарёфти манфиатҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, геополитикӣ ва иқтисодӣ асосан дар фазои падидаҳои фарҳангӣ – забон, ҳунарҳои миллӣ, адабиёт ва мусиқӣ, расму оинҳои миллӣ, дину мазҳаб ва дигар намудҳои тамаддун амалӣ карда мешаванд.

Бо ҳамин мақсад дар марказҳои бузургтарини илмӣ ва таълимии кишварҳои абарқудрат ҳар сол садҳо нафар  мутахассисони нозуктарин ҷанбаҳои фарҳанги мардуми олам – шевашиносон, мардумшиносон, антропологҳо ба таҳсилоти махсус фаро гирифта мешаванд ва онҳо минбаъд барои амиқ ва комилан омӯхтани ҳувияти миллӣ ва одоби зиндагии мардумони мамолики савум сафарбар мегарданд.

Ҳоло дар аксари кишварҳои бузурги Ғарб доир ба тамаддун ва услуби зиндагонии аҳолии Осиёи Марказӣ  доираҳои махсуси илмӣ таъсис дода шудаанд ва кормандони онҳо доир ба кулли масоили иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикон, ӯзбекҳо, қазоқҳо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна ҳазорон намуд маълумоти заруриро ҷамъоварӣ намуда, барои таҳлил ва хулосабарорӣ пешниҳод менамоянд. Яъне, маълум мегардад, ки  манфиатҷӯён баҳри иҷрои мақсадҳои стратегии хеш, қабл аз ҳама тамоми назокати фарҳангии мардуми кишварҳои ба «нақша»  гирифтаашонро бо- диққат меомӯзанд.

Дар чунин шароит барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, пайдо намудани қудрати муқовимат ба чунин намуд муносибат, қабл аз ҳама, моро зарур аст, ки аз моҳияти асосии идеологияҳои сиёсӣ ва аз омилҳои зоҳириву ниҳонии он амиқтар огоҳ гардем. Дар олами мутамаддин муколамаи фарҳангҳо кайҳост, ки ба таври хеле фаъол оғоз гардидааст ва сиёсат низ ба хубӣ вориди ҳамин ҷараёни бузург шудааст.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи  давлат ва ҷомеа ба даст овардани амнияти фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи хештаншиносии мардум ба шумор меравад. Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон аз марҳилаҳои нахустини бунёди давлати нави миллӣ ба ин масъала эътибори хеле ҷиддӣ зоҳир намуда, чӣ дар  асарҳои ба масоили таърихи тамаддуни миллатамон бахшидашуда ва чӣ дар суханрониҳои хеш  пайваста таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба ҳамин муаммо ҷалб намудааст.

Дар марҳилаи кунунӣ зарурати  таҳлили воқеъбинонаи вазъияти сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат, инчунин далерона фош кардани асрори иддаи зиёди амалҳои ниҳонии зиддиҷамъиятӣ ба миён омадааст, зеро маҳз ба чашму гӯши мардум аён сохтани тарзу услуби  амалиёти мардумфиребӣ метавонад ҷомеаи моро аз таҳдидҳои тозаи дохиливу берунӣ огоҳ созад.

Дар ин ҷода, рисолаи ба қарибӣ нашргардидаи доктори илмҳои сиёсатшиносӣ С.Ятимов зери унвони «Идеология ва манфиати миллӣ» (Душанбе, 2014) маводи хеле хуб, дастрас ва барои таҳкими ҷаҳонбинии кулли ҷомеа дастурамали муфид ба шумор меравад.

Аслан гирем, дар шароити  имрӯзаи ҷаҳонишавӣ шарти асосии солимии ҳамаи кишварҳо огоҳӣ пайдо кардани аҳли ҷомеа аз кулли ҷанбаҳои мусбиву манфии ҷараёнҳои мутақобил  ба шумор меравад, зеро ҳар рӯзу ҳар соат тавассути расонаҳои иттилоотӣ (интернет, радиову телевизион, шабакаҳои маҳворавӣ ва ғ.) ба зеҳни мардум, хусусан ба тафаккури насли наврас ҳазорон омилҳои ҳаракатдиҳандаи зеҳнӣ ворид карда мешаванд. Барои ба маъниву мантиқ ва моҳияти асосии онҳо сарфаҳм рафтан  ҳар як фарди ҷомеа бояд  ба як навъ  сарчашмаи эътимодноки илмӣ ва назариявӣ такя карда тавонад.  Бузургтарин давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо мақсади таъмини амнияти миллӣ истифодаи интернетро хеле маҳдуд мекунанд, зеро яқин медонанд, ки дастраси омма гардидани иттилооти бемаҳдуд қодир аст афкори ҷомеаро вайрон созад. Саволе ба миён меояд, ки оё ба амнияти миллии мо барномаҳои бемаҳдудияти интернетӣ ва моҳвораҳо, ки дар баробари иттилооти мусбӣ дорои ҳазорон навъи гузоришҳои зараровар мебошанд, ягон намуд таъсири манфӣ намерасонанд?

С.Ятимов дар ин асараш ҳамин гуна вазъиятро таҳлил намуда, чунин овардааст: «Бар зидди ҳама гуна идеологияи зараровар на танҳо панду насиҳат, ё худ ибрози нияти нек, балки ҳатман ба воситаи идеологияи  пурқудрат ва муқовиматкунанда мубориза бояд бурд». Ӯ дар ин маврид аз суханҳои нависандаи бузурги фаронсавӣ Оноре де Балзак иқтибос меорад, ки чунин гуфта буд: «Идеяҳоро метавон танҳо ба воситаи идея безарар кард».

Гуфтан мумкин аст, ки шарҳи ҳамин ақида, яъне тавассути идеологияи солим ҳифз намудани фазои маънавии кишвари навбунёди тоҷик дар рисолаи С.Ятимов мавқеи марказиро ишғол намудааст. Муаллиф бо ин мақсад ба таҳлили ҳама намуд масъалаҳои мубрами рӯз, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст, камар баста, доир ба хусусият ва моҳияти онҳо ибрози ақида намудааст.

Дар муқаддимаи рисола муаллиф муаммои фалсафии муносибати инсон ва воқеиятро мавриди назар қарор медиҳад ва бори дигар зикр менамояд : «Агар муайян сохтани ченакҳои геометрӣ танҳо аз иродаи инсон вобаста мебуд, дар он сурат одамон худи ҳамин ченакҳоро низ таҳриф мекарданд». Ин мисолро муаллиф иқтибос оварда, исбот намудааст, ки  дар сатҳи идеология низ шуури инсон метавонад ҳама гуна воқеияти объективиро бо майли хеш таҳриф намояд. Ҳамин гуна таҳрифкориҳо, ғалат шарҳ додани воқеияти мавҷуда, ба гумроҳӣ кашидани мардум ва хусусан ҷавонон, дар ҳамаи мамолики навбунёд ҷой дорад. Аммо имрӯз, ки хушбахтона, қудрати давлат, ҳисси рӯшанбинии мардум хеле афзун гардидааст,  мо бояд роҳ надиҳем, ки ягон намуд идеологияи вайрон ва харобиовар вориди фазои маънавии кишвари мо гардад.

Боби алоҳидаи рисола «Дар бораи табиати идеология» ном дорад ва дар он С. Ятимов доир ба мавҷуд будани баҳсҳои хеле зиёд перомуни таърихи пайдоиши идеология сухан меронад. Ӯ дуруст зикр намудааст, ки таърихан мафҳуми идеология бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ пайдо шуда, асосан ҳамчун назарияи пешқадам ва омили рушди ҷомеа  хидмат намудааст. Аммо аз сабаби он ки на ҳамеша ва на ҳама ҷонибдори ба таври ҳаққонӣ ба тафаккури мардум расонидани идеологияи пешқадам буданд,  манфиатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳарбӣ, ҷоҳталабиву ҷаҳди кишваркушоӣ ба он оварданд, ки дар баробари ҳама гуна идеологияи  пешқадам фавран як намуд идеологияи зоҳиран гӯё мусбӣ, вале моҳиятан мутлақо зараровар пайдо мегардид.

Дар ин маврид С.Ятимов масъалаи мазкурро  чунин шарҳ медиҳад: «Дар ҳеҷ сурат ва ҳеҷ кас идеологияро ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ қудрати нодида гирифтан,  манъ кардан ё  дар як рӯз нобуд карданро надорад, яъне барои расидан ба ин мақсад бояд ҳатман воситаеро таҳти унвони «деидеологизатсия» истифода бурд.

Барои исботи ин ақида муаллиф аз таҷрибаи садсолаи  истифодаи ин доктрина мисол меорад ва  зикр мекунад, ки кӯшиши барҳам задани идеологияи коммунистӣ, ки доираҳои мамолики капиталистӣ дар қарни гузашта ба амал оварда буданд, «аз интизориҳояшон низ бештар ба онҳо даст дод». Яъне, мухолифони коммунизм бо истифода аз мақсадҳои манфиатноки хеш тамоми қувваро ба кор бурда, тавре ки мегӯянд, «бидуни истифода аз  тиру туфанг ғолиб омаданд».

Гарчанде ин факти таърихӣ асосан  дар муносибатҳои байниҳамдигарии ду кишвари абарқудрати олам сурат гирифта буд, вале дар ҳар сурат барои мустаҳкам гардонидани сохти давлатӣ ва солим намудани тафаккури ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ин таҷриба бояд ибратомӯз бошад. Мо низ кунун манфиатҳои миллии хешро доро ҳастем ва барои ҳифзи ин манфиатҳо бояд аз тамоми васоити ақлонӣ, аз ҷумла аз идеологияи сиёсии худӣ истифода барем. Хушбахтона, дар ин масъала миллати тоҷик, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар пеши назари ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти озод ва орӣ аз ҳама гуна манфиатҷӯйиҳои таҳрифкорона қарор гирифтааст. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон дар тӯли саргузашти зиёда аз ҳазор соли давлатдории худ  ҳеҷ замон манфиати ягон миллат ё давлатро поймол накардаанд, яъне, идеологияи кунунии миллии мо дар варақи покизаи таърихи давлатдориамон сабт хоҳад гардид.

Бахши дигари рисола ба мавзӯи «Идеология ва геополитика» бахшида шудааст. Ин ҷо муаллиф ҷанбаҳои байналмилалии идеологияро ҳамчун яке аз ҳолатҳои муҳими амалкарди он тафсир намудааст. Маҳз дар сатҳи байналмилалӣ интиқол ё худ импорти ғояҳои манфиатовар воситаи асосии таъсиррасонӣ ба давлатҳои дигар ва ноил гардидан ба мақсадҳои стратегии абарқудратон ба шумор меравад. С.Ятимов дар ин бора чунин менависад : «Амалисозии ҳама гуна манфиатҳо аз ҷониби бозигарони сиёсати ҷаҳонӣ маҳз аз ворид сохтани ғояҳои вайрон, ё худ ба ифодаи дигар, аз «тирандозии тӯпҳои идеологӣ» оғоз гардида, ин амал то марҳилаи расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ ва ҳадафи асосӣ идома меёбад».

Хонандаи рисола, албатта, дар ин маврид баръало манзараеро тасаввур карда метавонад, ки дар ду даҳсолаи охир ба фазои  маънавии кишвари навбунёди тоҷик чӣ қадар ақидаву ғояҳои бегонаи фарҳангӣ – забонӣ, мазҳабӣ, ахлоқӣ бо роҳҳову воситаҳои мухталиф ворид карда шуданд.

Сиёсати берунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал характери гуногунсамтӣ ва услуби дарҳои кушодаро соҳиб гардида буд ва ин, албатта, ба шуҷоат ва умедвории собиткоронаи Сарвари давлат вобаста буд. Дар андак муддат он қудратҳои берунае, ки халқи тоҷикро аз нуқтаи назари сиёсат «каммаърифат» ва «содалавҳ» мепиндоштанд ва талоши онро доштанд, ки ҳар чӣ зудтар лаҷоми корро ба дасти худ бигиранд, ба муқовимати неруи бузурги миллати соҳибмаърифат дучор гардиданд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон   такрор ба такрор тамоми мардуми тоҷикро ба дарёфти ҳушёрии сиёсӣ даъват намуда, дар амал ба он ноил гардид, ки ҷомеаро аз вартаи парокандагӣ ҳифз намояд. Муаллиф ин муамморо шарҳ дода, ба хулоса меояд, ки маҳз тафаккури баланди ҷомеа имкон фароҳам овард, ки сиёсати ваҳдати миллӣ дар замири мардуми тоҷик комилан маъво гирад. Дар баробари ин, С.Ятимов ҳушдор медиҳад, ки сиёсатмадорони манфиатҷӯ         «…аз миёни анбӯҳи зиёди дидгоҳҳо бозигарони сиёсии худро интихоб намуда, хеле устодонаву моҳирона  аз «маводи инсонии камхарҷи маҳаллӣ», инчунин аз ғояву устураҳои ба ҳамагон маълум истифода менамоянд ва бо ҳамин восита ба сӯи мақсадҳои худ ҳаракат мекунанд».

Чунин ҳушдор бояд ҳар як хонандаро ба андеша водор намояд, зеро ҳар яки мо даҳҳо карат шоҳиди он гардидем, ки ҳамин «маводи камхарҷ», яъне нафароне, ки дониставу надониста, ба ивази чор тангаи ҳаром ба хидмати хоҷагони беруна камар мебанданду бо ҳамин ба зеҳни мардум ғояҳои бегонаву нафратангезро ворид карданӣ мешаванд, чӣ рӯзҳоро ба сари миллати мо оварданд. Дар рисолаи С.Ятимов ин масъала ба таври ҳаққонӣ хулосаи сиёсии хешро пайдо намудааст ва он ба таври зерин ифода меёбад: «Барои ҳар миллат он ҳолатҳое фоҷиабор муқаррар мешаванд, ки агар ниятҳои бозигарони минтақавӣ ё геополитикӣ бо мақсадҳои ғаразноки шахсиятҳо ва гурӯҳҳои дохилидавлатӣ мувофиқ карда шаванд, зеро дар ин сурат охиринҳо ҳамин гуна манфиатҳои нопоки худро ҳамчун ормонҳои миллӣ вонамуд месозанд».

Муаллиф таъкид месозад, ки мисли анъана, дар ин маврид иттиҳодияҳои махсуси сиёсигардонидашуда таъсис дода мешаванд ва фаъолияти онҳо бо маблағгузориҳои беруна тариқи институтҳои легалӣ ва ғайрилегалӣ сурат мегиранд. Ӯ дар ин хусус чунин хулоса пеш меорад: «Ҳамин тариқ, амалҳое тақозо мегарданд, ки ба таври куллӣ ба манфиатҳои амнияти идеологӣ ва фарҳангии давлати миллӣ мухолиф мебошанд».

Ин ҷо беихтиёр байти устод Рӯдакӣ ба хотир меояд, ки чунин фармудааст:

 

Ҳар кӣ н-омӯхт аз

гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

 

Барои ҷомеаи мо имрӯз бояд ҳар як саҳифаи рӯзгори даврони соҳибистиқлолӣ сарчашмаи ибрат бигардад, зеро, чӣ тавре ки С.Ятимов огоҳ менамояд,  таҷрибаи нави  ҷаҳонӣ (ба ном «инқилобҳои ранга») аён месозад, ки яке аз механизмҳои бароҳандозии онҳоро маҳз иштироки як зумра «ватанпарастони дурӯғин», рӯҳониҳои «маъруф», ё худ ба ном муборизони «роҳи озодӣ ва адолат» ташкил менамоянд.

Табиист, ки дар чунин рисолаи муҳим шарҳи масъалаи аз омилҳои диниву мазҳабӣ истифода кардани қудратҳои беруна низ аз мадди назар дур нарафтааст. Муаллиф ин масъаларо хеле мӯшикофона таҳлил намудааст ва қабл аз ҳама аз таҷрибаи кишварҳои бузурги Ғарб, яъне айнан аз рӯзгори ҳамонҳое, ки имрӯз фактори исломро дар мамолики Шарқ ба бозӣ дароварданӣ мешаванд, мисолҳои хеле эътимоднок меорад. Масалан, ӯ менависад:  «Аҷоибиаш дар он аст, ки Ғарб ба дарки зарурати бунёди давлатҳои миллии секулярӣ (дунявӣ) зиёда аз сесад сол (!) қабл расида буд… Ғарб пушаймон нашуд, зеро дар ин сурат захираҳои давлатӣ бештар ба самти рушди иқтисодӣ-иҷтимоии худи миллат равона мегардад, на ин ки ба муҳофизат аз терроризм, экстремизм ва идеологияи онҳо».

Бояд гуфт, ки сесад сол инҷониб айнан ҳамин доираҳо «талош меварзанд, ки теъдоди ҳар чӣ ками кишварҳо аз шаклҳои давлатдории клерикалӣ (динӣ) дур шаванд, бахусус дар нимкурраи шарқӣ – мусулмоннишин».  Дарвоқеъ, агар хонанда бори дигар ба харитаи Шарқи Наздик ва Миёна таваҷҷуҳ намояд, баръало мебинад, ки қариб дар аксари мамолики ин минтақаи олам режимҳои пуриқтидори клерикалӣ амал мекунанд ва ҳайратовар аст, ки онҳо пайваста дар зери «ғамхории» абарқудратони Ғарб қарор доранд. Маҳз дар доираи фаъолияти ҳамин режимҳо ҳар замон ҷараёну равияҳои нав ба нав «эҷод» карда мешаванд, ки муридонашон фавран ба кишварҳои Осиёи Миёна сафарбар мегарданд.

Мисоле, ки муаллиф доир ба ин ҳаракатҳо меорад, хеле боэътимод аст. Ӯ менависад, ки соҳибони ин ҷараёнҳои нави мазҳабӣ дар кишварҳои мусулмоннишини Осиёи Миёна «на олимону академикҳо, шоирону нависандагони маъруф, ё худ аҳли заҳмат,  ки аз меҳнаташон миллат маърифату рӯзӣ мегирад, балки ҳатман ва асосан намояндагони иттиҳодиҳои диниро таҳти таваҷҷуҳ ва парастории махсуси бозигарони геополитикӣ қарор додаанд».

Хонанда, албатта, ба зудӣ ба худ саволе медиҳад, ки охир дар даҳ ё понздаҳ соли охир дар кадом мамлакати              «ғамхори» мо гардидаи Ғарб шаби эҷодии шоиру нависандаи тоҷик баргузор гардида буд, ё худ чанд асари бадеии мо, филмҳои тоҷикӣ барои хонандаи ин кишварҳо тарҷума ва пешниҳод гардида бошанд?

Бале, доираҳои манфиатҷӯйи Ғарб на танҳо ба пешқадамони маърифати замони мо таваҷҷуҳ зоҳир наменамоянд, балки оид ба зиндагии имрӯзаи ҷомеаи мо филму қиссаҳои дурӯғин меофаранду ба фазои фарҳангии мо мепартоянд. Дар баробари ин, чанде аз  ҳангомаҷӯён, ки садову симояшон дар ватанашон чандон обрӯву эътибор надорад, бо андаке оҳанги хиррӣ дар минбарҳои бузурги илмӣ ва сиёсии Ғарб васвасахонӣ мекунанд.

Мусаллам аст, ки барои ба мақсади худ расидан, яъне барои ҳар чӣ бештар намудани таъсири дин ба сиёсати давлатдорӣ доираҳои Ғарб харҷи ҳама гуна маблағро дареғ намедоранд. Имрӯз бояд ҳар як фарди ҷомеаи мо амиқ дарк карда тавонад, ки меъёрҳои демократӣ, озодии сухан ва матбуот дар кишвари мо зиёдтар аз баъзе мамолики тараққикардаи Ғарб риоя карда мешаванд. Инро ҳатто коршиносони расмии хориҷа эътироф намудаанд.

Ба сохту услуби риояи арзишҳои дини мубини ислом, ки Тоҷикистон ба он ноил гардидааст, баъзан ҳаваси меҳмонони ҳатто кишварҳои исломӣ меояд. Ин дар ҳолест, ки мо давлати дунявӣ ҳастем ва мутлақо ба он роҳ нахоҳем дод, ки бо истифода аз арзишҳои дурӯғин ва нав эҷодгардида аҳли мусулмонони кишвари моро саргарми сиёсатбозиҳо созанд.

Масъалаи дигаре, ки бевосита ба падидаҳои имрӯзаи фазои фарҳангии кишвари мо тааллуқ дорад, ин муносибати ҷомеа бо хурофотпарастӣ ба шумор меравад. С.Ятимов ин масъаларо дар боби «Дар бораи муносибати идеология ба устура (мифология)» хеле муфассал таҳлил намудааст. Ӯ сараввал зикр менамояд, ки «ҳама гуна ғоя, ҳатто пешқадамтарин дидгоҳ, дар сурати риоя нашудани ҳадди муқарраргардида метавонад ба сафсата табдил гардад».

Ба ақидаи муаллиф, ғояҳо ҳеҷ вақт дар ҷойи холӣ пайдо намешаванд ва ҳамеша «дар паси онҳо қувваҳои воқеӣ меистанд». Ана ҳамин қувваҳо бо часпу талоши азим кӯшиш мекунанд, ки ақидаҳои хешро ба мафкураи мардум ҷой кунанд ва оммаро ба гӯё ҳаққонияти ин идеология бовар кунонанд. Дар ҳамин маврид муъҷизаҳо, қиссаҳои ғайризаминӣ, соҳибони «каромат» пайдо мешаванд, гарчанде  дар ин сурат созандагони ин идеологияҳо аз истифодаи истилоҳи устура дурӣ меҷӯянд, яъне бисёр мехоҳанд, ки афсонаи онҳо ҳақиқатро монад. Муаллиф доир ба ин муаммо хулосаи дурустро пешниҳод менамояд: «Ҷараёнҳои сиёсӣ идеологияи худро аз шаклҳои хурофотӣ, яъне транссендентии шуури ҷамъиятӣ иқтибос мекунанд».

Дар натиҷаи ҳамин хулоса С.Ятимов навиштааст, ки чунин мафҳумҳо ва ғояҳои догматикӣ, ки ба сифати асосҳои консептуалии ҳизбҳои сиёсӣ хидмат мекунанд,  дар шароити имрӯза барои ҷамъият нафъе надоранд. Онҳо ба доираҳое, ки мехоҳанд фишангҳои ҳокимияти давлатиро ба даст гиранд, манфиатбахш ҳастанд, аммо мусаллам аст, ки ин кӯшиш бисёр хатарнок аст – оғозаш фоҷиавӣ ва анҷомаш бадбахтона.

Доир ба пайдо шудани баъзан гумроҳиҳо миёни аҳли ҷомеа муаллифи рисола мисолҳои зиёдеро аз осори классикони илми фалсафа ва ҷомеашиносӣ (аз ҷумла аз Ф.Бэкон ва Г.Лейбнитс) иқтибос оварда, бори дигар таъкид менамояд, ки аслан гумроҳӣ дар натиҷаи камбудиҳои маънавии одамон пайдо мешавад. Яъне, шахси бемаърифат, нодон хеле зуд ба гумроҳӣ гирифтор мегардад ва шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки имрӯз даҳҳо институтҳои сармоягузори хориҷӣ ба соҳаи маорифи Тоҷикистон часпидаанд ва бо ҳама гуна восита мехоҳанд услубу барномарезиҳои навро ба он ворид намоянд.

Падидаҳои гумроҳӣ махсусан дар тафаккури динии омма дучор мегарданд ва дар аксари ҳолат онҳо ба ақидаҳои кайҳо куҳнагардидаву догматикӣ такя мекунанд. Муаллифи рисола огоҳ намудааст, ки «мавқеъ ва кӯшишҳои ходимони мутаассиби динӣ ҷиҳати монополиякунонӣ ва тафсири «ҳақиқат», ки ҷаҳонро аз нигоҳи ривоятҳои динӣ тавзеҳ медиҳанд, феълан моро ба ваҷд оварда наметавонад». Ӯ хеле мақсаднок зикр намудааст, ки албатта ва бечунучаро шукуфоии маънавии миллатҳо комилан аз он вобаста аст, ки то кадом андоза ин ё он миллат ба тафсирҳои маҳз илмии воқеияти ҳаёт ва амалиёти зиндагӣ такя мекунад.

Дар ҳамин ҳолат худ аз худ масъалаи нақши зиёиён ҳамчун чароғи равшангари миллат пеши назар меояд, зеро маҳз аҳли зиё қудрати ба тафаккури ҷомеа ворид намудани ақидаҳои солим ва пешбарандаро соҳиб мебошанд. С.Ятимов вобаста ба ин масъала зикр намудааст: «Воқеаҳои фоҷиабори солҳои 90-ум обрӯ ва эътибори миллати тоҷикро ба таври ҷиддӣ халалдор намуданд ва мутаассибони динӣ чанд лаҳзае тавонистанд тариқи даъватҳои бардурӯғ миллати тоҷикро аз ҳолати муътадил берун созанд, оташи муқовимати шаҳрвандиро аланга диҳанд».

Муаллиф таъкид менамояд, ки дар сурати миёни аҳли ҷомеа пайдо гардидани ҳама гуна падидаҳои харобангези маънавӣ, маҳз зиёиён метавонанд бо сухани солим ва ақидаҳои салоҳиятнок вазъиятро ислоҳ намоянду бо ҳамин мардумро ба сулҳу салоҳ биёранд. Мутаассифона, ба ақидаи муаллиф баъзан ҳолатҳое вомехӯранд, ки зиёиён дар он мавқеи хомӯшиву бетарафиро ишғол менамоянд. Ин ҳолат боис шуда метавонад, ки тақдири миллат ба дасти ҷоҳилони «зиёимаоб» гузарад.С. Ятимов доир ба ин падидаи ногувор аз гуфтаи У.Черчил чунин мисол овардааст: «Ҳамин ки уқобон сукут мекунанд, фавран садои тӯтиён баланд мегардад». Ба назари мо, аҳли ҷомеаи мо кунун дар мавриди дуруст ва дақиқан шинохта тавонистани як идда тӯтиёну маддоҳони ниқобпӯш диди ҳушёрона доранд, зеро, чуноне ки дар урфият мегӯянд: «кӯр асояшро як бор гум мекунад».

Дар рисола доир ба ин мавзӯъ номи чандин бузургони миллат – Рӯдакиву Сино, Аҳмади Дониш ва устод Айнӣ ба сифати тимсоли бузурги таърихии хидмати содиқона ба Миллату Ватан оварда шудааст. Муаллиф таъкид намудааст, ки ин нобиғаҳо дар шароити вазнинтарини замони ҷаҳолат аз таъқиби мутаассибон наҳаросида, бузургтарин асарҳои илмиву бадеӣ офариданд ва  халқро ба сӯи озодӣ ва тараққиёти ҷамъиятӣ ҳидоят намуданд. Масалан, маҳз устод Айнӣ аз саҳифаҳои таърих образи яке аз шуҷоътарин писарони халқамон – Темурмаликро «кофтанду ёфтанд» (ибораи устод Лоиқ) ва ба зеҳни хонандаи ҷавони тоҷик намунаи бузург ва ибратбахши  қаҳрамониро ворид сохтанд.

Дар маҷмӯъ, бояд зикр намуд, ки таи садсолаҳо маҳз ҳамин гуна фарзандони бузурги миллат тавонистанд рӯҳияи солим ва арзишҳои маънавии моро ҳифз кунанд ва афзун созанд. С.Ятимов менависад, ки «имрӯз – давоми дирӯз аст», яъне, мо бояд қудрати онро дошта бошем, ки даҳҳо карат зиёдтар аз дирӯза барои ободонии ҷаҳони маънавӣ ва устувории рӯҳи миллат ҷаҳду талош намоем. Дар ҷаҳони муосир фактори омилҳои инсонӣ дар муборизаҳои фарҳангӣ нақши асосиро иҷро менамояд. Аз ин сабаб Сарвари давлат бо таваҷҷуҳ ва дастгирии хоса соҳаи маориф ва фарҳангро мавриди ғамхорӣ қарор додаанд. Дар мамлакати мо тамоми заминаҳо барои иштироки фаъолонаи зиёин дар рушди маърифати миллат фароҳам оварда шудааст ва минбаъд бояд зиёиёни тоҷик мавқеи худро муайян сохта, наслҳои ояндаи дӯстдорони асили Ватанро ба воя расонанд. Яқин аст, ки амнияти миллӣ минбаъд низ бидуни таъмини бехатарии арзишҳои бузурги маънавӣ, ки аҷдодон ва ҳамасрони мо офариданд, вуҷуд дошта наметавонад.

Аз ин рӯ, аҳамияти идеология дар роҳи  ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, рушди бемайлони демократия дар асоси таҷрибаи мамолики мутараққӣ басо арзанда ба ҳисоб меравад. Имрӯз аён аст, ки ҷараёни ҷаҳонишавӣ ба идеологияи мо низ таъсироти мусбиву манфӣ мерасонад. Мусаллам аст, ки ваҳдат ва пирӯзии сулҳи тоҷикон, яъне дастоварди бузурги фарҳангии миллати мо, имрӯз, мутаассифона, на ба ҳама хуш меояд. Муаллифи рисолаи мазкур, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ С.Ятимов дар хулосаи асари хеле пурмазмуни хеш бори дигар чунин таъкид менамояд, : «Мо бояд ҳама қудрату ғайратро ба он равона созем, ки ҳеҷ қуввае натавонад мардумро аз нав ба шакли тафаккури вайрон ва ғайриилмӣ баргардонад ва минбаъд бадхоҳони миллат натавонанд моро ба содагиву ноогоҳӣ муттаҳам созанд».

Имрӯзу фардо бояд дар паси ҳар гуна шиору ваъдаҳо, даъвату пешниҳодҳо, қабл аз ҳама мутобиқати онҳоро бо манфиатҳои асосии миллӣ муайян намуд. Ҳамин омили бузург метавонад рушди бемайлони кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро такягоҳи бузурги маънавӣ гардад.

Аслиддин Низомӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ