Қонун ва иҷрои он

Танзими ҷашну маросимҳо ба манфиати мардум аст

№8 (3154) 21.01.2014

DSC_0795Соли ҳафтум аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор дорад. Он дар қонунгузории кишвар таҷрибаи нав буда, дар доираи манфиатҳои мардум таҳия ва қабул гардидааст.

Дар хусуси риоя ва татбиқи талаботи қонуни мазкур бо муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзоев суҳбате доир намудем.

 -Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  масъули назорати риояи қонуни мазкур мебошад. Татбиқи он чӣ гуна сурат мегирад?

-Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз омилҳои муҳими  зарурати иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо зуҳур меёбанд.  Анъана ва расму оин аз ниёгонамон то ба имрӯз расидаанд. Риоя ва эҳтироми онҳо қарзи  наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб меравад. Аммо он бояд мутобиқи талаби замон инкишоф ёбад. Тавре шоҳидем, тайи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гаштани ҷашну маъракаҳо бори гарон ба сари мардуми мо буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат 24 майи соли 2007 оид ба танзими расму оин ва анъанаву маросимҳои миллӣ гуфта буданд: «Қисме аз мардуми мо ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад».

Қабули қонуни мазкур, ки дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия шуда буд, барои ба танзим овардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст. Татбиқи он ва риояи талаботи қонун дар маҳалҳо ба ҳар яки мо вобаста мебошад. Тавре дар моддаи 1-уми қонуни  номбурда омадааст: «Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои  гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст».

Талабот ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро мардум ба хубӣ дарк намуда, онро риоя  менамоянд.

Соли  гузашта Кумитаи мо дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо корҳои  мушаххасро ба анҷом расонид. Дар радифи таъмини иҷрои талаботи қисми 1 моддаи 5-уми қонуни мазкур дар  ҷумҳурӣ 499 комиссияи доимӣ самарабахш фаъолият доштанд. Тибқи талаботи қисми 3 моддаи 4- уми ин қонун дар вазорату идора, ташкилоту муассиса ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, дар ҷумҳурӣ 8185 комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ташкил дода шудааст.

Амалишавии қонун ба дарёфти сарчашмаҳои нави андозситонӣ ва барои бастани шартномаҳои гражданӣ мусоидат намуд. Аз ҷониби мақомоти  ҳудудии андоз аз нуқтаҳое, ки ба хизматрасонии тӯю маросимҳо машғуланд, соли 2013 ба маблағи 2802,9 ҳазор сомонӣ андоз ҷамъоварӣ карда шуд, ки назар ба соли 2012-ум 1163,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба вазъи молиявии шаҳрвандон таъсири мусбат расонида, ба нигоҳ доштани захираҳои пулии  онҳо дар бонкҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Мувофиқи маълумоти Бонки миллии  Тоҷикистон, соли сипаришуда пасандози шахсони воқеӣ дар бонкҳо 3529,6 млн. сомониро (630,0 млн. сомонӣ бо пули миллӣ ва 2899,7 млн. сомонӣ бо асъори хориҷӣ) ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 708,1 млн. сомонӣ ё худ 25,1 фоиз афзудааст.

Вобаста ба қабули қонуни мазкур, пеши роҳи сарфи зиёди маблағ дар баргузории маъракаҳо гирифта шуда, дастгирии молиявӣ ва моддии шахсони камбизоату ниёзманд бештар гардид.

ҷрои ин амалро тавзеҳ медодед?

-Ба муносибати панҷумин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин хотирнишон кардаанд: «Мо аз  оғоз эҳсос мекардем, ки ба воситаи қонун танзим намудани чунин як нуқтаи ҳассос ва нозуки ҳаёти иҷтимоӣ- анъана ва ҷашну маросимҳои дар тӯли солҳо шаклгирифта заҳмати зиёди шабонарӯзиро тақозо дорад». Албатта, раванди дар амал ҷорӣ гаштани он ибтидо  мушкилиҳо пеш овард, вале мақсади қонун танҳо аз ҳимояи манфиатҳои мардум иборат буд.

Бо андешидани тадбирҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи мардум имкон фароҳам омад, ки  татбиқи он амалӣ шавад.

Дар ин раванд метавон натиҷаи соли гузаштаро мавриди таҳлил қарор диҳем. Мутобиқи маълумоти пешниҳодкардаи комиссияҳои доимии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, дар ҷумҳурӣ 158451 маърака барпо гардид. Хароҷоти маъракаҳо дар ин давра 529 миллиону 663 ҳазору 597 сомониро ташкил дода, харҷи як маърака ба ҳисоби миёна дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба 3342 сомонӣ баробар шуд. Агар нишондиҳандаҳоро то давраи қабули қонун муқоиса намоем, мувофиқи ҳисоботи оморӣ он вақт барои гузаронидани як маърака ба ҳисоби миёна 8750 сомонӣ лозим буд, ки барои баргузории ин қадар маърака 1 миллиарду 386 миллиону 446 ҳазору 250 сомонӣ маблағ зарур мешуд. Танҳо дар баргузории маъракаҳои хатна, тӯйи домодию арӯсӣ беш аз 856 млн. 782 ҳазор сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардид.

Соли гузашта дар ҷумҳурӣ аз тарафи шаҳрвандон 24475 хатнасур, 99533 тӯйи домодию арӯсӣ гузаронида шуд.

Вобаста ба дастури Сарвари давлат дар бораи ҷашнгирии иди  миллиамон -Наврӯз, дастгирии ятимон, шахсони ниёзманду оилаҳои серфарзанд тадбирҳои амалӣ андешида шуд.

Комиссияҳои доимии шаҳрҳои Хуҷанд, Ваҳдат, ноҳияҳои Муъминобод, Истаравшан, Файзобод, Бохтар, Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе ва ғайра  фаъолияти назаррас доштанд.

Амали қонун ба афзоши баргузории маърака, аз ҷумла тӯйҳои хайриявӣ мусоидат  намуда, ба ин васила маъракаҳои дастаҷамъонаи аҷдодӣ барои камбизоатон эҳё гардид.

Чунончӣ, ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани иди Наврӯз аз тарафи Кумита хатнасури 50 нафар тифл ва тӯйи домодию арӯсии ду ҷуфт навхонадорон баргузор шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи шахсони саховатманд, вазорату идораҳо ва ташкилоту  муассисаҳо дар арафаи ҷашни миллии Наврӯз, рӯзи Ваҳдати миллӣ, рӯзи Истиқлолияти давлатӣ хатнасури 14087 нафар тифлон ва тӯйи домодию арӯсии 817 ҷуфт навхонадорон аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд ба тариқи дастаҷамъона сурат гирифт. Дар рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он тӯйҳои дастаҷамъонаи хайриявии 64 ҷуфт навхонадорон барпо гардид. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, дар арафаи ҷашни Наврӯз хатнасури 913 нафар тифл ва тӯйи домодию арӯсии 16 ҷуфт аз оилаҳои камбизоат доир гардид.

-Ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва чораандешӣ нисбати онҳо чӣ гуна сурат мегирад?

-Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 аз ҷониби комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 394 адад парванда оид ба вайрон намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиб дода, ҷиҳати чораандешӣ ба судҳо ворид шудааст. Аз ин шумора 374 адад баррасӣ гардида, 20 адади он дар истеҳсолот қатъ карда шудааст. Маблағи умумии ҷаримаҳо 1152 500 сомониро ташкил медиҳад. Ошкор намудани қонуншиканиҳо дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин аст: вилояти Хатлон -142, вилояти Суғд -97, шаҳри Душанбе -72 шаҳру ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ -78 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон -5 адад. Аз ин миқдор зимни  гузаронидани рейдҳо 67 ҳолати қонуншиканӣ аз ҷониби Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумита ошкор гардида, маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Кумита якҷо бо комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти назорат бурдани риояи қонуни мазкур бо мақсади пешгирии эҳтимолияти ҳуқуқвайронкунӣ дар беш аз 650 маърака рейдҳо ташкил намуд. Доир ба 60 ҳолати қонуншиканӣ маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва он барои чораандешӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардид.

-Бештар кадом талаботи моддаҳои қонуни мазкур риоя намешаванд?

-Соли гузашта танҳо аз ҷониби Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумита 73 ҳолати қонуншиканӣ ошкор  шуд. Қисми ин санҷишҳо якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуда, нисбати  қонуншиканиҳо мавод тартиб дода, ба судҳо ирсол гардид.

Аз ин шумораи қонуншиканиҳои ошкоргардида бештари онҳо соҳибкорон буданд. Инчунин кормандони хизмати давлатӣ, шахсони мансабдор, омӯзгорон, масъули тарабхонаҳо, ҳатто шахсони муваққатан бекор низ аз ҳамин ҷумла буданд.

Баргузории маъракаи чойгаштак, ки он мутобиқи моддаи 10- уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» манъ шудааст, бештар ба мушоҳида мерасад. Баъзе шахсон бо роҳи пешниҳод кардани маълумоти  бардурӯғ онро  мегузаронанд. Масалан, аз комиссияҳои доимӣ иҷозати баргузории хатнасурро гирифта, ин маъракаро барпо  мекунанд.

Дар моддаи 8- уми қонуни мазкур омадааст, ки ҷашни зодрӯз таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронда мешавад. Аммо баъзан бо иштироки теъдоди зиёди одамон, ки ба аҳли оила дохил нестанд, зодрӯзро ҷашн  мегиранд ва он хилофи талаботи қонун мебошад.

Дар бисёр ҳолатҳо талаботи моддаи 10-уми қонун, ки тӯйи домодию арӯсиро дар як рӯз ба таври  ихтиёрӣ бо  оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб муайян шудааст, риоя намешавад. Гузашта аз ин маъракаҳои зиёдатӣ доир  мекунанд, ки боиси сарфи беҳудаи маблағ мегардад.

Дигар ҳолатҳое, ки бештар ба мушоҳида мерасанд, ба маърака даъват намудани  сарояндагон бе бастани шартнома мебошад. Ҳофизон ҳамчун соҳибкор бояд аз даромади худ андоз  супоранд, аммо бо ҳар восита аз пардохти андоз саркашӣ менамоянд. Соли гузашта ҳангоми гузаронидани рейду санҷишҳо маблағи андозе, ки аз ҷониби сарояндагон ситонида шуд, бештар аз як миллион сомониро ташкил дод.

Дигар камбудиҳо дар фаъолияти худи комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ ҷой доранд. Баъзе аъзои комиссия дар чунин маъракаю маросимҳо иштирок намуда, барои пешгирии қонуншиканиҳо чора намеандешанд. Онҳо бар ивази пешгирии камбудию норасоиҳо муросо мекунанд.

Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки барои ҷоннок  гардонидани комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ  тадбирҳои зарурӣ андешем.

-Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қариб ҳафт сол сипарӣ мешавад. Ҷиҳати такмили он шояд барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба як қатор моддаҳои қонуни мазкур зарурат пеш омада бошад?

-Вобаста ба ин саволи пешгузоштаатон аз ҷониби Кумита байни аҳолӣ назарсанҷӣ гузаронда шуд. Воқеан ҳам таклифу пешниҳодҳо зиёданд. Бештари шаҳрвандон тақозои онро доранд, ки баргузории маърака, маросимҳо ба фаслҳои сол мувофиқ гардонида шаванд. Масалан, дар фасли тобистон баргузории маъракаҳо на аз соати 8, балки аз соати 6-и субҳ оғоз ёбанд.

Дигар мушкилотро мо дар баргузории тӯйи домодию арӯсӣ бештар мушоҳида менамоем. Мутобиқи талаботи моддаи 10- уми қонун, истифодаи на бештар аз 4 автомашинаи сабукрав иҷозат мебошад. Дар амал мо мебинем, ки ҳангоми гусели арӯсу домод теъдоди мошинҳо хеле зиёд мешавад. Чунин ҳолатро бояд мавриди омӯзиш қарор дод.

Дигар таклифу пешниҳодҳо низ ҳастанд, ки қабул ва истифодаи онҳо манфиати бештар дорад.

Дар сурати ворид  гардидани тағйиру иловаҳо онҳо ба амалишавии қонун мусоидат карда, дар баргузории маърака ва маросимҳо ба мардум сабукӣ меорад.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир А. ИСОЕВ