«Тиҷорат»-и бебарори ронандаҳои МБГ

№85 (3879) 10.07.2018

20180508_120444Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дорад ва дар асоси қарордоди №108/ 15-38 онро бо ангиштсанг таъмин мекунад. Бино ба иттилои масъулони КВД «ШАТ», 8-уми майи соли равон дар асоси борхат ду ронандаи автомашинаҳои «Дулан» (мутааллиқ ба МБГ), яке 23,4 тонна, дигараш 19,7 тонна, ҷамъ 43,1 тонна аз КВД «ШАТ» ангишт бор карда, ба ҷойи ба МБГ расондан, ба ҶДММ «Қурбон 1», воқеъ дар маҳаллаи 5-уми шаҳри Турсунзода бурданд. Кормандони КВД «ШАТ» ин ҳолатро пай бурда, то ба охир мошинҳоро таъқиб карданд. Баробари фаровардани ангишт дар ширкати «Қурбон 1» барои муайян кардани сабаби ба ин корхона овардани ангишт ва чораҳои қонунӣ андешидан нисбат ба ронандаҳои «Дулан» кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода даъват карда шуданд. Маълум гардид, ки ронандаҳо Сунатулло Мирзоев ва Маҳмадшоҳ Нуриддинов кормандони МБГ мебошанд.

Нуралӣ Болтаев, корманди ширкати «Қурбон 1», дар ин бора гуфт, ки: «Ба раиси мо – Фарҳод Музаффаров телефонӣ тамос гирифта, гуфтанд, ки бо нархи нисбатан арзон ангишт мефурӯшанд. Азбаски фаъолияти корхонаи мо аз истеҳсоли пенополистиролӣ иборат асту дар тайёр кардани ин намуди маҳсулот ангишт ҳамчун сӯзишворӣ истифода мешавад, ба он эҳтиёҷ дорем. Ф. Музаффаров пешниҳоди онҳоро қабул намуд. Онҳо 8-уми майи соли ҷорӣ, рӯзона, тахминан соатҳои 10, ду мошин ангиштро ба корхона оварданд. Ҳангоми холӣ намудани ангишт, кормандони бехатарии КВД «ШАТ» ва ШВКД вориди корхона шуда, ронандаҳоро боздошта, аксу наворбардорӣ намуда, ангиштҳоро бор карда бурданд».

Ҷаноби Музаффаровро дар коргоҳаш наёфтем, Болтаев бошад, мегӯяд, ки намедонад бо роҳбараш кӣ маслиҳат намудааст.

Бо мақсади шунидани андешаҳои мутасаддиёни Маркази барқу гармидиҳӣ ба ин муассиса сар задем. Мутаассифона, на роҳбараш буду на муовинон. Сардори хадамоти бехатарии марказ, ки худро Умар муаррифӣ кард, дар суҳбати сарироҳӣ гуфт, ки ӯ аз рух додани ин воқеа воқиф нест ва аз сабаби зиёд будани теъдоди ронандаҳои боркаш ҳамаи онҳоро бо ному насаб намешиносад.

Аҷабо,чаро ронандаҳо рӯирост ва бидуни тарсу ҳарос ангиштро азми фурӯхтан карда бошанд? Ё шояд нафаре дар МБГ ба ҷойи ангишт аз онҳо маблағ интизор буд?

Ёқуби Содиқ, «Садои мардум»