Таҳрифи воқеият ва моҳияти Ҷанги Бузурги Ватанӣ «офтобро бо доман пӯшидан» аст

№54 (3355) 15.04.2015

Ба наздикӣ ҳамрадиф бо аҳли сайёра мардуми сарбаланду сулҳпарвари Тоҷикистон 70 –умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро дар фазои ваҳдату осоиш ва рӯҳияи ифтихор таҷлил менамоянд. Бидуни шубҳа метавон гуфт, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз фоҷиаҳои мудҳиштарини таърихи инсоният маҳсуб ёфта,  қисмати аъзами кишварҳои оламро мувоҷеҳи мушкилиҳои гуногун намуда, ба иқтисодиёташон зарари калони молиявӣ расонид. Вақтҳои охир баъзе кишварҳо бо пешниҳод ва амалҳои худ, ки аз «манфиат»- ҳои  мамлакатҳои алоҳида «маншаъ» гирифтааст, мехоҳанд воқеият ва моҳияти ин фоҷиаи мудҳиш, ки қурбон шудани зиёда аз 50 миллион нафарро ба дунбол дошт, таҳриф намоянд.

Таассуфовар аст, ки масъулини баландпояи  кишварҳое, ки он солҳо аз ҷониби фашистон забт шудаву онҳоро ҷанговарони шӯравӣ аз зулми фашистони истилогар озод намуда буданд, зимни сафарҳояшон ба Ҷумҳурии Федеративии Германия собиқ Иттиҳоди Шӯравиро агрессор меноманду фашистонро неруҳои озодгар. Нек пай мебарам ва хуб дарк менамоям, ки айни замон бархӯрди манфиатҳо дар арсаи байналмилалӣ миёни кишварҳои абарқудрат ба авҷи аълои худ расидаву дар ин «набард» аз тамоми воситаҳои «дастрас» истифода намудан ба манфиати кор арзёбӣ мешавад. Дар ин росто, суоле пайдо мешавад, ки оё метавон дар заминаи аҳдофи муғризона «офтобро бо доман пӯшонид» ва «сафедро сиёҳ» гуфт? Албатта, не! Банда ба он назарам, ки тасмими кишварҳо ва афроди алоҳидае, ки мехоҳанд воқеияти ин фоҷиаро таҳриф намоянд, «душманӣ бо офтоб»-ро шабеҳ аст. Яъне, ин ҷашн самараи ҷоннисориҳои мардони ғаюр  ва бонангу номус дар ҷодаи озодӣ ва ҳимояи Ватан аст.

Хушбахтона, ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҷашн назари хос ва нек дошта, онро ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоянд. Аз далелу арқоми мавҷуда бармеояд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 300000 нафар ҷавонмардони шуҷоъ иштирок намуда, зиёда аз 100000 нафарашон қурбон шудаанд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки аз шумори тоҷикон нафароне, ки дар муҳорибаҳо таври бесобиқа қаҳрамонӣ карданд, хеле зиёд буда, чунин абармардон бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ шуданд. Аз шумори фиристодаҳои Тоҷикистон сазовори номи баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шудани 63 нафар далели возеҳи гуфтаи болост. Корнамоиҳои  фарзандони боҷасорати тоҷик Саидқул Турдиев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев ва ҳазорон нафари дигар  муҳтавои асосии ҳазорҳо китобу достон, филмҳо ва мавзӯи тадқиқоти илмии таърихшиносон буду ҳаст.

Бозгӯйии воқеият ва моҳияти ин фоҷиаи мудҳиш вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо муҳиму саривақтӣ  ва заруру ногузир буда, дар пешгирии воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни насли наврас, тавсеаи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши бориз дорад. Корро дар ин ҷода бояд тарзе ба роҳ монд, ки насли наврас дарк намояд, ки саҳми ҷавонмардони баору номус, яъне иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ҷони худро ба каф гирифта, Ватанро аз фашистони разил таври шоиста ҳимоя намуданд, дар густариши ҳисси ватандӯстиву худогоҳӣ, ҳавасманд намудани ҷавонон ба ҳифзи марзу буми Ватан ҳамчун рукни асосӣ хеле муҳиму арзишманд аст. Дар ин росто, ҷавонон низ бояд муътақид бошанд, ки ғалабаи беназири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар ивази корнамоиҳои бемислу монанд, ҷасорату далерӣ ва шуҷоату мардонагӣ ба даст омада, самараи дӯстии халқҳо ва муборизаи оштинопазир бар зидди вабои аср – фашизм мебошад.

Тибқи маълумотҳо айни замон дар мамлакат шумораи собиқадорону маъюбони  ҷанги фавқуззикр зиёда аз 1300 нафарро ташкил дода, мутаассифона, рӯз то рӯз сафашон кам шуда истодааст. Боиси қаноатмандист, ки бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нафарон мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сохторҳои марбута қарор доранд. Дар ҳамин радиф, кумаку ғамхорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сиёсати иҷтимоии давлат самти афзалиятнок маҳсуб ёфта, ин раванд мунтазам густариш ёфта истодааст. Омили мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми кишвар ба ҳеҷ  ваҷҳ ҷонбозиҳои ин далерони майдони набардро фаромӯш накардаанд ва Ҳукумати мамлакат  таҳти ғамхории доимӣ қарор додани онҳоро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад. Дар маҷмӯъ, мо вазифадорем, ки эҳтироми ин нафаронро ҷой оварем ва хотираашонро пос дорем. Бо ин амали худ замина фароҳам меорем, ки  моҳият ва муҳимияти ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои насли ҷавон сабақи зиндагӣ гардад.

Далер Мерганов, «Садои мардум»