Терроризму ифротгароӣ хатари азим барои ҷомеа аст

№73 (3374) 28.05.2015

«Хатарҳои терроризм ва экстремизми байналмилалӣ ба амнияти кишвар ва чораҳои пешгирӣ намудани он»- чунин буд мавзӯи конфронси илмӣ-амалие, ки бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ, дин ва дигар қишрҳои ҷомеа дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Прокурори вилоят, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Мироҷиддин Наботов кори конфронсро оғоз бахшида, суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро аз Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии кишвар  ёдовар гашт: «Терроризм ва ифротгароӣ бо ҳамаи оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаҳои ҷиддитарини инсоният дар асри XXI  табдил ёфтааст. Бинобар ин, зарур аст, ки фаъолияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот, ҳаёти осоишта ва амнияти кишварамон равона созем».

Муовини Раиси Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед зимни суханрониаш  иброз дошт, ки имрӯз пешорӯи инсоният дар баробари дигар мушкилоти мавҷудаи умумибашарӣ, масъалаҳои глобалӣ – терроризму экстремизми байналмилалӣ, ки ба амнияту рушди кишварҳои дунё, сарфи назар аз хурду бузург ва пешрафтаву қафомонда буданашон, таҳдиди воқеӣ дорад, қарор гирифтааст. Терроризму ифротгароии диниву сиёсӣ аз доираи зуҳуроти хавфноки давлатию миллӣ баромада, ба хатари вазнини байналмилалӣ табдил ёфтааст. Гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароёна ва террористӣ солҳои охир вусъат гирифта, ба як равияи хатарафзои сайёра тавассути роҳандозии амалиётҳои ҳаросафкан, исёнҳои мусаллаҳона, бо роҳи зӯрӣ ғасб намудани ҳокимият, барҳам додани сохти конститутсионӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии давлатҳо табдил ёфта истодааст.

Раиси вилоят аз он изҳорӣ нигаронӣ намуд, ки ин падидаҳои номатлуби  хатарафзо ба Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст ва дар минтақаи осебпазир қарор дорад, низ таҳдид мекунад. Имрӯз аз рӯи маълумоти мақомоти қудратӣ тақрибан 350 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда, дар давлатҳои Сурияю Ироқ ҷангида истодаанд, ки 60 нафари онҳо аллакай ҷони хешро аз даст додаанд. Мутаассифона, 60 нафар зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ба ин гурӯҳҳо  шомиланд ва шаш нафарашон ҳалок шудаанд.

- Мо имрӯз ба ин хотир ҷамъ омадем, ки, — афзуд Шодихон Ҷамшед, — масъалаи амнияти минтақа, сарҳад ва шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, иштироки онҳо дар ҷангҳои дигар кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ҳамдастӣ барои пешгирии ин омилҳои номатлуб чораҳои зарурӣ андешем.

Нусратулло Мирзоев – сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят оид ба сабабу омилҳои гаравидани ҷавонон ва наврасон ба созмонҳои экстремистию террористӣ, таъсири чунин падидаҳои номатлуб ба раванди сулҳу субот ва вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Искандарзода Абдулваҳҳоб Мансур – сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилоят оид ба ошкоркунии ҷиноятҳои экстремистию террористӣ бо далелҳои боэътимод ҳарф заданд. Сипас, иштирокдорон филми мустанади телевизионии «Тақдири гумроҳон»-ро, ки дар ҳамкории Раёсати Кумитаи давлатии амнияти  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо телевизиони Бадахшон бо истифода аз наворҳои риққатангез оид ба кирдорҳои разилонаи террористону ифротгароён омода шудааст, тамошо карданд.

Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»